Дар як сатр
Ҷавонтарин муҳаққиқи ономастика дар вилояти Хатлон
09:0725 май

Ҷавонтарин муҳаққиқи ономастика дар вилояти Хатлон

Забоншинос ва рўзноманигор Эраҷ Давлатови 29-соларо имрўз на танҳо дар доираҳои илмии Кўлоб хуб мешиносанду эътироф мекунанд, балки ин олими ҷавон бо натиҷаҳои намоёни илмиаш сазовори эҳтиром гаштааст.

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб
11:2027 апрел

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб

7 январи соли 1943 дар деҳаи Офтоблиқои Кӯлоб дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (1966) мебошад. Аз соли 1966 то инҷониб рӯзноманигорӣ мекунад. Раиси комитети телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб (1974-1981), котиби масъули бахши Кӯлобии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989), муовини муҳаррир, сармуҳаррири рӯзномаҳои вилоятии «Роҳи ленинӣ», «Хатлон» (1981-1988, 1990-1993), сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб», сарвари бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буд.

Ҳақназар Ғоиб муаллифи 30 маҷмӯаи ашъор, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад.

М. Абдураҳмонов: «Ба нафақа баромада бошам ҳам, қаламам ҳоло коргар аст»
09:5210 март

М. Абдураҳмонов: «Ба нафақа баромада бошам ҳам, қаламам ҳоло коргар аст»

Муқим АБДУРАҲМОНОВ
Соли 1938 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд (1961) ва мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд (1975-1977) аст. М. Абдураҳмонов собиқ муҳаррири рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (1971-1975), «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Ҳақиқати Хатлон», «Навиди Вахш» (1979-1992), «Шуълаи умед» (1999-2000) мебошад. Вай инчунин дар идораи рӯзномаҳои «Коммунисти Исфара» (1956), «Тоҷикистони Советӣ» (1977-1978) кор кардааст. Солҳои 1993-1999 хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд буд.

Дуои неки се момои табаррук (аксу видео)
15:5106 март

Дуои неки се момои табаррук (аксу видео)

Қаҳрамонони мо – момоҳои табаррук Зувайдахон, Ҳоҷар ва Сафарой ба бузургсолии худ нигоҳ накарда, хотираи қавӣ, пойи равон ва забонигӯё доранд. Бурро-бурро ҳарф мезананду шукронаи обу ободӣ ва сулҳу ваҳдат мекунанд. Ҳарзамон даст ба рӯ бурда, дуои нек медиҳанд: «Илоҳо, Тоҷикистони азизамон ободу тинҷуосуда бошад, Худованд Сарвари хирадмандамон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро дар паноҳаш нигоҳ дорад, ба фарзандону набераҳо умри бобаракат диҳад. Омин!».

Р. Раҳимзода: «Ба як зан 100 ҳунар камаст»
14:2706 март

Р. Раҳимзода: «Ба як зан 100 ҳунар камаст»

Суҳбати ихтисосии рӯзномаи «Хатлон» бо Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар пешорӯи 8 март - Рӯзи модар

Ф. Абдуллоева: «Қабул гардидани соли ҷавонон боиси ифтихор аст»
10:4904 феврал

Ф. Абдуллоева: «Қабул гардидани соли ҷавонон боиси ифтихор аст»

Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон шуд. Ба ин муносибат идораи рӯзномаи «Хатлон» бо Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, суҳбате орост.

«Двойник Путина»: инсони одӣ, суханонаш олӣ (видео)
15:4702 феврал

«Двойник Путина»: инсони одӣ, суханонаш олӣ (видео)

Воқеан аҷиб аст, ки инсон муддати зиёд ҷойе кор кунаду аксаран бо номи аслиаш ӯро нашиносанд. Бале, бале, ҳайрон нашавед. Дар асл қаҳрамони мо акаи Абдуназарро дар ҷойи кор анқариб касе бо номи худаш намешиносад. Зеро ӯро аҳли ҳамкорон аз рӯзи нахусти кор барои мушобеҳи Путин буданаш бо тахаллуси «двойник Путина» (Путини дуюм - Президенти Русия) садо мекарданд...

С. Носирзода: «Эътимоди мардум ба ниҳоди мо рӯзафзун аст»
16:0113 январ

С. Носирзода: «Эътимоди мардум ба ниҳоди мо рӯзафзун аст»

Соли гузашта аз тарафи Раёсат 436 адад ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шуд, ки аксари онҳо бевосита дар ҳамкорӣ бо мардум ошкор карда шуданд. Эътимоди мардум ба мақомоти мо рӯз аз рӯз бештар шуда истодааст. Танҳо дар соли гузашта 796 ариза ва муроҷиати шаҳрвандон оид ба амалҳои коррупсионӣ ба Раёсати агентӣ ворид гардидааст, ки ин далели иддаои болост