Дар як сатр
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ба ояндаи Тоҷикистони азиз бетараф набошем»
11:2527 апрел

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ба ояндаи Тоҷикистони азиз бетараф набошем»

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи қабули шаҳрвандон ва шунидани арзу шикоят, пешниҳодоти онҳо аз тарафи роҳбарони вилояту ноҳия дар сатҳи баланд қарор дошта, шаҳрвандон аз чунин ранг гирифтани кор қаноатманданд.

Махфират Хидирзода: Идеяро бо идея метавон шикаст»
11:0425 апрел

Махфират Хидирзода: Идеяро бо идея метавон шикаст»

Дар шароити пуртаззоди имрӯза ва пур аз ҳаводиси гуногуни нигаронкунандаи ҷаҳони муосир, масъалаи оромии ҷомеа ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Зеро пешрафти ҷомеа, суботу амнияти кишвар ба сулҳу сафо, ҳамдигарфаҳмии мардум, дастгирии сиёсати давлат вобастагии қавӣ дорад. Дар ҳалли ин масъалаи доғи рӯз нақши васоити ахбори умум, иттилоот басо калон аст. Ҳамин аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Иттилоот ва нақши он дар таъмини суботу амнияти ҷомеа» семинари вилоятӣ баргузор намуд. Дар семинар муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, намояндагони васоити ахбори омма, мудирони бахши танзим, раисони кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, имомхатибони масоҷиди шаҳру навоҳӣ иштирок доштанд.

Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои хатарзо дидан кард
08:5817 март

Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои хатарзо дидан кард

14-уми марти соли 2017 гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сафари корӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон омад. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ ҳамчунин раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ширкат дошт. Меҳмононро дар ноҳияи Восеъ раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода истиқбол намуд.

Кадбонуҳо  назди аскарбачаҳоро рафтанд
09:1221 феврал

Кадбонуҳо назди аскарбачаҳоро рафтанд

Меҳмондорию меҳмоннавозӣ яке аз суннатҳои волои мардуми тоҷик аст. Ва бо ин расму ойини худ дар байни дигар миллату халқҳои дунё пешдастӣ дорад. Меҳмонро «атои Худованд» донис-та, кӯшиш менамоянд, ки баҳраш беҳтарин хӯрданию нӯшиданиро пешкаш намоянд. Ин расму таомул то кунун идома дорад.

Сада - ҷашни ниёгон
10:3201 феврал

Сада - ҷашни ниёгон

Муовини аввали раиси вилояти Хатлон Қурбонбой Ҳакимзода, раиси ноҳия Мусо Ғафурзода аз дастовардҳою маҳсулоти ба маъраз гузошташуда, шинос шуданд. Ба маҳорати хунарии аҳли касбу ҳунар ва таҷрибаи боғдории боғдорон аҳсан хонда, онҳоро ба ҷашни ниёгонамон-«Сада» табрик гуфтанд.

Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)
11:5418 январ

Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)

Дар ин намоишгоҳ хоҷагиҳои ниҳолпарвар аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ниҳолҳои сертификатсияшудаи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, тухмии гулу гулбуттаҳо ва зироатҳои кишоварзиро ба ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ, соҳибкорони хусусӣ ва мардуми алоқаманд бо нархҳои дастрас пешкаш намуданд.

Восеъ: Ифротгароиро маҳкум намуданд
09:0611 июл

Восеъ: Ифротгароиро маҳкум намуданд

«Ҷавонони азиз! Ҳушёр бошед, ки чун писари ман ба доми афкори бегона, суханони дурӯғини онҳо наафтед. Ин тоифа мардум қодиранд, ки барои амалӣ гардидани мақсаду ниятҳои нопоки худ аз ҳар лаҳзаи мусоид, аз ҳар роҳу восита - пулу мол ва ғайра истифода намоянд. Инро ман дар мисоли писари худам мегӯям. Чӣ суд аз чунин ҷиҳоду хунрезӣ?!»

Ғамхори аҳли заҳмат
10:5322 март

Ғамхори аҳли заҳмат

Мавлонбӣ имрӯз дар оила модари ғамхор ва бибии меҳрубон аст. Рӯзе, ки мо меҳмони апаи Мавлонбӣ будем, дар хона меҳмони нав, набераи дӯстрӯяк ба дунё омада будааст. Ва инро Мавлонбӣ туҳфаи Худованд дар арафаи иди Наврӯз медонисту аз он шукргузорӣ мекард.

Восеъ. Бо дастовези идона
10:4421 март

Восеъ. Бо дастовези идона

Баробари ривоҷ бахшидани корҳои сохтмонӣ давоми ду моҳи гузашта беш аз 85 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва ороишӣ шинонда, дар бахши низом бахшидани роҳраву роҳҳои маркази ноҳия ва ҳамчунин маҳаллаҳои зисти деҳот як зумра корҳоро анҷом доданд.

Ҳабиби модарони Фархор
10:2507 март

Ҳабиби модарони Фархор

Ранҷу заҳматҳои шабонарӯзӣ, самараи меҳнати ҳалол ва хизматҳои зиёди Қоғазмоҳ буд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ӯро бо унвони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» сарфароз гардонидааст. Духтури дараҷаи олӣ буда, ҳамчунин дар ҷамъбасти сол сазовори номи баланди «Духтури сол» гардидааст.

Кӯлоб. Сохтмони пул моҳи феврал анҷом меёбад
10:1816 январ

Кӯлоб. Сохтмони пул моҳи феврал анҷом меёбад

Мавриди зикр аст, ки ин пул бо дарозии 33 метр ва паҳнои 12 метр сохта шуда, дар он 1680 метри кубӣ бетон ва 300 тонна оҳан сарф мегардад. Баъди ба анҷом расонидани корҳои васлу насби таҷҳизоти пул дар ду тарафи он корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ оғоз мегардад.

Ховалинг. Соҳил мустаҳкам мешавад
17:5515 январ

Ховалинг. Соҳил мустаҳкам мешавад

Бо мақсади бехатар гардонидани соҳили дарёчаю сойҳо ва таъмири роҳҳои деҳаҳо дар ноҳияи Ховалинг корҳои соҳилмустаҳамкунӣ идома доранд. Давоми ду ҳафта 800 метр соҳили дарёчаи Оби мазор бо симтӯр мустаҳкам карда шуда, беш аз 3 километр роҳҳои ҳафт деҳа сангфарш карда шуданд.