Дар як сатр
Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон
15:0131 январ

Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон

Бо мақсади ба оммаи васеи мардум расонидани муҳтаво ва шарҳу тафсири Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо гурӯҳҳои корӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо сокинони дидору мулоқот анҷом медиҳанд.

«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид
14:3231 январ

«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид

«Хурмои эътиқод». Бо чунин ном маҷмӯаи нави ашъори шоири хушноми хатлонӣ Озар дар нашриёти «Адиб»-и шаҳри Дӯшанбе бо теъдоди ҳазор нусха рӯйи чоп омад.

Саҳми С. Каримов ва 191 сарбози тоҷик дар раҳоии конслагери Освенсим
13:3931 январ

Саҳми С. Каримов ва 191 сарбози тоҷик дар раҳоии конслагери Освенсим

Таърихнигорон мегӯянд, ки дар сафи пеши сарбозони Артиши сурх ҷанговарони савораи Тоҷикистон ва дигар ҷамоҳири Шӯравӣ таҳти фармондеҳии афсари тоҷик Сайдаҳмад Каримов барои озод намудани урдугоҳи Аушвитс-Биркенау ё Освенсим ҷангидаанд. Дар раҳоии асирони ин конслагер 192 афсару аскари тоҷикистонӣ ҳам саҳм доштаанд.

Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол
10:5731 январ

Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Дар шаҳри Душанбе Энсиклопедияи Қубодиён бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба нашр расид, ки дар бораи таърихи ноҳия, чеҳраҳои саршинос ва ёдгориҳои меъморию фарҳангии Қубодиён маълумот медиҳад. Дар соли 2014 аз ҷониби олимону аҳли зиёи Қубодиён чаҳор маҷмӯаи таърихию адабӣ ба нашр расидааст.

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба барномаи «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ»
10:2031 январ

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба барномаи «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ»

31-уми январ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба Системаи мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ аз рӯйи барномаи «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ»-и Барномаи рушди СММ баргузор гардид.

Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ
16:2229 январ

Балҷувон. Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ

Танҳо дар соли 2014-ум 72 ҷаҳонгарди хориҷӣ ва ҳазорҳо сайёҳи ватанӣ барои тамошои табиати зебо ва мавзеъҳои таърихӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон омадаанд.

Ду сӯхтор дар як рӯз
11:1429 январ

Ду сӯхтор дар як рӯз

Дар натиҷаи сӯхтор дар манзили истиқоматии сокини ноҳияи Темурмалик молу ашёҳои рӯзгори ӯ ба коми оташ рафт.

Қабули Барномаи рушди ноҳияи Ҷомӣ барои то соли 2019
07:4229 январ

Қабули Барномаи рушди ноҳияи Ҷомӣ барои то соли 2019

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои солҳои 2015-2019» қабул гардид, ки ҳадафи асосии он беҳтар сохтани сифати зиндагӣ барои ҳамаи табақаҳои аҳолии ин ноҳия унвон мешавад.

Д. Гулмаҳмадзода: АИО-ҳо барои рушди иқтисоди кишвар муҳиманд
17:1328 январ

Д. Гулмаҳмадзода: АИО-ҳо барои рушди иқтисоди кишвар муҳиманд

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, якҷо бо Сюзан М. Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон ва намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар маросими тақдими техникаи обдиҳӣ ба ҷамоатҳои вилояти Хатлон ва ифтитоҳи бинои нави идораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об иштирок намуданд.

Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш
16:4628 январ

Семинарҳои омӯзишӣ дар ҳавзаҳои Қӯрғонтеппа ва Вахш

Дар ҳавзаҳои интихоботии Қӯрғонтеппа-26 ва Вахш-32 бо ибтикори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИРТ) семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияи ҳавзавӣ, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва комиссияҳои интихоботии ҷамоатҳо ширкат варзиданд.

Афзоиши таваллуд дар Шаҳритус
06:1628 январ

Афзоиши таваллуд дар Шаҳритус

Соли гузашта дар ноҳияи Шаҳритус 3815 тифл ба дунё омадааст, ки назар ба соли 2013-ум 562 ҳолати таваллуд зиёд ба қайд гирифта шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2014 дар ин ноҳия дар муқоиса ба соли 2013-ум 42 ақди никоҳ кам баста шудааст.

Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб
18:0127 январ

Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб маросими ифтитоҳи Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин маросим Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон, Абдуғаффор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб ва собиқадорони мақомот ширкат варзиданд.

Дидори раиси вилоят бо намояндагони барномаҳои СММ
08:3927 январ

Дидори раиси вилоят бо намояндагони барномаҳои СММ

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, намояндагони ташкилотҳои Хазинаи кӯдакони СММ (ОКСФАМ), Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (БҶО) ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Тоҷикистон Лучие Элми ва Николас Оберлинро ба ҳузур пазируфт.