Дар як сатр
Таблиғи арзишҳои миллӣ
15:5503 феврал

Таблиғи арзишҳои миллӣ

Бо мақсади тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷу эҳтиром ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷавонон, занону духтарон ноболиғон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва даст задан ба амалҳои номатлуб бо амри раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гурӯҳи таблиғотии Шӯрои куҳансолони Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт.

12 номзади илм дар ДЭТ
21:5402 феврал

12 номзади илм дар ДЭТ

Маоши як басти кори профессор дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 2075 ва дотсент 1875 сомонӣ муқаррар шудааст. Пасттарин маоши омӯзгор дар донишкада 617 сомонӣ аст, ки ба омӯзгорон-ассистентон дода мешавад.

15 феврал мубориза барои Ҷоми ФФТ шурӯъ мешавад
18:3902 феврал

15 феврал мубориза барои Ҷоми ФФТ шурӯъ мешавад

Чорумин мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки ҷоизаи он 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, 15-уми феврал бо бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ шурӯъ мешавад.

Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»
15:3231 январ

Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»

Дар толори китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Қўрғонтеппа бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ҷамъомаде бахшида ба Соли оила эълон шудани соли 2015 барпо гардид.

Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон
15:0131 январ

Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон

Бо мақсади ба оммаи васеи мардум расонидани муҳтаво ва шарҳу тафсири Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо гурӯҳҳои корӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо сокинони дидору мулоқот анҷом медиҳанд.

«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид
14:3231 январ

«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид

«Хурмои эътиқод». Бо чунин ном маҷмӯаи нави ашъори шоири хушноми хатлонӣ Озар дар нашриёти «Адиб»-и шаҳри Дӯшанбе бо теъдоди ҳазор нусха рӯйи чоп омад.

Саҳми С. Каримов ва 191 сарбози тоҷик дар раҳоии конслагери Освенсим
13:3931 январ

Саҳми С. Каримов ва 191 сарбози тоҷик дар раҳоии конслагери Освенсим

Таърихнигорон мегӯянд, ки дар сафи пеши сарбозони Артиши сурх ҷанговарони савораи Тоҷикистон ва дигар ҷамоҳири Шӯравӣ таҳти фармондеҳии афсари тоҷик Сайдаҳмад Каримов барои озод намудани урдугоҳи Аушвитс-Биркенау ё Освенсим ҷангидаанд. Дар раҳоии асирони ин конслагер 192 афсару аскари тоҷикистонӣ ҳам саҳм доштаанд.

Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол
10:5731 январ

Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Дар шаҳри Душанбе Энсиклопедияи Қубодиён бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба нашр расид, ки дар бораи таърихи ноҳия, чеҳраҳои саршинос ва ёдгориҳои меъморию фарҳангии Қубодиён маълумот медиҳад. Дар соли 2014 аз ҷониби олимону аҳли зиёи Қубодиён чаҳор маҷмӯаи таърихию адабӣ ба нашр расидааст.

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба барномаи «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ»
10:2031 январ

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба барномаи «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ»

31-уми январ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба Системаи мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ аз рӯйи барномаи «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ»-и Барномаи рушди СММ баргузор гардид.

Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ
16:2229 январ

Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Танҳо дар соли 2014-ум 72 ҷаҳонгарди хориҷӣ ва ҳазорҳо сайёҳи ватанӣ барои тамошои табиати зебо ва мавзеъҳои таърихӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон омадаанд.

Ду сӯхтор дар як рӯз
11:1429 январ

Ду сӯхтор дар як рӯз

Дар натиҷаи сӯхтор дар манзили истиқоматии сокини ноҳияи Темурмалик молу ашёҳои рӯзгори ӯ ба коми оташ рафт.