Дар як сатр
Аҷинатеппа набояд хароб шавад! (аксҳо+видео)
08:4612 январ

Аҷинатеппа набояд хароб шавад! (аксҳо+видео)

Ҳолати имрӯзаи харобаи маъбади буддоии Аҷинатеппа, мавзеи таърихие, ки аз қарнҳои 7-8 то ба мо расидааст, беҳбуд мехоҳад. Ин маъбад, ки ҳамчун мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО эътироф шудааст, дар қаламрави ноҳияи Вахш қарор дошта, аз таърихи қадимии водии Вахш ҳикоят мекунад.

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)
08:1518 декабр

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)

15 декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппа Меҳргон - яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинаҷод, ки маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё шуд, бо шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар хиёбони Ваҳдати шаҳр намояндагони ҳамаи 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, инчунин идораҳои кишоварзию ҳифзи муҳити зисти вилоят беҳтарин намунаҳои маводи кишоварзӣ ва маҳсулоти дар корхонаҳои истеҳсолӣ тавлидгаштаи худро манзури тамошогарон намуданд.

Сокини шаҳр будан масъулият надорад?
15:4409 ноябр

Сокини шаҳр будан масъулият надорад?

Чунин ба назар мерасад, ки фарқият дар одоби муошират, либоспӯшӣ, гаштугузор ва муносибат миёни сокинони шаҳрҳо ва рустоҳо рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Оё ин тамоюл пайомадҳои ногувори ахлоқиро ба дунбол нахоҳад дошт?

Акси садои хиёнатҳои наҳзатӣ (видео)
17:5113 сентябр

Акси садои хиёнатҳои наҳзатӣ (видео)

Ҳодисаи фоҷеабори 4-уми сентябрро барои мардуми тоҷик набояд ғайричашмдошт, тасодуфӣ, балои осмонӣ пазируфт. Ҳаргиз ин тавр нест. Мардуми тоҷик муддати 24 соли Истиқлолият дар хонаи худ морбача калон кард. Қисман онро хӯронд. Пӯшонд. Ба воя расонд. Нозу эркагиашро таҳаммул кард. Гарчанде хуб медонист ва медонад, ки ин ҳизб аз куҷо сармоя мегирад.

Палов ҳусн аст, ҳусни рӯйи хон аст (бо аксҳо ва наворҳои видеоӣ)
10:2417 август

Палов ҳусн аст, ҳусни рӯйи хон аст (бо аксҳо ва наворҳои видеоӣ)

Ошпазҳои моҳир аз тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон рӯзи 15 август дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъ омаданд, то бо таҳияи намудҳои гуногуни оши палав ҳунари ошпазии худро муаррифӣ намуда, ба даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Оши палав» роҳ ёбанд.

«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)
17:5104 август

«Қомат»-и деҳқон кай «рост» мешавад? (акс+видео)

Аксари кишоварзон иддао доранд, ки қарзҳои бонкии дарёфтаашон боимтиёз набуда, фоизи баланди он имкон намедиҳад, ки «қоматашонро рост» кунанд. Аммо мақомоти расмӣ мегӯянд, ки маҳз бо истифода аз ҳамин қарзҳои бонкӣ 30 фисади хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон худкифо шуда, дигар ба қарз ниёз надоранд.

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)
19:1530 июл

Занони кишоварз аз ҳақталабӣ метарсанд? (акс, инфографика, видео)

Шумораи зиёди занони хатлонӣ аз поймолшавии ҳуқуқи худ ба кору ҳифзи иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба замин шикоят мекунанд.
Теъдоде аз бонувон дар ҷануби Тоҷикистон ғайрирасмӣ - бе сабти фаълият дар дафтарчаи меҳнатӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва муассисаҳои хусусӣ заҳмат мекашанд.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон (аксҳо)
19:0813 июл

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ аз шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон (аксҳо)

13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба пойгоҳи қисми низомии 07017-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва шифохонаи ҳарбии гарнизони Хатлон ташриф оварданд. Дар инҷо меҳмонони олиқадрро тибқи оини низомиён, бо саф оростани ротаи қаровули фахрӣ ва таҳти навои оркестри ҳарбии нафасӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)
14:4626 июн

Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ояндаи наздик ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа боло рафта, ҳамзамон ҳаво дамгир хоҳад шуд. Табибони тоҷик ҳам ба афроде, ки фишори баланд ва бемории қалб доранд, тавсия додаанд, ки аз гаштугузор дар ҳавои гарм худдорӣ кунанд.

Ихтисоси 245 ҳазору 470 сомонӣ барои бозсозии 10 манзили аз офати табиӣ харобшуда дар Заркамар
08:0224 июн

Ихтисоси 245 ҳазору 470 сомонӣ барои бозсозии 10 манзили аз офати табиӣ харобшуда дар Заркамар

Бо дастгирии Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, ҷиҳати сохтмони 10 манзили истиқоматии сеҳуҷрадор барои зарардидагони деҳаи Заркамари ноҳияи Қубодиён аз офати табиӣ 245 ҳазору 470 сомонӣ ихтисос дода шуд.

Рақс як ҷузъи фарҳанги миллии мост
11:4111 июн

Рақс як ҷузъи фарҳанги миллии мост

Меҳри санъат ӯро аз яъсу ноумедиҳо берун кашид ва рисолати касбиаш, ки аз бахшидани ғизои маънавӣ ба мардум ва тарбияи фарҳангию ҳисси зебопарастии онон иборат аст, ӯро водор мекунад асарҳои тоза ба тоза эҷод ва ҳамеша дар пайи кор бошад.

Бе об ҳаёт нест
07:3910 июн

Бе об ҳаёт нест

Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об» идомаи иқдомоти Тоҷикистон дар масъалаҳои мудирияти устувори захираҳои обӣ маҳсуб мешавад.

Ҷавони хатлонӣ дар Африқо рекорд гузошт
11:4725 май

Ҷавони хатлонӣ дар Африқо рекорд гузошт

Қуллаи баландтарини Африқо бо номи Килиманҷароро, ки баландиаш 5895 метр мебошад, дар муддати 31 соат фатҳ намудам. Ин рекорд аст. Сертификати ин рекордро ба ман тақдим кардаанд. Аз замони фатҳи Килиманҷаро (11 январи соли 2014) қариб якуним сол мешавад, ки кӯҳнаварде ин рекордро нашикастааст...