Дар як сатр
Таъсиси «Садбарг» ва эҳёи «Осмон»
16:5408 январ

Таъсиси «Садбарг» ва эҳёи «Осмон»

Дар Кохи фарҳанг ва ҳунари шаҳри Кӯлоб муаррифии ансамбли рақсии «Садбарг» ва гурӯҳи эстрадии «Осмон» баргузор гардид. Иқдоми таъсиси ансамбли «Садбарг» ва эҳёи «Осмон» дар чаҳорчӯби Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб шудани шаҳри Кӯлоб амалӣ гардидааст.

74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд
16:3308 январ

74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд

Маҳмудалӣ Алимардонов, прокурори ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа, зимни нишасти матбуотияш рӯзи 8 январ гуфт, ки соли гузашта 14,8 фоизи шаҳрвандони даъватшаванда бо маҳдудияти ҷузъӣ (беморӣ) ба артиш сафарбар карда шудаанд.

Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ
16:0608 январ

Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Танҳо дар моҳи январи соли 2015 аз ҷониби мақомоти прокуратура дар вилояти Хатлон вобаста ба ҷиноятҳои дорои хусусияти ифротгароӣ, яъне ҷалби шаҳрвандон ба задухӯрдҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар, 4 парвандаи нави ҷиноятӣ ифтитоҳ ёфтааст. Тайи як соли охир дар вилояти Хатлон вобаста ба ҷиноятҳои экстремистӣ 43 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 59 нафар ифтитоҳ ёфтааст.

«Мулло-табибон» муҷозот шуданд
15:4108 январ

«Мулло-табибон» муҷозот шуданд

Нисбати 7 нафар «домулло-табибон» дар вилояти Хатлон парвандаҳои ҷиноятӣ ифтитоҳ гардида, онҳо ба муҷозот кашида шудаанд.

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба қазияи гаравгонгирии сарбозони сарҳадбон
15:2508 январ

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба қазияи гаравгонгирии сарбозони сарҳадбон

Дар робита ба қазияи гаравгонгирии чор сарбози қисми сарҳадбонии воқеъ дар ноҳияи Панҷ аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа алайҳи Алимуҳаммад Додокалонов, муовини сардори дидбонгоҳи сарҳадии ин қисми низомӣ, парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

Худкушии духтари ноболиғ дар Носири Хусрав
22:2107 январ

Худкушии духтари ноболиғ дар Носири Хусрав

Дар рӯзҳои аввали соли 2015 хабари даст ба худкушӣ задани як толибилми синфи 10 дар деҳаи Олтинсойи ҷамоати деҳоти «Истиқлол», тамоми ноҳияи Носири Хусравро дар ҳайрат гузошт.

Омодагӣ ба интихоби вакилони халқ
18:1607 январ

Омодагӣ ба интихоби вакилони халқ

Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон нахустин ҷаласаи хешро дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор намуд.

Кишоварзон низ суғурта мешаванд
14:0307 январ

Кишоварзон низ суғурта мешаванд

Филиалҳои КВД «Тоҷиксуғурта» дар вилояти Хатлон дар соли 2014 ба 28 хоҷагии деҳқоние, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дидаанду бо полиси суғуртавӣ ба ин идора муроҷиат кардаанд, ба маблағи қариб 122 ҳазор сомонӣ товони зарар пардохтаанд.

Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умум
13:5907 январ

Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умум

Ба ифтихори 80-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи «Баҳористон» - нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва 600-солагии олим ва мутафаккири тоҷик Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ маҷмӯае бо номи Ганҷи «Баҳористон» ба табъ расид.

Ихтисоси 1,2 миллион сомонӣ ба МОИ “Панҷ”
21:4206 январ

Ихтисоси 1,2 миллион сомонӣ ба МОИ “Панҷ”

Имсол барои бунёди инфрасохтори Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», воқеъ дар қаламрави ноҳияи Қумсангир, аз буҷаи давлатӣ наздики 1,2 миллион сомонӣ ихтисос дода мешавад.