Дар як сатр
15:2308 июл

ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ ХИЁНАТ БО ЗАБОНҲОИ "РУСӢ, АНГЛИСӢ ВА АРАБИ "

Ин филмро бо 3 забони тарчумон карда   шудааст ва воқеан таърихи бисёр ҳодисаҳои ваҳшиёна ва корсозиҳои душманони миллат аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро дар бар мегирад.

 

 1. Филми ҳуҷҷатии ХИЁНАТ бо забони Руси навор : Филми ҳуҷҷатии ХИЁНАТ.

      https://youtu.be/uGV431sXCfY

2. Филми ҳуҷҷатии ХИЁНАТ бо забони Англиси : Documentary film Betrayal !!!

 

    https://youtu.be/SQV6O3iiGI0

3. Филми ҳуҷҷатии ХИЁНАТ бо забони Араби :  Documentary film Betrayal فيلم وثائقي خيانة

   https://youtu.be/VxVtPOEyICw

01:3508 июл

Политическая сущность Кабири – предательство!

В последние месяцы моего общения с друзьями и знакомыми, а также непосредственного чтения аналитических материалов в международной интернет-паутине пришёл к выводу, что всё, что происходит у нас в Таджикистане в условиях пандемии коронавируса является, слава Богу, терпимым. 

11:4726 июн

Мир Вашему дому…

Завтра - 27 июня таджикистанцы с чувством гордости за страну отмечают всенародный, ставший государственным праздником – День национального единства в Республике Таджикистан, который знаменует окончание братоубийственной войны в стране. 

15:0424 июн

РАЗОЛАТ БЕМОРИИ ХОСИ ОДАМОНИ НОЧИЗ АСТ

Иқрор мешавам, ки дер боз чунин филми ҳуҷҷатиро, ки дар он солҳои фоҷеабор ватани манро ба ҷанги бародаркӯше, ки наздики панҷ сол идома ёфт ва боиси марги беш аз 150 ҳазор бародарону хоҳарон гардид, надидаам.

14:5724 июн

THINKING OUT LOUD (outlines for a psychological portrait)

I will tell you without malicious intent i.e. open without embellishment. I don’t know about you, but when I read the publications of "Sh. G” it seems to me that I know the content of what they, our fugitives, wrote about the whole night.

17:2419 июн

Пистаи бемағз агар лаб во кунад… Ё посухе ба Мирзои Салимпур

Пистаи бемағз агар лаб во кунад…

Ё посухе ба Мирзои Салимпур

Дӯстам Мирзои Салимпур! Аслан, навиштанро он қадар дӯст намедорам зеро вазифаи ман нест, вале навиштаҳоятро дар робита бо филми «Хиёнат» хондаму кунҷковии касбиам боло гирифт. Дар он бисёр нуқтаҳои ҷолиберо дарёфтам. Ва тасмим гирифтам ба худат муроҷиат кунам.

Барои мо равоншиносон матраҳ аст, ки дар лаҳзаҳои истисноӣ, таҳти таассуроти воқеа ё рӯйдоди мушаххас, инсон ғайриихтиёр баъзе паҳлуҳои хислат, рӯҳия ва мушкилиҳои равонии хешро барои атрофиён фош месозад, ки дар дигар лаҳзаҳои ҳаётӣ метавонист онҳоро пинҳон дорад. Ин омил боис шудааст, ки ту таҳти таассуроти сахте аз зарбаи нишонрас, саросемавор ба ҳимояи худ шитофтаӣ. Талош баҳри сафед кардани хеш, туро ҷониби иштибоҳи сахте бурдааст, зеро бидуни дарки ҳиссиёти лаҳзаина ҷавҳари аслии рӯҳӣ-равонии худу ҳамфикронатро ифшо кардаӣ:

 

1.Ин далели аз ҳама асосист ва таҳрикдиҳанда ба иншои навиштаҳоят. Ту қойил шудаӣ, ки бародарат Илҳом Салимов «аз нигоҳи равонӣ нуқс дорад, ва ҳар коре фармоянд мекунад». Бемор (патсиент)-и мо Илҳом Салимов нест, мо бо ӯ кор надорем. Худат таъкид мекунӣ, ки бародарат мушкилоти равонӣ дорад. Вале шояд надонӣ, ки аз назари тиббӣ-равонӣ, агар дар хонадон як нафар гирифтори ин беморӣ бошад, пас дигар аъзои оила низ наметавонанд аз он орӣ бошанд.

