Дар як сатр
20:0523 апрел

Воқеияти болоравии нархи интернет аз забони мутахассис

Дар воситаҳои ахбори умум баҳсҳо дар гирди тасмими Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2019, таҳти №31 «Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ» оид ба боло бурдани нархи интернет идома доранд. Мухбири мо роҷеъ ба ин масъала суҳбате дошт бо мутахассиси соҳа – сардори Раёсати алоқа ва иттилоотонии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Ш.М., ки ҳоло манзури хонандагони гиромӣ мегардад.

02:1223 апрел

Марзбони Ватан

Артиши милии кишвари азизамон, воқеан ҳам санаи 23-юми феврали соли 1993 ташкил шуда, дар таърихи худ бисёр вазниниҳоро аз сар гузаронидааст.

06:1216 апрел

ПОСУХ БА НОМАИ САРГУШОДАИ ПОРСӢ АНҶУМАН

Аз солҳои 20-30 асри гузашта то  ба имрӯз баҳсу мунозираҳо атрофи номи забони тоҷикӣ  ва хатте, ки имрӯз дар кишвари Тоҷикистон истифода мешавад, идома дорад. Ин баҳсу мунозираҳо хубанд, ба шарте ки ҳар андеша ё пешниҳод аз лиҳози илмӣ исбот карда шавад. Чанде пештар созмоне бо номи «Порсӣ анҷуман» ба унвони  Президенти Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

05:5716 апрел

ДАВЛАТИ МИЛЛИ ДАР РОСТОИ ҲАМШАРИКИИ СТРАТЕГИ

Равандҳои муосири муносибатҳои байналхалқӣ, қонунияти сиёси ва давлати тақозо мекунанд, ки кишварҳо дар ҳар шакле бо ҳам дар иртиботи қави бошанд ва кайфияти тақвияти муносибатҳо сатҳи ҳамкориро ба дараҷаи баландтар, ки онро зери мафҳуми "шарики стратеги” ифода мекунанд, мерасонад. Ба ин мазмун, агар ҳамкорию муносибот дар сатҳи баланд қарор гирифта, дар арсаи муколимот бовару итминони тарафайн ва ҳусни тафоҳум мавқеи меҳвари дошта бошад, 

05:4316 апрел

Абдухолиқи Набавӣ: «Садриддин Айнӣ дуррест, ки ҳар бор ҷилои нав медиҳад»

ДУШАНБЕ, 15.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зодрӯзи Устод Садриддин Айнист. Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ тасмим гирифтааст, то бахшида ба 141-солагии сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин  Айнӣ куллиёти нави устод Айниро   бо такмил ба нашр расонад.

05:1616 апрел

СУХАНРОНИИ Ш. ЗУҲУРОВ ИСБОТИ АМАЛҲОИ ЗИДДИТОҶИКИИ ТТЭ ҲНИ

Вақти он фаро расидааст, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳманд, ки ТТЭ ҲНИ дар ташкили ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон саҳми бузург дорад. Шукурҷон Зуҳуров дар нишасти 140 – уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар кишвари Қатар ба маврид гуфтааст, ки "ТТЭ ҲНИ наздик ба 30 сол аст, ки ғояҳои экстремистии худро болои миллати тоҷик таҳмил намуда, монеи пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон шудааст”.

10:4624 март

ИДЕЯИ ДАВЛАТИ ТЕОКРАТӢ – ИДЕЯИ БУНБАСТӢ

Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон дар байни давлатҳои қудратманд ҳанӯз аз солҳои 90-уми садаи ХХ оғоз гардида буд ва ин раванд то имрӯз идома дошта, ҷаҳони муосирро ба як буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ табдил додааст, ки баъзан бо анҷом ёфтани террору ҷангҳои хунини қавмӣ ва динӣ-мазҳабӣ сурат мегирад.

20:1621 март

Наврӯз таҷассумгари арзишҳои баланди инсонист

Яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва мардумии халқҳои эронинажод Наврӯз ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн ҷашнест, ки ҳамбастагии инсону коинот ва эҳёшавии табиатро ба миён меорад. Чунин навъи ҷашн пеш аз ҳама ба шинохт ва огоҳии инсоният аз табиат ҳамбастагӣ дорад. Нахустин рузи Наврӯз ки ба 21 март рост меояд замонест, ки ҳамаи сайёроту ситорот дар як радиф қарор мегиранд. Ин баёнгари он аст, ки мардумони ориёинажод ҳанӯз ҳазорон ҳазор сол қабл ин ҳамоҳангиро дарк намуда будаанд ва аз табиат огоҳии дуруст ва илмӣ доштаанд. Аз тарафи дигар Наврӯз замоне фаро мерасад, ки эътидоли шабу рӯз баробар мешавад ва табиату инсону коинот ба ҳолати баробарӣ дар меояд. Ҷашни Наврӯз ба ҳеҷ як дину мазҳаб иртиботе надорад, зеро ҷашнҳои динию мазҳабӣ аз назари арзишшиносӣ фарогири арзишҳои маҳдуданд, ки аз бовару эътиқод сарчашма гирифта ё ифодагари кадом як ҳодисаи таърихӣ мебошад. Ҷашни Наврӯз бошад ба ҳеҷ арзиши маҳдуд ва эътиқодот ҳамбастагӣ надорад. Зеро асосҳои онро дарку шинохти дурусти инсон аз табиату коинот ташкил медиҳад. Аз лиҳози пайдоиш Наврӯз ҷашнест, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад ва ба тамаддуни кишоварзӣ хос аст. Яъне ин маънии он дорад, ки мардумони ориёитабор, ки бароварда кардани ниёзҳои худро бо роҳи кишоварзӣ қаблтар аз мардумони дигар шуруъ намуда буданд, барои онҳо шинохти вақт ниҳоят муҳим будааст, зеро Наврӯз замоне фаро мерасад, ки дигар сармои зимистон пушти сар гардида таҳаввули ҳамаи олами зинда ба вуҷуд меояд. Яъне ин замонест, ки кишоварз ба марҳилаи кишт кардан ва олами наботот ба марҳилаи рустан мерасад.


