Дар як сатр
Мулоқот бо нависандаи халқӣ
10:2610 апрел

Мулоқот бо нависандаи халқӣ

Дар Кохи фарҳангии ДДҚ ба номи Носири Хусрав вохӯрии донишҷӯён бо Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самадов баргузор гардид.

Ҳадяҳои ДДҚ ба 300 ятим
10:2003 апрел

Ҳадяҳои ДДҚ ба 300 ятим

Маъмурияти Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кумак расонид.

Дар партави Паём ва соли 2017 - «Соли ҷавонон»: «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор вобастагии зиёд дорад»
13:4623 март

Дар партави Паём ва соли 2017 - «Соли ҷавонон»: «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор вобастагии зиёд дорад»

Дар Паёми навбатӣ нуқоти хеле ҷолибу возеҳ баён гардидааст: «Вобаста ба ин, аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати хонандагон ва наврасону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои замони муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишандӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд».

«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»
10:0610 март

«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

Дар толори Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» барпо гардид. Ҳамоиши мазкур, ки бо ибтикори идораи рӯзномаи «Хатлон» ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир шуд, ба 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи матбуоти тоҷик бахшида шуда буд. Дар кори конфронс муовини раиси вилояти Хатлон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар, директори муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, сармуҳаррирони расонаҳои вилоятӣ ва нашрияҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва хабарнигорони ВАО-и маҳаллию байналмилалӣ иштирок намуданд.

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд
10:3307 март

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

Шурӯъ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон тамоми ташкилотҳо таҳти унвони «Корвони маърифат» ба шаҳру ноҳияҳои вилоят раҳсипор гардида, оид ба таҳким бахшидани сулҳу суботи кишвар, коҳиш додани сатҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани савияи дониш, беҳтар гардонидани саломатии мардум, пешгирии никоҳи хешу таборӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, пешгирии экстремизм ва терроризм миёни ҷавонон, бо сокинон мулоқотҳои судманд гузаронида истодаанд. Ин навбат «Корвони маърифат» меҳмони сокинони шаҳри Сарбанд гардид.

Саҳми занон дар рушди илми муосир
09:4316 феврал

Саҳми занон дар рушди илми муосир

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо иқдоми Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлону ноҳияи Данғара конфронси илмӣ таҳти унвони «Занон ва рушди илми муосир» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм баргузор гашт.

ДДК: 2 рисолаи докторӣ ва 16 рисолаи номзадӣ омодаи дифоъ аст
19:4008 феврал

ДДК: 2 рисолаи докторӣ ва 16 рисолаи номзадӣ омодаи дифоъ аст

8 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2016 дар даври ниҳоии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (ифтихорномаҳо) гардидаанд. Дар ин бора маъмурияти ДДК зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад
09:1506 феврал

Шамъи худсӯзе, ки қалбҳоро мунаввар месозад

Ӯ ҳамеша мекӯшад, ки ба эътимод ва таваҷҷуҳи шогирдони худ сазовор шавад, зеро дуруст медонад, ки агар тарбиятгар ба ин мақсад бирасад, ба ҳама комёбиҳо ноил хоҳад шуд. Ӯ таълиму тарбияи насли наврасро вазифаи худ медонад ва ин аст, ки беш аз нисфи умраш ба кори мактаб, пайи касби омӯзгорӣ сипарӣ шудааст. 26 сол боз ин омӯзгори асил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Тӯли ин солҳо Ҷамила Санавбарова пайваста дар соҳибилм шудани насли наврас кӯшиш ба харҷ медиҳад, то насли шоистаи даврон, насли донишманду ватандор, насли ояндасози тоҷикро ба воя расонад.

Духтарон мехоҳанд таҳсил кунанд, вале....
08:4406 феврал

Духтарон мехоҳанд таҳсил кунанд, вале....

Илму дониш дар ҳама давру замон такондиҳандаи фикру ақидаи шахс буд ва мемонад. Дониш инсонро дар ҳама ҷо обрӯманд ва муваффақ мегардонад. Инсони босавод тамоми мушкилоти зиндагиро бартараф карда метавонад ва намегузорад, ки оила ва ҷомеа ба парокандагӣ дучор ояд.

Таъсиси 12 ихтисоси нав дар ДДҚ
15:0201 феврал

Таъсиси 12 ихтисоси нав дар ДДҚ

Дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, 12 ихтисоси дигар боз шуд, ки имсол қабули довталабонро тариқи ММТ ба роҳ мемонад.

Дипломи 7-уми донишҷӯи 70-сола (аксу видео)
11:0726 январ

Дипломи 7-уми донишҷӯи 70-сола (аксу видео)

Ғуломҳайдар Искандаров, донишҷӯи 70-солаи тоҷик, ки барои гирифтани маълумоти 7-ум имсол ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дохил шуд, бо ғайратмандӣ, шавқи илмомӯзӣ ва серталабии худ устодону ҳамсабақони ҷавонашро дар ҳайрат гузошт.

Дар 10 сол ҳамагӣ 1933 омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст
10:5925 январ

Дар 10 сол ҳамагӣ 1933 омӯзгори ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ шудааст

Дар соли таҳсили 2016-2017 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон 232 омӯзгор намерасад. Дар ин бора Ҳокимхон Вализода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар ҷараёни нишасти хабариаш иттилоъ дод.

«Олимпиадаи байналхалқӣ»: санҷиши неруи зеҳн ё маъракаи пулғундорӣ?
17:3213 январ

«Олимпиадаи байналхалқӣ»: санҷиши неруи зеҳн ё маъракаи пулғундорӣ?

Гуфтанд: «Раёсати маориф барои иштироки 230 нафар хонанда дар ин санҷиш дархост дода будааст. Аммо шумораи толибилмони ҳозиршуда аз 1000 нафар зиёдтар аст. Бинобар ин, ҳоло варақаҳои имтиҳониро нусхаафзоӣ карда истодаанд…» Аҷаб коре? Наход олимпиадаи байналмилалӣ бо чунин ҳамоҳангии заиф ва кутоҳбинона сурат бигирад?! Ё мақсад танҳо ҷамъ овардани маблағи иштирокчиён аст?!