Дар як сатр
Наврӯз дар «Наврӯзнома»-и Туғрали Аҳрорӣ
11:0421 март

Наврӯз дар «Наврӯзнома»-и Туғрали Аҳрорӣ

Дар миёни осори гаронбаҳои удабои форсу тоҷик «Наврӯзнома»-и Туғрал, ба андешаи инҷониб, мақоми хосеро дорост. Асари мазкур дар баробари шеърҳои дилписанд дар васфи Наврӯз, ҳамчунин ин мероси ниёгонро аз нуқтаи назари илми ситорашиносӣ ба баррасӣ гирифтааст. Туғрал аз ҷумлаи маҳдудшоирони классик аст, ки чӣ гуна омадани Наврӯзро вобаста ба рӯзҳои ҳафта тасвир кардааст.

Темурмалик. Бунёди бинои мактаб дар Кушкия
09:4920 март

Темурмалик. Бунёди бинои мактаб дар Кушкия

Дар деҳаи «Гурулдӣ»-и ҷамоати деҳоти «Кушкия»-и ноҳияи Темурмалик бо мусоидати молиявии Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт мактаби нав иборат аз шаш синфхона ва дафтари омӯзгорон бунёд гардид.

Омӯзгори соҳибиззат
10:1414 март

Омӯзгори соҳибиззат

Моҳи августи соли 2002-ум ҳангоми рух додани офати табии дар деҳаи Дашти ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бисёр оилаҳо аз хонаву дар маҳрум гардида, бесарпаноҳ монданд. 28 нафар бошандагони деҳа (бо аҳли оила) зери сел монданд. 5 нафар аз маскунони зериселмонда наберагони устод буданд. Ин ҳам зарбаи сахту вазнине буд, ки олами рӯшанро дар назари ин марди зиндадил тира месохт.

Муаллифи беш аз 70 китоб ва хаттоти машҳур даргузашт
21:5809 март

Муаллифи беш аз 70 китоб ва хаттоти машҳур даргузашт

Дар ноҳияи Бохтар маросими ҷанозаи яке аз шахсиятҳои маъруфи илму ирфон Махсуми Қорӣ Пӯлодхон бо иштироки анбуҳи зиёди мардуми намозгузор барпо гардид. Дар маросими сӯгвории ӯ шахсиятҳои шинохтаи дину адаб, аз ҷумла домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ иштирок намуданд. Марҳум муддати умри 84-солаи худ беш аз 70 китоби назмию насрӣ эҷод намуда, беш аз 40-тои онро ба нашр расонидааст.

Ташаккули худшиносии миллӣ барои мо зарур аст
20:2809 март

Ташаккули худшиносии миллӣ барои мо зарур аст

Вақти он расидааст, ки дар баробари аз гузаштаи худ ифтихор намудан худ низ ба дараҷаи ифтихормардӣ расем, мӯҷиби тафаккури дигарон бошем. Зиндагии имрӯзаву ояндаамон аз наслҳои нав маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, донистани технологияи навтарин ва забондониро талаб мекунаду танҳо тавассути ақлу хирад, донишу истеъдод метавонад ба рушди ҷомеа такони ҷиддӣ бахшид ва ба сӯйи фардои нек устуворона қадам ниҳод.

Ҳувияти миллӣ дар таърихи тоҷикон масъалаи калидист
13:2227 феврал

Ҳувияти миллӣ дар таърихи тоҷикон масъалаи калидист

Миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад.

Аввал бур биёр, баъд дарс мехони!
13:1424 феврал

Аввал бур биёр, баъд дарс мехони!

- чунин аст таъкиди бархе аз омӯзгорони макотиби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба толибилмон, ки бо умеди тадрис по ба остонаи мактаб мегузоранд.

Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ
14:0318 феврал

Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон барои донишҷӯёни риштаи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ 740 адад китоби таълимӣ тақдим шуд.

Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ
13:1904 феврал

Н. Хусрав. Таҳсили 3528 хонанда дар синфҳои ӯзбекӣ

Дар ҷараёни таътили зимистона 31 нафар омӯзгори ноҳияи Носири Хусрав дар шаҳрҳои Душанбею Қӯрғонтеппа аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, донишҳои худро сайқал доданд. Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимии рақами 11, 12, 14, 18 ва 19 дар олимпиадаи вилоятии мактаббачаҳо фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ноил гардиданд.

12 номзади илм дар ДЭТ
21:5402 феврал

12 номзади илм дар ДЭТ

Маоши як басти кори профессор дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 2075 ва дотсент 1875 сомонӣ муқаррар шудааст. Пасттарин маоши омӯзгор дар донишкада 617 сомонӣ аст, ки ба омӯзгорон-ассистентон дода мешавад.

56 ҳазор сомонӣ ба ҷайби кӣ рафт?
14:5131 январ

56 ҳазор сомонӣ ба ҷайби кӣ рафт?

Аз замони ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ алайҳи Насимхон Абдураҳмонов, раиси ҶДММ «Меъмор», ки дар азхудкунии маблағҳои барои сохтмони синфхонаҳои мактабӣ дар ноҳияи Ҷомӣ гумонбар дониста мешавад, беш аз ду сол сипарӣ гардид, аммо то ҳанӯз ӯ боздошт нашудааст.

Олими комёб дар чор самти таҳқиқ
12:1730 январ

Олими комёб дар чор самти таҳқиқ

«Муҳимтарин чиз тарбияи иштиёқ ва муҳаббат ба илм аст. Дар акси ҳол, мо маркабҳоеро пеши рӯ хоҳем дошт, ки зери бори китоб мондаанд», - мудом мегӯяд профессор Ҳасани Муродиён.