Дар як сатр
Оғози ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ
10:1923 январ

Оғози ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

Ирсоли Паёми навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Зимни ироаи паём Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои оянда муайян менамояд.

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ
12:0021 январ

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ

Баҳром Шарифзода сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъин шуд. Вай дар ин вазифа Анвар Тағоймуродовро, ки низ номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатаи Қӯрғонтеппа-26 мебошад, иваз кард.

Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол
18:1519 январ

Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Шуъбаи аудити дохилӣ ва назоратии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар натиҷаи санҷиши 630 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 4,6 миллион сомонӣ зиёни молиявиро ошкор кардааст.

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин
15:3019 январ

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дар як сол 91 қонуншиканиро дар самти хируду фурӯши ғайриқонунии замин ошкор кардааст.

Раҳоии қариб 250 зан дар доираи қонуни афв
15:4918 январ

Раҳоии қариб 250 зан дар доираи қонуни афв

Дар натиҷаи татбиқи ин қонун, ки 29 октябри соли гузашта аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак 193 нафар, аз муассисаҳои сукунат 31 нафар ва аз муассисаҳои тафтишотӣ 24 нафар зан озод гардиданд.