Дар як сатр
Ховалинг. Соҳил мустаҳкам мешавад
17:5515 январ

Ховалинг. Соҳил мустаҳкам мешавад

Бо мақсади бехатар гардонидани соҳили дарёчаю сойҳо ва таъмири роҳҳои деҳаҳо дар ноҳияи Ховалинг корҳои соҳилмустаҳамкунӣ идома доранд. Давоми ду ҳафта 800 метр соҳили дарёчаи Оби мазор бо симтӯр мустаҳкам карда шуда, беш аз 3 километр роҳҳои ҳафт деҳа сангфарш карда шуданд.

Восеъ. Бинои мактаб таъмир шуд
17:5015 январ

Восеъ. Бинои мактаб таъмир шуд

Чанде пеш мактаб-интернати №1-и деҳаи Арали Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Бо фармоиши Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири асосии биноҳои муассиса ба маблағи 3 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд.

Муъминобод. Иншооти тиббӣ таъмир гардид
21:4614 январ

Муъминобод. Иншооти тиббӣ таъмир гардид

Деҳаи Бӯстон то имрӯз бунгоҳи тиббӣ надошт ва новобаста ба зиёд гардидани шумораи аҳолӣ сокинон барои гирифтани ёрии тиббӣ ба маркази ноҳия мерафтанд. Бо саҳмгузории сокинон зербино ва бо мусоидати молиявии ҶДММ «Оила» бинои бунгоҳ сохта ба истифода дода шуд.

Восеъ. Кохи фарҳанг эҳё шуд
21:1014 январ

Восеъ. Кохи фарҳанг эҳё шуд

Бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ бо сарфи 7 миллиону 600 ҳазор сомонӣ таҷдиду навсозӣ ва бо таҷҳизоти лозима муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ таъмини об беҳтар мегардад
20:5014 январ

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ таъмини об беҳтар мегардад

Дар ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо истифода аз техникаи соҳавӣ 77,87 ҳазор метри кубӣ заҳбӯру заҳкашҳо тоза карда шуданд. Дар ҷамоатҳои деҳот низ тоза кардани иншоотҳои обрасон идома дорад.

Маҳви доруҳои пастсифату куҳна дар Кӯлоб
20:3614 январ

Маҳви доруҳои пастсифату куҳна дар Кӯлоб

Бо мақсади пешгирӣ аз фурӯшу истифодаи маводи дорувории пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта дар дорухона ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ санҷишҳо доир шуда, беш аз 70 ҳазор адад маводи доруворӣ мусодира гардид.