Дар як сатр
Ихтисоси 3 миллиард сомонӣ барои рушди маорифи кишвар
07:0326 январ

Ихтисоси 3 миллиард сомонӣ барои рушди маорифи кишвар

Соли гузашта шумораи кӯдакистонҳо дар кишвар аз 508 ба 527 расида, шумораи кӯдаконе, ки дар ин муассисаҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, қариб 80 500 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 беш аз 4000 нафар зиёд мебошад. Ё худ дар кишвар соли 2012-ум 711 маркази инкишофи кӯдакон амал мекард ва соли 2014 шумораи онҳо ба 1061 расида, 26 000 нафар кӯдаконро фаро гирифтаанд.

Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст
06:2826 январ

Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

«Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст».

Тарбиятгари наслҳои ояндасоз
14:5222 январ

Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Чеҳраи нуронӣ ва маҳорати баланди омӯзгорӣ, одамият ва нармгуфторӣ, донишмандию хушбаёнии Гулғунча Ёрасенова барои пиру барнои Вахшонзамин ошност. Тӯли 48 соли фаъолияти бенуқсонаш ин омӯзгори собиқадору сарсупурдаи мактабу маорифи тоҷик собит кардааст, ки устоди касби хеш асту бо қобилияти хуби муносибатсозиаш бо кӯдакон, усулҳои ҷолиби таълимаш, сухани таъсирбахшу соҳибкасбиаш маҳбуби ҳамагон гаштааст.

Инсонгаро ва ваҳдатсаро
14:4022 январ

Инсонгаро ва ваҳдатсаро

Саъдӣ бо шеваи ширини баёни хеш азамат ва бузургии инсонро тавсиф мекунад ва дар навбати худ ба инсонҳо риҷъат ва хештанро меомӯзад. Бемуҳобот Саъдӣ ҳамосаи инсонро дар «Гулистон» офаридааст, ки он маҳсули ҳамдастии инсонҳо, офариниш, воқеият ва ҳастӣ, марг ва зиндагӣ, ҳақиқат ва тариқат аст, маҳсули даст ба дасти ҳамдигар додани инсонҳост, ки онро ба вожаи маъмул ваҳдати миллӣ меноманд.

Сабру таҳаммул дар таълимоти Имоми Аъзам
14:0119 январ

Сабру таҳаммул дар таълимоти Имоми Аъзам

Вазъияте, ки имрӯз дар ҷомеаи башарӣ ба миён омадааст, аз инсонҳо ҳамкорӣ, гуфтушунид, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, истифодаи дастовардҳои илмиву технологии тамоми инсоният ва арзишҳои беҳтарини умумибашариро тақозоменамояд. Дар шароити ҷаҳони муосир ин раванд суръат гирифта, таҳким ёфта истодааст. Дар ин росто, ба халқи тоҷик зарур аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллии хеш арзишҳои беҳтарини умумибашариро истифода намояд. Дар баробари ин, сират ва симои миллии худро нигоҳ дошта тавонад. Дар ҳалли ин проблема фарҳанг ва тамаддуни дини ислом низ метавонад аҳамияти хеле бузургро доро бошад.

Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб
22:3114 январ

Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб

Ҷанозаи профессор 14 январ дар оромгоҳи «Ҳазоро»-и шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шуд. Соат Чалишев адабиётшинос, фолклоршинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон, аълочии мактаби олии Иттиҳоди Шӯравӣ, доктори илмҳои филологӣ ва яке аз муҳаққиқони осори шоири маъруф Саидалӣ Вализода буд.

Чаро аз 29 мактаб касе шомили донишгоҳ нашуд?
18:1713 январ

Чаро аз 29 мактаб касе шомили донишгоҳ нашуд?

Аз 29 мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хатлон соли гузашта тариқи Маркази миллии тестӣ ягон нафар хатмкунанда шомили донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон нашудааст.

Вазорат: Дар таътил омӯзгорону муҳассилон китоб хонанд
17:4513 январ

Вазорат: Дар таътил омӯзгорону муҳассилон китоб хонанд

Ин фармоиши вазири маориф ва илм 29 декабри соли 2014 имзо шуда, тибқи он дар давраи таътили зимистона омӯзгорони мактабҳо бояд китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро мутолиа намоянд. Ҳамзамон дар фармоиш зикр шудааст, ки омӯзгорон дар давоми таътили зимистона бояд аз курсҳои омӯзиши компютер гузаранд ва диққати хонандагонро ба хондани китобҳои бадеӣ ҷалб намоянд.

Тақдими китоб ба мактабҳои Ҷиликӯл
20:3502 январ

Тақдими китоб ба мактабҳои Ҷиликӯл

Дар чаҳорчӯби барномаи «Хониши оилавӣ», ки бо дастгирии Хазинаи Оғохон дар ноҳияи Ҷиликӯл амалӣ мегардад, ба толибилмони 20 мактаби ин ноҳия 500-ададӣ китобҳои бадеии бачагона мувофиқ ба кӯдакони 3-6-сола ройгон ироа гардид.

Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузург
15:0201 январ

Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузург

Устод гавҳаршиносанд, ба ҳар шогирд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, вижагии хислат, тавоноӣ ва дониши шогирдро дуруст арзёбӣ ва ба суди худи ӯ истифода мекунанд, ки аз касбияти баланди он кас шаҳодат медиҳад.