Дар як сатр
Қӯрғонтеппа. Мулоқоти 4 номзад бо раъйдиҳандаҳо
16:2811 феврал

Қӯрғонтеппа. Мулоқоти 4 номзад бо раъйдиҳандаҳо

11 феврал, дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқоти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Қӯрғонтеппа-26 бо раъйдиҳандаҳо баргузор шуд, ки дар он беш аз 250 нафар ширкат варзиданд.

Хонаро ба номи ман мекунӣ!
14:1711 феврал

Хонаро ба номи ман мекунӣ!

Модар ягона нафарест, ки фарзандро бо сад мушкилӣ, ҳатто бо марг даст ба гиребон шуда, ба дунё меовараду шири сафедаш, ки неъмати бебаҳост, ба воя мерасонад. Ба он тифли маъсуме, ки сухан карда, роҳ рафта наметавонист, аз ҷо бархестану қадам задан ва сухангуфтанро меомӯзад. Бечора модар ин ҳамаро нозукиҳоро ба фарзанди хеш меомӯзад, ки фардо қадрдони модар бошад, хидмати ӯро ба ҷо оварад.

Тарҳи нави сомонаи Tajinfo ба кор андохта шуд
16:1110 феврал

Тарҳи нави сомонаи Tajinfo ба кор андохта шуд

Тарҳи нави сомонаи Медиахолдинги тоҷикии «Tajinfo» дар Русия субҳи 10 феврал ба фаъолият шурӯъ кард. Шакли нави сомона бо дарназардошти талаботҳои наву муосири фановарӣ ва навгониҳои пешниҳоди мавзӯю муҳтаво, ороишоти техникӣ таҳия шудааст.

Ҷаримаи 100 дорухона барои риоя накардани гигиена
16:0010 феврал

Ҷаримаи 100 дорухона барои риоя накардани гигиена

Масоили марбут ба беҳтар намудани вазъи санитарии дорухонаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷараёни як мизи мудаввар, ки 9 феврал дар толори Маркази санитарию эпидемиологии шаҳр барпо шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Роҳбари давлат: Ҷаҳони муосир ниҳоят тағйирёбанда аст
14:5010 феврал

Роҳбари давлат: Ҷаҳони муосир ниҳоят тағйирёбанда аст

Ҳаводиси охири дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба вуқӯъпайваста бори дигар ин ҳақиқатро собит месозанд, ки ҷаҳони муосир ниҳоят тағйирёбанда буда, барои нигоҳ доштани мавқеи устувор дар он Ҳукумати Тоҷикистон бояд сиёсати иқтисодиву иҷтимоии кишварро бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна татбиқ намояд.

Президент: Ба рушди баробари минтақаҳои кишвар аҳамияти хоса дода шавад
14:2410 феврал

Президент: Ба рушди баробари минтақаҳои кишвар аҳамияти хоса дода шавад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 10 феврал, зимни суханронияш дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президент ба Ҳукумат ва вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергетикии иқтисодиёт, беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба захираҳои молиявӣ ва рушди инфрасохтори истеҳсолии бахши кишоварзӣ, рушди туризм, пурзӯр намудани ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини инкишофи баробари минтақаҳои кишвар ҳамчун самтҳои минбаъдаи рушди иқтисодиёти миллӣ аҳамияти хоса диҳанд.

«Оилаи солим – ҷамъияти солим»
10:4510 феврал

«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

Зери ин унвон дар толори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Қӯрғонтеппа мизи мудаввар баргузор гардид.

Пешниҳоди даъво алайҳи 189 корхона
17:0109 феврал

Пешниҳоди даъво алайҳи 189 корхона

Шабакаҳои барқи ҷанубӣ (ШБҶ) нисбати 189 корхона дар шаҳру навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа бинобар қарздориашон аз ҳаққи истифодаи барқ иддао пеш овардааст.

Кӯлоб. Сохтмони пул дар арафаи Наврӯз поён меёбад
16:2309 феврал

Кӯлоб. Сохтмони пул дар арафаи Наврӯз поён меёбад

Хайруллои Амонулло, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, гуфт, ки сохтмони пули назди бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб дар пешорӯи иди байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба таҷлили Наврӯз
16:1609 феврал

Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба таҷлили Наврӯз

9 феврал, дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукот оид ба омодагиҳо ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз таҳти раёсати Ситора Шерзода, муовини раиси вилояти Хатлон, баргузор гардид.