Дар як сатр
11:3721 май

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ

21.05.2019 10:14, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба роҳбарияти кишварҳои ИДМ барои ҳамкорӣ ва саҳми муносиб дар таҳкими амнияту суботи давлатҳои ҳамдигар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

12:1820 май

АХЛОҚ ТУЗАТИШ МУАССАСАСИДАГИ ТАРТИБСИЗЛИК: унинг ташкилотчилари кимлар ва бу жиноятга нима мақсадда қўл уришди?

 

ДУШАНБЕ, 20.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 2019 йилнинг 19 май куни соат 21:30да Адлия вазирлигининг Жиноий жазони ижро этиш бош бошқармаси Ваҳдат шаҳридаги 3/2-рақамли ахлоқ тузатиш муассасасида Тожикистон Республикаси Жиноят кодексининг 401-моддаси прим. 1 билан маҳкум этилган маҳбуслар томонидан муассаса тизимини бесаранжомлаштириш ва ундан  қочиш мақсадида тартибсизлик уюштирилди.



12:1520 май

UNREST IN CORRECTIONAL INSTITUTION: who and for what purpose organized them?

 
DUSHANBE, 20.05.2019. (NIAT Khovar) – On May 19, 2019, at 21:30, prisoners, who convicted under Article 401 paragraph 1 of the Criminal Code of Tajikistan, organized unrest in a correctional institution 3/2 of the Main Directorate for the Execution of Criminal Sentences of the Ministry of Justice located in Vahdat in order to destabilize the situation in the institution and escape from it.


12:0020 май

БЕСПОРЯДКИ В ИСПРАВИТЕЛЬНОМ УЧРЕЖДЕНИИ: Кто и с какой целью их организовал?

 

ДУШАНБЕ, 20.05.2019. /НИАТ «Ховар»/. 19 мая 2019 года в 21:30 в исправительном учреждении 3/2 Главного управления исполнения уголовных наказаний Министерства юстиции, находящемся в городе Вахдат, заключенными, осужденными по статье 401 прим. 1 Уголовного кодекса Республики Таджикистан, с целью дестабилизации обстановки в учреждении и побега произошли беспорядки.



11:4720 май

БЕТАРТИБӢ ДАР МУАССИСАИ ИСЛОҲӢ: Ташкилкунандагони он кистанд ва ба кадом мақсад ба ин ҷиноят даст заданд?

 

ДУШАНБЕ, 20.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 19 майи соли 2019, соати 21.30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401 прим. 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ ба амал омад.



17:5702 май

"Ин қадар ҷангам макун..." Мирзо Турсунзода дар хотироти писараш Масъуд.

"Ин қадар ҷангам макун..." Мирзо Турсунзода дар хотироти писараш Масъуд.

Мирзо Турсунзода, шоири шинохта, қаҳрамони Тоҷикистон ва раҳбари пешини Иттиҳоди адибон, рӯзи дувуми май 108-сола шуд. Дар ин рӯз хабарнигори Радиои Озодӣ бо Масъуд Турсунзода, писари калонии шоир, дар хона-музейи ӯ дар Душанбе сӯҳбат кард.

Осорхона дар ҳавлие ҷойгир аст, ки оилаи Мирзо Турсунзода соли 1949 ба онҷо кӯчида ва тақрибан бист сол зистааст. Сӯҳбат ҳам аз инҷо оғоз шуд, ки ҳавлиро аз кадом ҳисоб сохта буданд?

Масъуд Турсунзода:Қабл аз он ки ба ҳавлӣ кӯчем, мо дар бинои нависандагон, дар кӯчаи Орҷоникидзе зиндагӣ мекардем. Дар табақаи дувуми бино Боқӣ Раҳимзода мезистанд. Дар рӯбарӯи ҳавлии ҳозира Абдусалом Деҳотӣ хона сохта буданд ва ба падарам маслиҳат доданд, ки "ҷойи холӣ ҳаст, биё, хона соз". Ҷойи ҳавлии мо як майдончаи холие буд, ки кӯдакон баъзан футбол бозӣ мекарданд. Ба падарам ин ҷой маъқул шуд ва бо пуле, ки аз ҷоизаи сталинӣ барои достонҳои Ҳиндустон гирифта буданд, ҳавлиро сохтанд. Он замон падарам 37 сол доштанд. Қиссаи гирифтани ҷоиза ҳам ҷолиб аст. Вақте номзадии падарам пешниҳод мешавад, баъзе аз бадхоҳон шикоят мекунанд, ки Турсунзода ҳоло ҷавон аст. Сталин дар ҷавоб гуфтааст, ки "ҷавон аст, вале асарҳояш арзанда”. Ҳамин хел ҷоизаи дараҷаи дувуми сталиниро ба падарам додаанд.

Радиои Озодӣ:Гуфтаниед, ки маблағи ҷоиза пурра ба сохтмони ҳавлӣ сарф шуд?


 

 

17:5602 май

БОСМАЧИЁНУ НАҲЗАТИЁН - ҲАМТАБОРОНИ МАЪНАВӢ

БОСМАЧИЁНУ НАҲЗАТИЁН - ҲАМТАБОРОНИ МАЪНАВӢ

Ҳадафи ба мавзӯи босмачигарӣ рӯ овардани донишмандони андешавар барои бозшиносии таърихи воқеиву на чандон дури сарзамини тоҷикон ва дар ин замина, шинохти некхоҳону бадхоҳони саргузашти раҳоии тоҷикон аз вопасмониҳои асримиёнагӣ мебошад. Баргашт ба мавзӯи босмачигарӣ замонавӣ ва дархӯри аҳамият мебошад ва рӯзноманигори шинохта Абдулқодири Раҳим кори хуберо анҷом додааст, ки бо профессор Иброҳим Усмонов рӯйи саҳифаҳои рӯзномаи серхонандаи «Ҷумҳурият» қалам бар бозкушодани ногуфтаҳои таърих бурдаанд. Имрӯз гурӯҳакҳои ба хориҷи кишвар гурехтаи ТТЭ ҲНИ, аз норавшании рӯйдодҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 1920 - 1935 кор гирифта, босмачиёнро муборизони нокоми озодии миллати тоҷик менамоёнанд ва ба ин васила, мехоҳанд сияҳкориҳояшонро дар назди «спонсорҳои» хориҷии худ давоми озодихоҳӣ бознамоён созанд.

