Дар як сатр
«Корвони маърифат» ба Хуросон омад
14:1108 феврал

«Корвони маърифат» ба Хуросон омад

Чорабинии маърифатию иттилоотии «Корвони маърифат», ки бахшида ба 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ташкил ёфта, дар он намояндагони соҳаҳои илм, тандурустӣ, фарҳанг, шуъбаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ва ВАО шомиланд, ба ноҳияи Хуросон расид.

«Асарҳои саҳнабоб»-и Аловуддин
15:1501 феврал

«Асарҳои саҳнабоб»-и Аловуддин

Аловуддин Абдуллоев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, чанде пеш китоби тозанашри худро бо номи «Асарҳои саҳнабоб» муаррифӣ намуд.

Куллиёти Бедил 20 сол дар дасти кӣ буд?
09:2231 январ

Куллиёти Бедил 20 сол дар дасти кӣ буд?

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 400 китоби гаронарзиши С. Сатторзодаро аз хонааш рабуданд. Бо гузашти беш аз 20 сол аз вуқӯи он ҳодиса ду адади онро ба таври ғайриинтизор бозпас оварданд ва ба худи ӯ… фурӯхтанд.

Бо пироҳани миллӣ мо аз ҷамъият дур нахоҳем шуд
08:4931 январ

Бо пироҳани миллӣ мо аз ҷамъият дур нахоҳем шуд

Ҳар як халқият дорои хусусиятҳои фарқкунандае мебошад, ки муаррифгари давлату миллаташ ба шумор меравад. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи миллати тоҷик либоси миллии ӯст, ки ҳамчун алмос ҷавоҳирони тоҷикро дурахшандатар мегардонад. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза ин раванд аз байн рафта истодааст. Шояд баъди чанд сол миллати тоҷик, ки яке аз миллатҳои бостонӣ ва тамаддунпарвар ба шумор меравад, боигарии фарҳангии худро аз даст диҳад. Ин фоҷиа барои халқи тоҷик такони бузург аст, ки миллатро ба бегонапарастӣ оварда мерасонад.

«Корвони Маърифат» аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ мешавад
16:0726 январ

«Корвони Маърифат» аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ мешавад

Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, мулоқоту вохӯриҳо ва барномаҳои «Корвони Маърифат» 28 январи соли 2017 аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ шуда, 17 июни соли 2017 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъбаст мегарданд.

Як рӯзи «талбандагӣ»-и се дониҷӯ
10:5321 январ

Як рӯзи «талбандагӣ»-и се дониҷӯ

Се донишҷӯ - коромӯзи рӯзномаи «Хатлон» барои кушодани гиреҳи «шуғл» дар нақши лӯлӣ «талбандагӣ» карда, тадқиқоти журналистӣ гузарониданд.

Панҷ. Китобхонаи марказӣ дар чӣ ҳол аст?
14:5314 январ

Панҷ. Китобхонаи марказӣ дар чӣ ҳол аст?

Ё чаро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ аз вазъи бахши фарҳанг ва бинои хабробшудаи китобхонаи марказии ноҳия бетарафиро ихтиёр намудааст?

Идомаи маҳофили эҷодкорони Хатлон дар Роштқалъа
11:4628 май

Идомаи маҳофили эҷодкорони Хатлон дар Роштқалъа

Дар ин ҷамъомад Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, адибон Ғаффоралӣ Сафар, Усмон Билолӣ, Чӯпон Бадал ва адибони ноҳияи Роштқалъа иштирок карда, доир ба Ваҳдати миллӣ, Истиқлолият, Ватан ва хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша намуда, иброз доштанд, ки Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳо буда, онро бояд ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

«Шоми ваҳдат» ва маҳфили адибони Хатлонзамин дар ноҳияи Роштқалъа
12:5327 май

«Шоми ваҳдат» ва маҳфили адибони Хатлонзамин дар ноҳияи Роштқалъа

Дар мавзеи Шошиндашти ноҳияи Роштқалъа “Корвони Ваҳдат”-и Хатлонро раиси ноҳия Юсуф Султонноёбов ва дигар намояндагони расмии ноҳия бо нону намак, шеъру суруд ва бо як дилгармии хоса истиқбол намуданд.

«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар Бадахшон (аксҳо)
13:0426 май

«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар Бадахшон (аксҳо)

Дар «Корвони ваҳдат»-и Хатлонзамин шоирону ҳунармандони варзида, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят, санъаткорони театрҳои вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ва Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб шомиланд.

Гунҷишкро кӣ кушад? – Қассоб
09:3917 май

Гунҷишкро кӣ кушад? – Қассоб

Дар баромади худ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади бахшида ба истиқболи «Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ», 04 октябри соли 2012 дар бинои театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе, оид ба беҳдошти забони давлатӣ чунин андешаи муҳимму мубрами замонро иброз доштанд: «Номҳое, ки бо мурури замон тағйир ёфтаанд, имрӯз дар асоси осори куҳани хаттӣ бояд дар шакли дуруст барқарор карда шавад. Аммо, мутаассифона, дар ин самт камбудиҳо зиёд ба мушоҳида мерасанд. Вазорати маориф, фарҳанг, кумитаи телевизион ва радио, умуман мақомоти ҳокимияти давлатиро лозим аст, ки то дар бораи бартараф намудани камбудиҳо чораҳо андешанд».

Тоҷикистони азизам, модари ҷони манӣ
09:0417 май

Тоҷикистони азизам, модари ҷони манӣ

Одати Алиҷон ҳамин аст, ки ҳар рӯзи нав аз равзанаи умед дамидани субҳи содиқро истиқбол мегирад. Ин субҳ низ ӯ назди равзана нишаст. Субҳи сафою насими форами пагоҳӣ ба ӯ илҳоми тоза мебахшиданд. Ин субҳ бошад, чашми Алиҷон ба манзарае афтод, ки диққати ӯро бештар ба худ кашид.

Таҷлили Рӯзи шашмақом дар Қӯрғонтеппа
18:1812 май

Таҷлили Рӯзи шашмақом дар Қӯрғонтеппа

Имрӯз ба муносибати Рӯзи шашмақом дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа намоиши консертии ансамбли шашмақомсароёни Хатлон баргузор гардид.

Носталжӣ: нишонаҳои бозмонда аз замони Шӯравӣ
19:1908 май

Носталжӣ: нишонаҳои бозмонда аз замони Шӯравӣ

Аз замони пошхӯрии Шӯравӣ, инак, 25 сол сипарӣ мешавад. Бо пешрафти замон симои кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Қӯрғонтеппа тағйир ёфта, ҷойи сохтмонҳои замони шӯравиро батадриҷ биноҳои наву мудерн иваз мекунанд.

Ҳамакнун, чунин ба назар мерасад, ки шумори мавзеъҳое, ки аломатҳои даврони шӯравиро дошта бошанд ва аз он рӯзгор ёдовар шаванд, рӯ ба коҳиш аст.