 

Дар ин маврид, худу бародарат дар оила танҳо нестед. Худат шаҳодат медиҳӣ, ки маризӣ дар хонадонатон ирсист. Рӯ меорем ба навиштаат: «Бобои ман раиси колхоз ва Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ буд. Падари ман солҳо раиси совхоз ва муовини аввали раиси ноҳияи Ҳисор буд. Ҳарду дар ободонии он диёр саҳми беназир доранд. Он қадар сохтанду обод карданд, ки…Падари ман номашро барои он иваз кард, ки намехост ҳамноми Сангак Сафаров бошад…». Оё инсони саломат метавонад номи бо ҳазор заҳмат шуҳратёр кардаашро ба хотири каси дигар иваз кунад? Не! Яқинан чунин инсон мариз аст. Нуқси равонӣ дорад. Девона аст. Чунки бо иваз кардани ном ӯ гузаштаи худро – «раиси совхоз, муовини аввал, саҳми худро дар ободонию ғайра» хати батлон кашидааст. Барои чӣ?

Барои он, ки дар лаҳзаҳои пирӣ, зери таъсири андешаю ақидаҳои хурофотиву ифротие қарор гирифт, ки ҷаҳолату босмачигариро мепарастанд. Агар мағз солим мебуд, душмани донишу мактабу маърифат, Фузайлмахсуми босмачӣ ва қотили муаллимаҳои Рашт васф намешуд, ки: «касест, дар вақташ мардона барои озодии Ватанаш аз юғи русҳо мубориза бурд». Кадом юғ? «Юғе», ки бобоятро Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва падаратро то ба муовинии раиси ноҳия расонид? Ҳаққо, ки «мағз агар тира шавад, ҷаҳл бар ӯ чира шавад».

Бобоят қаҳрамон, падарат коммунист, худи ту Салимпур босмачӣ! Аҷаб! Магар Фузайлмахсум барои барқарор кардани тахти амирони манғитӣ тоҷиккушӣ надошт? Чун об рӯшан аст, ки босмачиҳои баччабоз агар ғолиб мебаромаданд, Тоҷикистон имрӯз намебуд. Бобои қаҳрамону падари раисат намебуданд, худат намебудӣ. Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуровро варақ зан! Ё аз онҳо бештар медонӣ? Магар симои ҳақиқии босмачиҳоро касе аз онҳо беҳтар кушодааст?

2. Салимпур, ту дар ин навишта ифшо сохтаӣ, ки дар палатаи беморони рӯҳӣ танҳо нестӣ. Менависӣ, ки: «Чанд сол пеш, ёдамон ҳаст, ки як бародари мушкили равонӣ доштаи Муҳиддин Кабириро ба зиддаш истифода бурда, ҳатто мусоҳибаашро дар матбуот нашр карданд».

Ҳай боракалло! Қасам мехӯрам, ки намедонистам дар авлоди Кабирӣ низ бемории рӯҳӣ реша доштааст. Яъне ин оила низ аз нигоҳи ирсӣ кафолат надорад, ки ҷунун ё девонагӣ ба дигар узвҳои он, аз ҷумла, худи Кабирӣ бетаъсир мондааст.

3. Девонагии Шарофиддин Гадоев, дигар ҳамдасту ҳамақидаи туву Кабириро натанҳо дар Тоҷикистон, ҳатто дар Аврупо ҳам медонанд, ки ҳоҷат ба шарҳаш нест.

4. Дар ин рӯйхат агар шарики собиқи ин гурӯҳ, марҳум Умаралӣ Қувватовро, ки чандин дафъа дар беморхонаи рӯҳӣ муолиҷа шуда буд, зам кунем, ба кадом натиҷа мерасем? Натиҷа якест: эй вой бар гурӯҳаки ба ном мухолиф. Дилам ба миллати тоҷик месӯзад, ки имрӯз дар Аврупо чанд ҷунунзадае ҳамроҳ бо ду майзадаю як нашъаманд онро муаррифӣ карданӣ мешаванд.

5. Салимпур, ростӣ ба ту раҳмам меояд. Хафа нашав, аз ман малол мабош. Лекин худро журналисти шинохта тарошӣ ҳам, дарк накардаӣ, ки ин филм муқобили туву дигар бечораҳои аз нигоҳи равонӣ маризу ҳамдастат нест. Магар як давлат бо ду-се девона сар ба сар мешавад? Барои ин филмбардорон туву Кабирӣ кӣ ҳастед? Ҳеҷ кас! Шумо як бечора, бозичаед дар дасти дигарон. Ва ин филм маҳз ба онҳо нигаронида шудааст, ба кишварҳои бузурге, ки шуморо лӯхтак кардаанд. Ва мехоҳанд Тоҷикистони мустақили моро туъмаи манфиатҳои худ созанд. Ором бош! Дар ин майдон туву кабириҳоятба мӯрчае баробаред, ки аз ду-се метр он тарафтар ба назар намерасад. Бо мӯрчаҳо касеро кор нест.

