Дар як сатр
Варзишгари хатлонӣ сарпараст меҷӯяд (видео)
08:1715 май

Варзишгари хатлонӣ сарпараст меҷӯяд (видео)

Исматулло Умаров, варзишгари тоҷик дар риштаи дастхобонӣ, дар шаҳри Екатеринбурги Россия қарор дорад. ӯ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат намуда, 2 каратҷоизадори чемпионати Осиё, 4 карат чемпиони Тоҷикистон буда, дорандаи 15 медали мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ва 7 медали мусобиқоти байналмилалӣ мебошад. Ҳамчунин, ҷоизадори фестивали байналмилалии «Шери тилоӣ»-и шаҳри Екатеринбург аст.

Зебост ин ҷо! (видео)
11:1127 апрел

Зебост ин ҷо! (видео)

Агар тарҳи муосири бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон далели устувории сулҳу субот ва гулгуншукуфии диёри азизамон бошад, бо саду як намуди лола гулпӯш намудани саҳни бинои мазкур делели дигари рӯз аз рӯз ободу зебо гаштани ин макони биҳиштосо аст.

Доруҳои пастсифатро cӯзонданд (аксу видео)
09:0119 апрел

Доруҳои пастсифатро cӯзонданд (аксу видео)

Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилояти Хатлон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки тиббиву санитарӣ аҳамияти хоса медиҳад. Назорати қатъии сифати доруворӣ бошад, маҳз аз ҳамин соҳа вобаста аст.

Малахро нест бояд кард! (видео)
15:1413 апрел

Малахро нест бояд кард! (видео)

Барои пешгирии паҳншавии ҳашаротҳои зараррасон, аз ҷумла малахи марокашӣ семинар-машварати вилоятӣ оид ба «Ташкили усулҳои мубориза бар зидди малах ва ҳашаротҳои зараррасон» дар Ҷамоати деҳоти «Озодӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

Дуои неки се момои табаррук (аксу видео)
15:5106 март

Дуои неки се момои табаррук (аксу видео)

Қаҳрамонони мо – момоҳои табаррук Зувайдахон, Ҳоҷар ва Сафарой ба бузургсолии худ нигоҳ накарда, хотираи қавӣ, пойи равон ва забонигӯё доранд. Бурро-бурро ҳарф мезананду шукронаи обу ободӣ ва сулҳу ваҳдат мекунанд. Ҳарзамон даст ба рӯ бурда, дуои нек медиҳанд: «Илоҳо, Тоҷикистони азизамон ободу тинҷуосуда бошад, Худованд Сарвари хирадмандамон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро дар паноҳаш нигоҳ дорад, ба фарзандону набераҳо умри бобаракат диҳад. Омин!».

«Двойник Путина»: инсони одӣ, суханонаш олӣ (видео)
15:4702 феврал

«Двойник Путина»: инсони одӣ, суханонаш олӣ (видео)

Воқеан аҷиб аст, ки инсон муддати зиёд ҷойе кор кунаду аксаран бо номи аслиаш ӯро нашиносанд. Бале, бале, ҳайрон нашавед. Дар асл қаҳрамони мо акаи Абдуназарро дар ҷойи кор анқариб касе бо номи худаш намешиносад. Зеро ӯро аҳли ҳамкорон аз рӯзи нахусти кор барои мушобеҳи Путин буданаш бо тахаллуси «двойник Путина» (Путини дуюм - Президенти Русия) садо мекарданд...

Дипломи 7-уми донишҷӯи 70-сола (аксу видео)
11:0726 январ

Дипломи 7-уми донишҷӯи 70-сола (аксу видео)

Ғуломҳайдар Искандаров, донишҷӯи 70-солаи тоҷик, ки барои гирифтани маълумоти 7-ум имсол ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дохил шуд, бо ғайратмандӣ, шавқи илмомӯзӣ ва серталабии худ устодону ҳамсабақони ҷавонашро дар ҳайрат гузошт.

Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)
11:5418 январ

Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)

Дар ин намоишгоҳ хоҷагиҳои ниҳолпарвар аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ниҳолҳои сертификатсияшудаи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, тухмии гулу гулбуттаҳо ва зироатҳои кишоварзиро ба ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ, соҳибкорони хусусӣ ва мардуми алоқаманд бо нархҳои дастрас пешкаш намуданд.

Зиндагии офтобии Ҷамшеду Сайёра (видео)
14:4313 январ

Зиндагии офтобии Ҷамшеду Сайёра (видео)

Ин ду нафарро барномаи «Чашми дил»-и радиои «Садои Душанбе», ки аз ҳаёти равшанзамирон қисса мекунад, ба ҳам овардааст. Вақте Ҷамшед дар ин барномаи радиоӣ сухан мегӯяд, Сайёра ҳамон лаҳза аз тариқи радио садои ӯро шунида, қалбашро гармӣ ва эҳсоси гуворое фаро гирифт…

Марҳамат, ба Хатлони бостон!
14:0811 январ

Марҳамат, ба Хатлони бостон!

Аз хонандаи арҷманд ҳам даъват мешавад, ки аксҳои зебои худро аз маҳалли зист ё ҳар мавзеи дигари дилфиреби Хатлон ба идораи рӯзнома бифиристад. Беҳтарин аксҳо дар сомона ва гӯшаи махсуси рӯзнома нашр шуда, ба озмуни «7 муъҷизаи Хатлон», ки ояндаи наздик эълон хоҳад шуд, роҳ меёбад.

«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар Бадахшон (аксҳо)
13:0426 май

«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар Бадахшон (аксҳо)

Дар «Корвони ваҳдат»-и Хатлонзамин шоирону ҳунармандони варзида, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, санъаткорони театрҳои вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ва Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб шомиланд.

Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд
07:2423 май

Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд

Азиз Шукуров варзишгари тоҷик дар риштаи вазнбардорӣ аст, дар ИМА кор ва тамрин мекунад. Ӯ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, 8 карат мақоми чемпиониро сазовор гаштааст.

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор
13:0109 май

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Муҳаммадӣ Ҳамроевро соли 1942 барои таҳсил дар омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Катта-Қӯрғони ҶШС Ӯзбекистон роҳӣ мекунанд. Соли 1943 ин ҷавони 18-соларо аллакай командири взвод таъин намуданд. Моҳи ноябри соли 1943 Ҳамроев бо ихтиёри худ ба Украина, ба фронт рафта, он ҷо низ раҳбарии взвод дар полки тирандози 344-умро ба дӯш дошт. Соли 1945, дар ҷараёни набард бо душман аз пояш сахт захмӣ шуд, аммо то поёни ҷанг ва ба даст овардани Ғалаба, лейтенант Муҳаммадӣ Ҳамроев дар фронт буд.