Дар як сатр
Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон
13:0204 март

Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, давоми 8 соли гузашта, дар ҷумҳурӣ 4608 нафар омӯзгори ҷавон бо имтиёз таъмин карда шудаанд, ки аз он 2792 нафар бо замини наздиҳавлигӣ, 514 нафар бо замини полезкорӣ ва боғдорӣ ва 1302 нафар бо қарзи имтиёзок мебошанд.

Номаи сипоси «духтари Президент»
10:1924 феврал

Номаи сипоси «духтари Президент»

«Зан оинаи поку беғубор, инъикосгари симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар халқу миллат ва давлат аст. Ба ин маънӣ, шумо оинаи Тоҷикистон ҳастед, ки сатҳи хираду маърифат, одобу ахлоқ, камолоту пешрафт, гузашта ва имрӯзу ояндаи миллату давлати моро дар худ таҷассум мекунед. Орзу мекунам, ки ин оина ҳамеша покизаву мусаффо, зебову пурҷило ва беосебу ҷаҳоноро бошад».
(Аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон
дар Анҷумани иттиҳодияҳои занони кишвар,
26 апрели соли 1997)

Баррасии нақши занон дар рушди илм
12:0016 феврал

Баррасии нақши занон дар рушди илм

Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, аз набудани докторони илм аз ҳисоби занҳо дар вилоят изҳори нигаронӣ кард. Ӯ ин нуктаро12-уми феврал дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, дар ҷамъомади илмии занон, ки бахшида ба «Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» доир гардид, баён намуд.

Синфхонаҳои нав дар Восеъ ва Темурмалик
16:4512 феврал

Синфхонаҳои нав дар Восеъ ва Темурмалик

Сохтмони 5 синфхонаи иловагӣ барои 125 ҷойи нишаст дар назди МТМУ №15-и ноҳияи Восеъ дар ҳоли анҷомёбӣ буда, интизор меравад, ки дар арафаи таҷлили Иди Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Рӯ ба рӯ бо мардум
16:1311 феврал

Рӯ ба рӯ бо мардум

Дар асоси нақша-чорабиниҳо раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ вазифадор гардиданд, ки нақша-чорабиниҳо таҳия намоянд, ба аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ бори дигар мазмуну муҳтаво ва ҳадафҳои Паёми Роҳбари давлатро доир ба сиёсати дохилию хориҷӣ фаҳмонда диҳанд.

Паёми Пешво саодати рӯзгори мост
12:4710 феврал

Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ, аз ҷумла омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои русиву англисӣ дар минтақаҳои кишвар аз мушкилоти асосии соҳа махсуб меёфтанд ва бо дастури Пешвои миллат, масъулони соҳа вазифадор карда шуданд, ки то чор соли оянда масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин кардани муассисаҳои таълимиро ҳал намоянд.

ДЭТ «Нурафшон»-ро таъсис дод
16:2202 феврал

ДЭТ «Нурафшон»-ро таъсис дод

- Дар шуъбаҳои рӯзонаи аспирантураи мактабҳои олии хориҷи кишвар тавассути квотаи байналмилалии президентии «Дурахшандагон» 3 нафар хатмкардаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, бо квотаи Федератсияи Россия 2 нафар, аз ҳисоби буҷаи Россия 2 нафар, маблағҳои махсуси донишкада 2 нафар ва дигар сарчашмаҳо 2 нафари дигар таҳсил доранд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Хайрулло Назаров.

Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав
11:4928 январ

Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Дар соли нави таҳсили 2016-2017 дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ихтисосҳои нав, аз қабили «назария ва амалияи тарҷума (забонҳои англисӣ ва русӣ)», «сиёсат ва идораи давлатӣ», «таъриху фарҳангшиносӣ» ва ғайра таъсис дода мешаванд.

Бунёди мактаби нав дар Ёвон
15:0027 январ

Бунёди мактаби нав дар Ёвон

Дар деҳаи «Навобод»-и ноҳияи Ёвон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷопон мактаби нав барои 200 хонанда сохта шуд.

Намоиши театрӣ дар таътили зимистона
08:3816 январ

Намоиши театрӣ дар таътили зимистона

Шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои хушу гуворо гузаштани таътили зимистонаи муҳассилон чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзиширо роҳандозӣ намудаанд.

ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд
09:4614 январ

ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

Чанд соли охир сифати таълиму тадрис дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав беҳтар гардидааст. Ҳамчунин базаи фаннӣ ва моддии он қавитар шуда, дар ин замина таъмиру таҷдид ва ободониҳо низ мунтазам идома доранд. Натиҷагирие, ки мо аз ҳисоботи ректори донишгоҳи мазкур Муҳаммад Шодиён оид ба ҷамъбасти фаъолияти донишгоҳ дар соли сипаригардида кардем, бароямон аён шуд - устодону донишҷӯёни муассиса ба дастовардҳои чашмраси илмӣ ноил гаштаанд.

«Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳоӣ дастовардҳо зиёданд»
09:3209 январ

«Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳоӣ дастовардҳо зиёданд»

Дар нишасти хабарии раиси вилояти Хатлон, ки 8 январ сурат гирифт, беш аз 20 хабарнигор аз расонаҳои хабарии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзиданд. Тӯли 1,5 соат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қариб ба 15 саволи журналистон посух дод. Саволи хабарнигорон ба масъалаҳои рушди кишоварзӣ, таъмини амнияти марзҳои давлатӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба зимистон, баҳсҳо атрофи масоили ҳиссаҷудокунии маблағ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва идомаи бунёди беморхонаи қалб дар маркази шаҳр, аз дотатсияи давлатӣ баромадани шаҳри Норак ва ноҳияи Ховалинг дар соли 2016 марбут буд.