20:0121 март

Наврӯзи Қамшедӣ – хамирмояи фарҳанги миллӣ ва ҳукумати дунявӣ

Дар таърихи фарҳанги форсу тоқик Наврӯз ба сифати қашни муҳимтарини ақдодӣ ва миллӣ шинохта шуда, дар байни қашну маросими мутааддади милию мардумӣ ва динӣ-мазҳабӣ қойгоҳи вижа дорад. Фаротар аз ин, он бузургтарин қашни фарҳангии қаҳонист, ки на танҳо ба як қавм, як миллат, як нажод мунҳасир мешавад (ниг.: Шаъбонӣ Ризо. Одоб ва русуми Наврӯз. –Душанбе: Пайванд, 2008. –С.11), балки бо қолабу шеваҳои гуногун дар зиндагии маросимии ақвоми мухталифи башарӣ ва дар мақмӯъ, инсоният мақоми устувор пайдо кардааст. Дар дунё, аз қадим то имрӯз қашну маросимҳои зиёде мавриди тақлил қарор гирифта ва мегиранд, ки хусусиёти қавмӣ, қабилавӣ, этникӣ ва динӣ дошта, бо ин ё он васила дар доираи фарҳанги қавмӣ ва динӣ маҳдуд мешаванд. Вале Наврӯз аз ин қоида мустасност, чунки он аз дониш, хирад, фарҳанг ва меҳр сарчашма гирифта, бо ин қавҳарҳои шарифи инсонӣ азалан ва абадан пайванд аст ва он чӣ ки бо хирад ва меҳр иртибот дорад, ҳеқ гоҳ кӯҳнашавиро намепазирад, дар масири таърих ҳамвора бо инсон ҳамқадам ва ҳамқисмат мешавад, пайваста дар мақрои тақдиду таҳаввул қарор мегирад.

19:4021 март

Наврӯз ва наҳзатиҳо

Наврӯз яке аз бузургтарин ва қадимтарин ҷашнҳои фарҳангии миллии мо ба шумор меравад. Дар ин рӯзи нав ҳар як нафар кӯшиш мекунад, ки ба таъмиру тармими хона машғул шавад ва сару либоси худ ва оилаашро нав кунад. Яъне ҳама кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки як навоварие дар манзили худ эҷод кунанд ва аъзои оилаашонро хушҳол намоянд. Ҳамзамон дар ин рӯзи нав дастархони пурнозу неъмате ороста, гирди он ҷамъ мешаванд ва шодиву хушҳолӣ менамоянд. Аз гузаштаи худ қисса намуда, ҳазлу шухӣ мекунанд ва рӯҳияи ҳамдигарро болида месозанд. Агар дар байнашон ягон саҳву хато ё гуноҳе сар зада бошад, кинаву адоват ва ғаму андӯҳро канор гузошта, ҳамдигарро мебахшанд. Ин ҳама навовариҳо ва шодмониро ба хотири он анҷом медиҳанд, ки то охири сол ҳар рӯзашон ба мисли ҳамин рӯз наврӯз бошад ва доимо хушҳолу хуррам дар сари як дастархон бо ҳамдигар ҷамъ шаванд ва муттаҳидона зиндагӣ намоянд.


19:2221 март

Дар рӯйхати «Магнитский» бошӣ, ё дар рӯйхати хоинони Ватан?

Айёми хурдсолӣ, аснои бозӣ ягон ҳамсол ё хурдсолеро меранҷондӣ, бо номи бародару падараш, ё ягони хеши шӯрапушташ туро метарсонид.

Ақлу фаросати ба ном мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамон тифл бештар нест. Инҳо ҳам моро тарсониданӣ мешаванд. Аз номи «падарон»-и имрӯзаашон: чанд ташкилоти ба ном ҳомии ҳуқуқи башар, ки гӯё онҳо тавассути Парлумони Аврупою Сенати Амрико кормандони баландпояии Ҳукумати Тоҷикистонро ба рӯйхати «Магнитский» медароранду сафарҳояшонро ба хориҷи кишвар манъ месозанд.

19:1521 март

ТЭО ПИВ выступает против национальных традиций

 В этом году в Таджикистане праздник Навруз (Новый день) отмечается широко как никогда. Впервые в Душанбе состоится большой карнавал, пройдут другие не менее красочные массовые мероприятия. Встреча весны уже прошла в г.Нурек с участием многочисленных гостей. Много нового и необычного увидели они здесь. По старой доброй традиции Навруз встречают с дастарханом «хафт син» (7 блюд на букву «с»), другими вкусными угощениями, спортивными играми бузкаши, суманаком (сладость из проросшей пшеницы), весёлыми аттракционами и пр. Весеннее пробуждение природы, отличное настроение, мир и позитив витают в воздухе. Торжествва продолжаться в столице и во всех регионах республики несколько дней.


16:4719 март

Наврӯзи бостонӣ ва марҳилабандии худшиносии миллӣ (ба ифтихори ҷашни Наврӯз)

 
Наврӯз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлили саросарӣ қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва арзишманди таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии навъи башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгаройӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳои мутамодӣ суннату ойинҳои Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархӯри ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ доранд. Маҳз ҳамин нукта боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии онро дар манотиқи мутааддади сайёра тавсия дод.