6. Филмбардорон, хоҳ аз «Тоҷикфилм»-анд хоҳ аз ҷойи дигар, онҳо кори худ, вазифаи худро иҷро кардаанд.

Вале ман аз дигар ҷиҳат ҳайронам. Дар як филми сесоата ту танҳо он лаҳзаеро мебинӣ, ки кирдорҳои худат ифшо шудааст. Аммо чаро дар бораи он ҳақиқате, ки собиқ аъзоёни сатҳи роҳбарии ташкилоти террористии ҲНИ Айёмиддин Сатторов, Эшони Қиёмиддин, Зарафо Раҳмонӣ ва даҳҳо шоҳидони воқеии дигар нисбат ба кирдору ҷиноятҳои наҳзат мегӯянд, хомӯшӣ ихтиёр кардӣ? Чаро он қатлу ваҳшигариҳо, ба ҷои шир макидани хуни модари тавассути қотилони наҳзатӣ кушташударо аз тарафи тифлаки маъсум намебинию наменависӣ?

7. Салимпур, маълум, ки дар синну сол аз ман хурдӣ ё калон, вале дар фаҳмиш заиф ҳастӣ. Ин филмро ман аз се канали Тоҷикистон, бо фосила, пай дар пай тамошо кардам. Бори дигар ба ту хотиррасон карданиам, малол нашав, асабонӣ набош, фоида надорад. Гаштаву баргашта ба ту мегӯям: ин филм ба туву Кабириву Гадову Сақо рабти ҷиддӣ надорад. Ба шахсияти ту додарат, фарзанди падарат ҷавоб додааст, ба Кабирӣ ҷанозаи модарашу беморхонаи сироятиву ҳазор далели дигар. Бас аст. Дар ин дунё ману туро дигар кӣ беҳтару хубтар медонад. Рӯканиву мӯканиҳоят суд намебахшанд. Об аз сар гузашт.

Мантиқи филм – марбут ба мавзӯи фурухтани Ватани аҷдодӣ аст. Мавзӯи филм фош кардани раванди иртиҷоии байналмилалие аст, ки намехоҳад ТОҶИК, ТОҶИКИСТОН вуҷуд дошта бошад. Оне, ки ту худро рӯзноманигори озод мегӯӣ, оне, ки тавре додарат мегӯяд, ки фарзандони ту забони модариашонро намедонанд, худат тасдиқ мекунӣ, ки авлоди ту ва авлоди Кабирӣ воқеан касали рӯҳӣ доред, шояд воқеият дошта бошад. Авлоди Гадоев Шарофиддин бошад, ба тарзи ҳуҷҷатӣ бемори рӯҳӣ мебошанд. Рӯҳ чӣ ҳаст? Рӯҳ амали инсон аст. Бо таъкид иброз медорам, инҳо муҳим нестанд. Ин гапҳо дар филм нест. Худатон иқрор шудед ва ин сирри тиббии оилавиатонро акнун дар тамоми дунё ифшо кардед. Ман чизи дигарро гуфтаниам, шумо дар Тоҷикистон, дар Ватанатон камбудӣ мекобед. Дидед, дар як оилаҳои худатон чӣ қадар камбудӣ ҳаст. Ҷомеа ҳам ҳамин аст, додар.

Шумову кабириҳову кузовҳову садриддиновҳову истаравшаниҳо чанд овҳои дигар як боди фалак, як хаси таги дег, як қалами шикаста, як оҳи бефоидаи бадномии авлодатон ҳастед. Каси дигаре нестед. Додаратон шумоҳоро дуруст баҳо додааст. Ин танҳо хислатномаи ту нест. Ин хислатномаи Кабириву ҳамаи шумо аст. Аз таҳлилу таърихдониву хулосабарориву шеваи гуфтору ҷумлабандиву рафторатон маълум аст. Ин айби шумо ҳам нест. Шуморо кофтанд, ёфтанд, интихоб карданд. Ба шумоҳо луқма мепартоянд, шумо давидаву парида онро мечаред, тавре худатон фармудед, 15-20-то гӯё мақола менависед. Навиштан бигиред. Навиштан гиред. Лекин заминеро, ки дар он модар шуморо таваллуд кардааст, фаромӯш накунед. Замине, ки падаратонро дар оғӯшаш гирифтааст, фаромӯш накунед. Ин Замин ҳам интизори шумоҳо аст...

Ман намехостам шуморо малол кунам. Аммо чӣ илоҷ? Воқеияти зиндагӣ ҳамин аст.

 

Шарипов Нуралӣ Абдуллоевич,

директори Маркази бемориҳои рӯҳии

Вазорати тандурустии Тоҷикистон