Дар як сатр
Корвони маърифат
10:2603 апрел

Корвони маърифат

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ “Корвони маърифат” дар ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, мулоқоту вохӯриҳои хешро идома бахшид.

Таҷассумгари некию покӣ ва меҳрубонию хайрхоҳӣ
10:5728 март

Таҷассумгари некию покӣ ва меҳрубонию хайрхоҳӣ

Наврӯз ҷашни миллии мардумони форсинажод буда, таърихи хеле қадимӣ дорад. Дар бораи қадимӣ будани ин иди миллӣ донишмандони хориҷӣ ва олимони форсизабон дар асарҳои худ маълумоти мухталиф овардаанд.

Чакандӯзе аз диёри чакан
14:1627 март

Чакандӯзе аз диёри чакан

Зане, ки ойинҳои бостонии мардумони ориёиро эҳё кард, бо нақшу нигору ханда, ки рамзи чакан аст, ба дилҳо умед бахшид, лолаву булбул, барги беду пар-пару себаргаву бас нақшҳои бебаҳо, қошу чашму мораку меҳробу беду гулангорро андар сӯзании наварӯсон наққошӣ намуду ба хонаи бахт гуселашон кард, Моҳшариф Шарифоваи гулдаст мебошад.

Тантанаҳои Наврӯзӣ дар маркази вилоят
14:0824 март

Тантанаҳои Наврӯзӣ дар маркази вилоят

Субҳи 24 март дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа тантанаҳои наврӯзӣ аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ оғоз гардида, дар варзишгоҳи "Пахтакор" бо барномаи театрикунонидаи наврӯзӣ идома кард.

Наврӯзи ҷаҳонӣ - Наврӯзи ҷавонӣ
09:2024 март

Наврӯзи ҷаҳонӣ - Наврӯзи ҷавонӣ

Бо ибтикор ва талошҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи бостонии ниёгонамон чун бузургтарин мероси тамаддун ба феҳристи созмони байналмилалии ЮНЕСКО шомил гардид.

Наврӯзи ҷаҳонӣ - Наврӯзи ҷавонӣ
09:2023 март

Наврӯзи ҷаҳонӣ - Наврӯзи ҷавонӣ

Бо ибтикор ва талошҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи бостонии ниёгонамон чун бузургтарин мероси тамаддун ба феҳристи созмони байналмилалии ЮНЕСКО шомил гардид.

Гузориш аз тантанаҳои вилоятии Наврӯз дар Фархор (аксҳо)
15:4322 март

Гузориш аз тантанаҳои вилоятии Наврӯз дар Фархор (аксҳо)

Тавре ки шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар медиҳад, дар макони баргузории чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни Наврӯз дастурхони идона аз рӯйи ҳафт сину ҳафт шин ороста шуда, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангӣ доир гардиданд. Нимаи дуюми рӯз мусобиқаи варзишии гӯштин дар варзишгоҳи марказӣ, пойга ва дигар намуди мусобиқаҳо дар Ҷамоати деҳоти Гулшан барпо шуд.

Наврӯз иди ваҳдати табиат ва инсон аст
10:1421 март

Наврӯз иди ваҳдати табиат ва инсон аст

Инак, ба сарзамини куҳанбунёди мо боз бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёинажод - Наврӯзи хуҷастапай бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ва бо паёми тозаи рӯзу рӯзгори нав фаро расид. Накҳати тозаю ҷонбахши боди наврӯзӣ ба дилҳо шодию фараҳ бахшида, рӯҳу ҷонро болида мегардонад.

«Наврӯзи ҷаҳонӣ – Наврӯзи ҷавонӣ»
16:4306 март

«Наврӯзи ҷаҳонӣ – Наврӯзи ҷавонӣ»

Сенарияи барномаи фарҳангии таҷлили Наврӯз, ки тантанаҳои вилоятии он имсол дар ноҳияи Фархор баргузор мешавад, интихоб ва тасдиқ шудааст.

Шаш нақши муҳими зан
08:0906 март

Шаш нақши муҳими зан

Ҳарчанд калимаи «хушдоман» аз решаи «хуш» гирифта шудааст, аммо гоҳе мардум дар бораи хушдоман ба оҳанги манфӣ суҳбат мекунанд. Баробари гирифтани номи хушдоман симои як зани бадқаҳру пурғазаб пеши рӯ меояд. Қобили таъкид аст, ки хушдоман низ модар аст, модари келину домод. Хушдоман низ бояд домони хуш дошта бошад ва дар он домон нафареро, ки аз хислату рафтор, гуфтору пиндори ӯ бехабар аст, оҳиста-оҳиста ба дунёи худ мутобиқ намояд ва парвариш кунад. Хушдоман вақте ба хотири хушбахтии фарзанд муҳити мувофиқро барои келин муҳайё месозад, ӯро ҳамеша дарк мекунаду чун модар ғамхор мешавад, бо гуфтору рафтор, муҳаббату муносибати ӯро бо дигар аъзои оила қавитар месозад, ба ҳар як кори майда-чуйда эрод намегираду чун фарзанд тавсифаш менамояд. Дар ин сурат ҷойи шубҳа ва бадбинии хушдоман намемонад. Зеро ҳастанд келинҳое, ки хушдоманро чун модари хеш дӯст медоранд ва ин аз малакаву маҳорат, поктинативу хайрандешии хушдоман дарак медиҳад. Агар аз уҳдаи ин нақш барояд, бурди ӯст ва муваффақ мешавад, агар не, бар зарари ӯ хоҳад буд.

Ёвон. “Корвони маърифат”-ро истиқбол гирифт
09:4016 феврал

Ёвон. “Корвони маърифат”-ро истиқбол гирифт

Бо қадамҳои корвониёни пуранвор аз маърифату иттилооти сара, хизматрасониҳои ройгону маҳфилҳои адабию фарҳангӣ, ки аз як маҳал ба маҳалли дигар мерасад, ҳадафи он бештар рӯшан гардида, ба истиқболашон чорабиниҳои пурмуҳтавою ибратбахш ташкил меёбанд. Ин маънӣ дар ноҳияи Ёвон баръало мушоҳида гардид.

Намоиши асарҳои рассомон дар осорхона
19:2508 феврал

Намоиши асарҳои рассомон дар осорхона

Дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» бахшида ба таҷлили 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ намоиш ва фурӯши асарҳои рассомони вилояти Хатлон баргузор гардид.[right][/right]