Дар як сатр
Зани бомаърифат - оилаи солим
10:2411 ноябр

Зани бомаърифат - оилаи солим

Оила ин муҳити ҳамзистии ҷинсӣ, ахлоқӣ ва иқтисодии зану мард мебошад, ки мақсадаш идомаи насл ва баёни эҳсоси муҳаббат аст. Оила на фақат шаклҳои умумияти таърихии робитаи зану мард ба хотири тавлиди насл, балки восита ва заминаи тарбияи ҷисмию маънавии инсон низ мебошад. Оила муҳитест, ки дар он забону тафаккур, шавқу завқ, ахлоқ ва қобилияту истеъдоди инсон ташаккул меёбад. Аз нигоҳи ҷомеашиносон оила шакли ибтидоию устувори умумияти таърихии одамон, муносибати марду зан, падару модар, бобою бибӣ ва фарзандон мебошад. Рушди савод, иштироки фаъолонаи занҳо дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии зан боиси тақвияти пояҳои оила мегардад.

Сарқонун кафолат медиҳад...
09:1411 ноябр

Сарқонун кафолат медиҳад...

Дар моддаи якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Яке аз ҳадафҳои Тоҷикистон сохтани давлати ҳуқуқбунёд мебошад, ки имрӯз давлати мо, халқу миллатҳои кишварамон баҳри созандагӣ ва бунёдкории он саъйю кӯшиш намуда истодаанд.

Ҷумъагелдӣ – осебшинос, анорпарвар, пахтакор
08:4711 ноябр

Ҷумъагелдӣ – осебшинос, анорпарвар, пахтакор

Боғдорони хоҷагии деҳқонии оилавии ба номи «Абдуҷалил»-и Ҷамоати деҳоти «Гардӣ Гулмуродов»-и ноҳияи Ҷиликӯл солҳои тӯлонист, ки ба анорпарварӣ машғул мебошанд. Онҳо аз ҳисоби ҳосили дастранҷи хеш рӯзгори хубу зиндагии шоиста ба сар мебаранду боре ҳам ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафтаанд.

“Аз нофаҳмиву беандешагӣ бозичаи дасти бегона нагардед”
15:1713 сентябр

“Аз нофаҳмиву беандешагӣ бозичаи дасти бегона нагардед”

Агар ба таърихи на он қадар дури миллатамон, яъне ба давраҳои ҷанги шаҳрвандии соли 1992 назар кунем, мебинем, ки бо пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷунбишҳову гурӯҳбозиҳо вазъи сиёсии кишвар ноором гашта, он ба ҷанги бемаънии ҳамватанӣ оварда расонд ва мо халқи тоҷик фаромӯш набояд созем, ки Точикистони азизи мо баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба чӣ ҳол омада буд.

Рӯҳониёни Сарбанд: Мардум, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед
13:1113 сентябр

Рӯҳониёни Сарбанд: Мардум, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед

Ба Абдуҳалим чӣ намерасид, ки нисбати Ватан ва миллат чунин рафтор намуда, зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти террористӣ бурда истодааст. Натиҷаи ин амалҳои хоинонаи Абдуҳалим буд, ки чандин нафар шаҳрвандони ҷумҳуриямон ҷон аз даст доданд, чандин тан маҷрӯҳ шуданд

Барои ризои нафси худ исломро доғдор кардан аз ойини мусалмонӣ нест
13:5612 сентябр

Барои ризои нафси худ исломро доғдор кардан аз ойини мусалмонӣ нест

Ҳамаи зарару зиёни Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, инчунин вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ, алалхусус «Давлати исломӣ» ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро ба инобат гирифта, мо - як гурӯҳ сокинони маҳаллаи Гулистони ҷамоати шаҳраки Шаҳритузи ноҳияи Шаҳритуз дар муроҷиатномаи мазкур норозигии худро вобаста ба фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баён менамоем.

Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард
10:5612 сентябр

Назарзода ба қасами ҳарбӣ хиёнат кард

Ҳодисаҳои нангин, ки санаи чоруми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат зери роҳбарии собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ генерал майор Назарзода А. М. (Ҳоҷӣ Ҳалим), аъзои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва ҳаммаслакони ӯ ба вуқӯъ пайвастанд, хиёнати бузург дар назди давлату миллат маҳсуб ёфта, аслан нобахшиданист.

«Муроҷиати ҲНИТ тафриқаандозӣ ва иғвогарии навбатист»
13:2118 июл

«Муроҷиати ҲНИТ тафриқаандозӣ ва иғвогарии навбатист»

Иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон муроҷиати раёсати олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро ба Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳову давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон беасосу ҳангомасоз номида, мегӯянд, ки ҲНИТ ҳаргиз як ҷониби сулҳ набуд, балки он танҳо яке аз ҳаракатҳои шомили Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ) буд.

Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест
17:0310 июл

Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Мо зодаи даврони истиқлолем ва дар тӯли умри хеш ягон амали созанда, ягон кори нек, ба ҷуз фитнаю кин коштан дар қалби мардум, аз бахши ҲНИТ дар ноҳия надидаем. Танҳо бахши шумо, ин ҳам бошад, ду сарсупурдаатон (раис ва муовин) дар давраи интихобот бо тақсими барномаҳои ҳизб дар бозор машғул шуда, то интихоботи дигар коре надоранд. Натиҷаи интихоботи охирин бори дигар дар ноҳия обрӯю нуфузи ҲНИТ-ро нишон дод, ки чунин бахши ҲНИТ барои мо шаҳрвандон лозим нест.

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд
05:3107 июл

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Хушбахтона, имрӯз ягон ҳолати дар ҷангҳои давлатҳои бегона, аз қабили Сурия ва Ироқ иштирок кардани ҷавонони фиребхӯрда аз ҷамоати деҳоти Шугнов ва ҳатто ноҳияи Ховалинг ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ин асос намедиҳад, ки мо хотирҷамъ бошем ва бо оммаи васеъ кор набарем.

Истиқболи ҲНИТ аз куштор
17:4606 июл

Истиқболи ҲНИТ аз куштор

Маълум аст, ки нисбат ба Ҳишом Баракот бадбинии хосае аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вуҷуд доштааст. Чаро ки марҳум ҳамчун додситони кулл дар таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятии иддае аз аъзои гурӯҳи экстремистии «Ихвон-ал-муслимин» мусоидат намудааст, ки бештари онҳо ҳукми қатл ва ҳабси абад ҷазо гирифтаанд.

Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!
09:4727 июн

Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!

Вақте гурӯҳҳои бадхоҳ ба шаҳр даромаданд, садҳо одамони бегуноҳро қатл карданд. Дар қатори шаҳидон шавҳарам ва ду писарам аз тарафи сияҳкорон дар манзили худамон кушта шуданд. Аз зарбаҳои талхи тақдир, зиндагӣ бароям маънияшро гум карда буд. Тасаллои одамони нек, боварӣ ба хиради Пешвои миллат, тарбияи фарзандони дигар маро водор кард, ки худро ба даст гирам.

Ифтихори тоҷикии Аҳмадшоҳи Масъуд
10:1225 июн

Ифтихори тоҷикии Аҳмадшоҳи Масъуд

Аҳмадшоҳи Масъуд аз ҷой баланд шуд ва дар он замон буд, ки гуфт: «Бале, Ватан дӯстдоштанӣ аст. Ватан барои мо меҳру муҳаббат ва саодатро омӯхт, ин ҳамаро аз Ватан бигрифтаем. Ватан ҳам аз мо муҳаббат, меҳрубонӣ ва садоқат мехоҳад».

Пиронсолон аз ғамхориҳои Президент миннатдоранд
10:3419 июн

Пиронсолон аз ғамхориҳои Президент миннатдоранд

Соли 1995 дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифта буд ва ин даргириҳо одамонро парешону бехонаю дар, бепадару модар намуд. Дар ҳамин давраи мушкил мақомоти маҳаллӣ бинои чорош-ёнаи хобгоҳи холишударо барои мӯйсафедону занону кӯдакони барҷомондаю бесоҳиб ҷудо кард.