 

17:5402 май

САРАЗМ - ҲАМСОЛИ НАВРӮЗ

САРАЗМ - ҲАМСОЛИ НАВРӮЗ

То имрӯз оид ба таърихи Наврӯз баҳсу мунозираҳои илмӣ давом доранд. Ҳар муҳаққиқе, ки доир ба таърихи пайдоиши он тадқиқоти илмӣ бурдааст, бештар ба маъхазҳои хаттӣ такя намуда, шурӯи ҷашнгирии Наврӯзро ба давраи ҳахоманишиҳо мансуб медонад.
Аксари бостоншиносон чунин ақида доранд, ки он ба давраҳои хеле қадимаи тотаърихӣ (то пайдоиши хат ва давлатҳои нахустин), яъне ба замони Пешдодиён рост меояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки Наврӯз таърихи 6000 - сола дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Наврӯз, пеш аз ҳама, иди кишоварзон будааст. Барои рӯшанӣ андохтан ба таърихи пайдоиши Ҷашни Наврӯз ба бозёфтҳои моддии бостоншиносӣ рӯ меорем. Дар таъриху тамаддуни башарият марҳилае бо номи «Инқилоби неолитӣ» маълум аст. Маҳз дар ҳамин марҳилаи таърихӣ (ҳазорсолаҳои 7 - 6 пеш аз мелод) инсоният вобаста ба иқлими мавзеи зист ба ҳаёти муқимӣ рӯ оварда, ба бунёди деҳшаҳрҳо, ба кишти зироатҳои ғалладона машғул мешавад. Ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразми Панҷакент таърихи беш аз 5500 - сола дошта, 40 сол аст, ки таҳқиқ карда мешавад. Бозёфтҳои сершумори бостонӣ собит месозанд, ки шуғли асосии саразмиён кишоварзӣ буда, ҳамзамон, бо ҳунармандии гуногунсоҳа (кулолӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, заргарӣ, бофандагӣ ва ғайраҳо), инчунин, равобити савдову тиҷорат бо қабилаҳои ҳамҷавори АвруОсиё доштаанд.
Дар давраи ҳаёти мадании Саразмиён ва қабилаҳои ҳамҷавори он давра (ҳазорсолаҳои 4 - 3 - и қабл аз мелод) ҳанӯз хат вуҷуд надошт. Ҳангоми пажӯҳишҳои бостоншиносӣ аз Саразм даҳҳо зарфҳо ва пораҳои сафоли мунаққаш пайдо шудаанд. Кулолон ва рассомони аҳди бостон тахайюлоту фаҳмишу дарки муҳити хешро бо нақшҳои ҳандасӣ дар рӯи зарфҳои сафолӣ сабт намудаанд. Ҷолиб он аст, дар рӯи зарфҳои сафолӣ сабзиши майсаи ҷаву гандум, мавҷи дарёву ҷӯйбор, нури зиндагибахши Хуршедро моҳирона ҳаккокӣ намудаанд. Мардуми аҳди қадим омад - омади баҳорро баъди сардию карахтии замин интизорӣ кашида, бо базму маросимҳои ба худ хос, махсус бо афрӯхтани оташ пешвоз мегирифтанд.

00:5001 май

84 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба Душанбе оварданд

Шаби 30 апрел 84 кӯдаки тоҷикро тавассути ҳавопаймои ширкати ироқии Fly Erbil аз Бағдод ба Душанбе оварданд.

Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё омадаанд. Дар ҳоле ки падарони аксари онҳо ба ҳайси ҷангҷӯи ДИИШ кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои расмӣ, феълан дар зиндонҳои Ироқ 43 зани тоҷик ҳастанд.

22:1130 апрел

Власти Сингапура введут ограничения в интернете

СИНГАПУР, 29 апреля. /ТАСС/. Правительство Сингапура введет ограничения для пользователей интернета, чтобы защитить свободу высказываний и предупредить распространение фальшивой информации еще до того, как она сможет нанести серьезный ущерб обществу. Об этом заявил в интервью, опубликованном в понедельник в местной прессе и показанном по телевидению, премьер-министр республики Ли Сянь Лун.

22:0130 апрел

Зубайдулло Давлатов: «Баргардонидани кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада иқдоми нек, вале заҳматталаб мебошад»

ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик дар назар аст. Ин иқдом маротибаи чандум аст, ки хуб ба роҳ монда шуда, то ба имрӯз чанд тан аз кӯдакони тоҷик аллакай ба Ватан баргаштаанд.  Дар ин росто  коршиноси масоили сиёсӣ, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ  ақидаҳои худро чунин иброз дошт.

21:4830 апрел

Зубайдулло Давлатов: «Баргардонидани кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада иқдоми нек, вале заҳматталаб мебошад»

ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик дар назар аст. Ин иқдом маротибаи чандум аст, ки хуб ба роҳ монда шуда, то ба имрӯз чанд тан аз кӯдакони тоҷик аллакай ба Ватан баргаштаанд.  Дар ин росто  коршиноси масоили сиёсӣ, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ  ақидаҳои худро чунин иброз дошт.