Дар як сатр
Рӯҳониёни Сарбанд: Мардум, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед
13:1113 сентябр

Рӯҳониёни Сарбанд: Мардум, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед

Ба Абдуҳалим чӣ намерасид, ки нисбати Ватан ва миллат чунин рафтор намуда, зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти террористӣ бурда истодааст. Натиҷаи ин амалҳои хоинонаи Абдуҳалим буд, ки чандин нафар шаҳрвандони ҷумҳуриямон ҷон аз даст доданд, чандин тан маҷрӯҳ шуданд

Барои ризои нафси худ исломро доғдор кардан аз ойини мусалмонӣ нест
13:5612 сентябр

Барои ризои нафси худ исломро доғдор кардан аз ойини мусалмонӣ нест

Ҳамаи зарару зиёни Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, инчунин вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ, алалхусус «Давлати исломӣ» ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба инобат гирифта, мо - як гурӯҳ сокинони маҳаллаи Гулистони ҷамоати шаҳраки Шаҳритузи ноҳияи Шаҳритуз дар муроҷиатномаи мазкур норозигии худро вобаста ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баён менамоем.

Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард
10:5612 сентябр

Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Ҳодисаҳои нангин, ки санаи чоруми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат зери роҳбарии собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ генерал майор Назарзода А. М. (Ҳоҷӣ Ҳалим), аъзои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва ҳаммаслакони ӯ ба вуқӯъ пайвастанд, хиёнати бузург дар назди давлату миллат маҳсуб ёфта, аслан нобахшиданист.

«Муроҷиати ҲНИТ тафриқаандозӣ ва иғвогарии навбатист»
13:2118 июл

«Муроҷиати ҲНИТ тафриқаандозӣ ва иғвогарии навбатист»

Иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон муроҷиати раёсати олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро ба Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳову давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон беасосу ҳангомасоз номида, мегӯянд, ки ҲНИТ ҳаргиз як ҷониби сулҳ набуд, балки он танҳо яке аз ҳаракатҳои шомили Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ) буд.

Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест
17:0310 июл

Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Мо зодаи даврони истиқлолем ва дар тӯли умри хеш ягон амали созанда, ягон кори нек, ба ҷуз фитнаю кин коштан дар қалби мардум, аз бахши ҲНИТ дар ноҳия надидаем. Танҳо бахши шумо, ин ҳам бошад, ду сарсупурдаатон (раис ва муовин) дар давраи интихобот бо тақсими барномаҳои ҳизб дар бозор машғул шуда, то интихоботи дигар коре надоранд. Натиҷаи интихоботи охирин бори дигар дар ноҳия обрӯю нуфузи ҲНИТ-ро нишон дод, ки чунин бахши ҲНИТ барои мо шаҳрвандон лозим нест.

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд
05:3107 июл

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Хушбахтона, имрӯз ягон ҳолати дар ҷангҳои давлатҳои бегона, аз қабили Сурия ва Ироқ иштирок кардани ҷавонони фиребхӯрда аз ҷамоати деҳоти Шугнов ва ҳатто ноҳияи Ховалинг ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ин асос намедиҳад, ки мо хотирҷамъ бошем ва бо оммаи васеъ кор набарем.

Истиқболи ҲНИТ аз куштор
17:4606 июл

Истиқболи ҲНИТ аз куштор

Маълум аст, ки нисбат ба Ҳишом Баракот бадбинии хосае аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вуҷуд доштааст. Чаро ки марҳум ҳамчун додситони кулл дар таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятии иддае аз аъзои гурӯҳи экстремистии «Ихвон-ал-муслимин» мусоидат намудааст, ки бештари онҳо ҳукми қатл ва ҳабси абад ҷазо гирифтаанд.

Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!
09:4727 июн

Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!

Вақте гурӯҳҳои бадхоҳ ба шаҳр даромаданд, садҳо одамони бегуноҳро қатл карданд. Дар қатори шаҳидон шавҳарам ва ду писарам аз тарафи сияҳкорон дар манзили худамон кушта шуданд. Аз зарбаҳои талхи тақдир, зиндагӣ бароям маънияшро гум карда буд. Тасаллои одамони нек, боварӣ ба хиради Пешвои миллат, тарбияи фарзандони дигар маро водор кард, ки худро ба даст гирам.

Ифтихори тоҷикии Аҳмадшоҳи Масъуд
10:1225 июн

Ифтихори тоҷикии Аҳмадшоҳи Масъуд

Аҳмадшоҳи Масъуд аз ҷой баланд шуд ва дар он замон буд, ки гуфт: «Бале, Ватан дӯстдоштанӣ аст. Ватан барои мо меҳру муҳаббат ва саодатро омӯхт, ин ҳамаро аз Ватан бигрифтаем. Ватан ҳам аз мо муҳаббат, меҳрубонӣ ва садоқат мехоҳад».

Пиронсолон аз ғамхориҳои Президент миннатдоранд
10:3419 июн

Пиронсолон аз ғамхориҳои Президент миннатдоранд

Соли 1995 дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифта буд ва ин даргириҳо одамонро парешону бехонаю дар, бепадару модар намуд. Дар ҳамин давраи мушкил мақомоти маҳаллӣ бинои чорош-ёнаи хобгоҳи холишударо барои мӯйсафедону занону кӯдакони барҷомондаю бесоҳиб ҷудо кард.

Тавсиф барои «рабудани дилҳо» ё Темурланги муғул - наҷотбахши русҳо?!
09:5417 июн

Тавсиф барои «рабудани дилҳо» ё Темурланги муғул - наҷотбахши русҳо?!

Байни Гитлер, ҷадди гузаштаи Темурланг, Чингизхони модарбахато ва худи Темурланг ягон фарқиятро намебинам! ВАО-и Русия бо ин намоишномаҳои бепояашон магар «гитлеризм»-и асрҳои миёнаро тарғиб намекунанд?!

Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа
16:0316 июн

Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа

Дар шароити имрӯза терроризм зиёдтар характер ва хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ гирифта, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн намуда истодааст. Ин раванд дар ҳақиқат хатарзо буда, метавонад ба дилу дидаи мардуми дунё тарсу ҳарос, нобовариву нигаронӣ, диққату хотирпарешониро зиёд кунад ва мисли маризии ноаёни табобатнашаванда дар байни инсоният зоҳир шуда, дар маҷмӯъ бадбахтиҳои гӯшношунидро ба миён оварад.

Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст
17:1729 май

Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

Яке аз ҳадафҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 январи соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба оилаҳои ҷавон, махсусан эҳтироми занону бонувонро ба ҷо овардан маҳсуб меёбад. Аз ҷумла Сарвари давлат ба он ишора намуд, ки дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила зери таваҷҷуҳ аст. Ва ин ҳама аз бузургии занону таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбати ин табақаи ҷомеа мебошад.

Оила маънии хушбахтиро дорад
18:3628 май

Оила маънии хушбахтиро дорад

Дуруст аст, ки солҳои душвори даврони гузариш бо сабаби паст будани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон як муддат дар самти фаъолияти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ душвориҳо пеш омада буд. Оила барпо намудан бе гузаштан аз сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ё таваллуди хонагӣ оқибат ба зӯроварии хонаводагӣ нисбати зан, ҷудо шудани оилаҳо, бисёрзанӣ барин амалҳои номатлуб оварда мерасонад. Хушбахтона, аз бозе, ки Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар ҳаёт ҷорӣ гардид, самти фаъолияти мақомоти мо низ батадриҷ беҳтар шуд.

Нақзи ҳуқуқи боз 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия
10:2827 май

Нақзи ҳуқуқи боз 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия

25 май наздик ба 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ширкати «Монолитстрой»-и шаҳри Екатеринбурги Русия кор мекарданд, аз кор ронда шудаанд. Маъмурияти ин корхона ба кормандонаш 4 моҳ боз маош надодааст.