Дар як сатр
Дунёи туро ёд орам, модар!
10:3710 июл

Дунёи туро ёд орам, модар!

Модар! Оҳ, модаре, ки бо шунидани номат забонам лолу дасту поям ба ларза медарояд, зеро ту бароям ҳимматбаландтарин шахс дар рӯйи замин будӣ. Модар, чӣ калимаи ширин ва гувороест, ки ҳатто аз ҳар ҳарфаш бӯйи меҳру вафо ба машоми кас мерасад. Аммо, афсӯс, ин меҳру вафоро дар зиндагӣ кам дидаам.

Ансамблҳои оилавӣ аз Кӯлобу Қубодиён ғолиби даври аввали Фестивали «Дунёи саодат» шуданд
07:3905 июл

Ансамблҳои оилавӣ аз Кӯлобу Қубодиён ғолиби даври аввали Фестивали «Дунёи саодат» шуданд

Аз 10 ансамбли оилавии вилояти Хатлон дар даври якуми Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» ансамблҳои оилавии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Қубодиён ғолибият ба даст оварда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Сафари «Корвони маърифат» ба ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб
07:5317 июн

Сафари «Корвони маърифат» ба ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб

Рӯзҳои 13, 14 ва 15-уми июн гурӯҳи иштирокчиёни «Корвони маърифат»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоб сафар намуданд. Истиқболи меҳмонон дар даромадгоҳи ноҳияи Ховалинг, барои иштирокчиёни корвон, ки иборат аз намояндагони кулли муассисаҳои иҷтимоӣ буданд, хеле хотирмон сурат гирифт.

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз
12:5213 июн

Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳритуз

Таърих гувоҳ аст, ки ҷанги таҳмилӣ ба давлату мардуми Ватани азизи мо чӣ қадар даҳшату вазниниҳоро пеш овард. Дар ин ҷанги бебунёду бе маънӣ қабл аз ҳама модарон ранҷ кашиданд, зеро онҳо ҳам фарзанду ҳам шавҳарони хешро аз даст доданд. Бори сангини рӯзгор бар дӯши нозуки модарон афтод. Кулбаҳои бо меҳр бунёднамудаашон туъмаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ гашт. Қалби саршори меҳру муҳаббаташон аз доғи фарзанду оташу дуди нобасомониҳо пурхун гардид.

Ба қадри Ваҳдати миллӣ бояд расид
10:3110 июн

Ба қадри Ваҳдати миллӣ бояд расид

Ваҳдат ва сулҳу ризоияти миллӣ аз унсурҳои бунёдии таърихи сиёсии тоҷикон ва рушди асосҳои суботи ҷомеа ва давлатдорӣ ба шумор меравад. Халқи тоҷик бо такя ба ғановати ҷаҳоншумули тамаддуну фарҳанги хеш, таҳаммулгароӣ ва мусолиҳакории ифтихормандаш тавонист сулҳпарвару сулