Дар як сатр
Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол
18:1519 январ

Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Шуъбаи аудити дохилӣ ва назоратии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар натиҷаи санҷиши 630 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 4,6 миллион сомонӣ зиёни молиявиро ошкор кардааст.

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин
15:3019 январ

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дар як сол 91 қонуншиканиро дар самти хируду фурӯши ғайриқонунии замин ошкор кардааст.

Раҳоии қариб 250 зан дар доираи қонуни афв
15:4918 январ

Раҳоии қариб 250 зан дар доираи қонуни афв

Дар натиҷаи татбиқи ин қонун, ки 29 октябри соли гузашта аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак 193 нафар, аз муассисаҳои сукунат 31 нафар ва аз муассисаҳои тафтишотӣ 24 нафар зан озод гардиданд.

Тоҷикистон-Африқои Ҷанубӣ. Соати 18:30
14:1718 январ

Тоҷикистон-Африқои Ҷанубӣ. Соати 18:30

Шоми имрӯз, соати 18:30 дастаи мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон дар сабқати байналмилалии «Ҷоми Иттиҳод-2015» бо мунтахаби ҷавонони Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ вориди рақобат мешавад.

Раҳмонзода нишасти матбуотӣ орост
17:3616 январ

Раҳмонзода нишасти матбуотӣ орост

Намояндагони ВАО ба масоили фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, таъмири роҳҳо, ободонии шаҳр, вазъи муассисаҳои фарҳангии деҳот, тақдири ояндаи дастаи футболи «Равшан», бунёди иншооти хизматрасонӣ ва сифати корҳои сохтмонӣ дар шаҳр дахл карда, аз ҷониби раиси шаҳр ва масъулин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»
16:2716 январ

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Дар вилоят 7 маҷмааи варзишӣ, 48 толори варзишӣ, 1 маркази табобатии варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 2 майдони теннис, варзишгоҳ ва 552 майдончаи варзишӣ аз рӯи намуди футбол, баскетбол ва волейбол ба маблағи умумии 74 миллиону 857 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 3 маҷмааи варзишӣ, 7 толори варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 73 майдончаи варзишӣ ба маблағи 56 миллиону 668 ҳазору 350 сомонӣ идома дорад.

Қабули Барномаи рушди туризм дар вилояти Хатлон барои солҳои 2015-2017
15:0916 январ

Қабули Барномаи рушди туризм дар вилояти Хатлон барои солҳои 2015-2017

Барномаи рушди туризм дар вилояти Хатлон дар давраи солҳои 2015-2017 бо қарори Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, тасдиқ шуд. Барои иҷрои ин барнома, ки аз 6 қисм ва 63 зербанд иборат аст, дар се соли оянда 432 ҳазор сомонӣ ихтисос дода мешавад.