Дар як сатр
Пешвои  миллат - раҳнамои миллат
17:3401 март

Пешвои миллат - раҳнамои миллат

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» барои миллати тоҷик ва наслҳои имрӯзу оянда санади зарурӣ, саривақтӣ ва роҳнамо мебошад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кард, аз ҷониби мардум ҳамчун Пешвои миллат эътироф гардид.

Ватандорӣ аз имон аст
17:1601 март

Ватандорӣ аз имон аст

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки тӯли солҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ба густариш ва раванди устувори иқтисодиву иҷтимоии он нигаронии зиёд дорад. Дар ин росто меҳвари асосӣ ва муҳимтарин нишондиҳандаи давлати устувору соҳибистиқлол Конститутсияи комил ва ҳокимияти қавии Конститутсионии он мебошад. Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба ин музаффариятҳо роҳи басо душвор ва печидаеро пушти сар намуд, ки ҳар як қадами он моҳияти таърихӣ ва тақдирсоз дорад.

Афкор, аҳдоф ва ҳадси таърихии ифротиён
17:0101 март

Афкор, аҳдоф ва ҳадси таърихии ифротиён

Низоъҳои таҳмилӣ ва тавтиаҳои гурӯҳҳои муайян дар даргириҳои Ироқу Сурия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ин низоъҳо дар манотиқи муътақидони ислом бо тазвири ислом сурат гирифта, гурӯҳҳо амалҳои хилофи динӣ, дунявӣ ва инсонии худро ҳамоно ба ислом рабт медиҳанд.едиҳанд.

Дилшод андеша накард
15:3029 феврал

Дилшод андеша накард

Солҳои охир, дастгирии соҳибкорон дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, нисбат ба онҳо як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, баҳри амалӣ намудани ислоҳоти андоз дар ҷумҳурӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуда, аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифт. Тибқи он бартариҳои зиёд, ба монанди шумораи андозҳо бо роҳи аз кодекс хориҷ намудан ва дар низомҳо мутаҳҳид кардани андозҳои ба ҳам алоқаманд ҷорӣ шуд. Номгӯи андозҳо аз 21 ба 10 намуд, яъне шумораи эъломияҳои андоз то 41 дарсад, теъдоди ҳисоботҳои андоз то 86 дарсад ва шумораи умумии пардохтҳои андоз то 43 дарсад кам гардид.

Фарзанде, ки худро бадном, оила ва миллатро доғдор мекунад
16:4511 феврал

Фарзанде, ки худро бадном, оила ва миллатро доғдор мекунад

Яке аз масъалаи мубрами рӯз он аст, чанде аз фарзандони миллат бо роҳҳои гуногун шомили гурӯҳҳое мегарданд, ки бо кумаки хоҷагону ҳаммаслакони хеш -бадхоҳони миллат манфиатҳои муғризонаи худро ҷӯё мегарданд. Онҳо шахсони лаёқатманд ва махсусан, ҷавононро интихоб менамоянд, ки онҳо қудрати кор ва диққати худро ҷалб карда метавонанд.

Паёми Пешво саодати рӯзгори мост
12:4710 феврал

Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ, аз ҷумла омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои русиву англисӣ дар минтақаҳои кишвар аз мушкилоти асосии соҳа махсуб меёфтанд ва бо дастури Пешвои миллат, масъулони соҳа вазифадор карда шуданд, ки то чор соли оянда масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин кардани муассисаҳои таълимиро ҳал намоянд.

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат
12:3910 феврал

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Ман ҳам чун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси инсондӯст, сиёсати башардӯстонадошта, дар сухан хоксору дар амал росткорро мебинам.

Оила- асоси зиндагӣ
13:0909 феврал

Оила- асоси зиндагӣ

Дар бораи оилаву оиладорӣ гуфтану навиштан басе маҳол аст. Зеро ин мафҳумро ҳар кас ба таври худ қабул мекунад. Масъалаи басе нозук аст оилаву оиладорӣ. Лекин мақсад якест: оила бояд қавӣ, мустаҳкам ва пойдор бошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки оилаи солим пойдевори давлату ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҳар қадар оила солим бошад, давлат ба ҳамон андоза пойдор хоҳад монд.

«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона
09:2903 феврал

«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона

Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили 23-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 январ дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Фестивал-озмуни вилоятии гулчини сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони «Суруди сарбоз» байни сарбозону афсарони қисмҳои низомии тобеи вилоят, донишҷӯёни кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ баргузор гардид.

Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст
08:2002 феврал

Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

«Дар пойдориву устувории оила падар ҳамчун ризқрасон ва модар ҳамчун тарбиятгар нақши калидиро мебозанд. Бинобар ин, оилаҳое, ки дар заминаи эътимоду боварӣ ва меҳру муҳаббати якдигар бунёд меёбанд, пойдору побарҷо хоҳанд буд».

«Боз чӣ гап?», аввал андеша - баъд гуфтор!
11:4426 январ

«Боз чӣ гап?», аввал андеша - баъд гуфтор!

Дар барномаи «Боз чӣ гап?»-и телевизиони Осиёи Миёна (САTV) оид ба вазъи имрӯзаи ҷумҳуриамон барномаҳое иғвоангезе пахш мешаванд, ки гӯё дар Тоҷикистон дини ислом мамнӯъ шудаасту дари масҷидҳоро барои наврасон бастаанд ва бачаҳо дигар наметавонанд роҳ ба сӯйи ибодат пеш гиранд.

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!
16:5116 январ

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Имрӯз Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузург ноил шудааст, ки мардум худ шоҳид мебошанд ва хуб медонанд. Мутаассифона, имрӯз нафароне ҳастанд, ки ин дастовардҳо ва сулҳу ваҳдати тоҷиконро дидан намехоҳанд. Бар сари миллату ватани худ санги маломат мезананд.

Гургзода оқибат  гург  шавад
14:1416 январ

Гургзода оқибат гург шавад

Оғози зуҳуроти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи экстремистӣ ва ифротгароӣ аслан аз давраи нооромиҳои солҳои навадуми қарни гузашта дарТоҷикистон сар шуда буданд. Душманони миллат, ки натавонистанд бо роҳи ҷангандозӣ ба мақсад ноил шаванд, пинҳонкорона бо тадбирҳои нодурусту зидди миллату давлат шурӯъ карданд.

Дӯст хуни ҷигарам мекунад
16:1315 январ

Дӯст хуни ҷигарам мекунад

Хабари ширкати Мухиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ-и мамнӯъ эълоншуда дар конфронси «Ваҳдати исломӣ»-и давлати исломии Эрон ва боз дар паҳлӯи намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуданашро шунида, сахт шигифтзада шудем. Мо дар ҳайрат мондем, давлати исломие, ки бо мо ҳамдину ҳамзабон аст ва ҳамеша лофи ёриву бародарӣ мезанад, чӣ гуна шахсеро, ки фаъолияти ҳизби ифротиаш тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст ва Кабирӣ дар пайгарди байналмилалӣ қарор дорад, ба конфронси «Ваҳдати исломӣ» даъват мекунад?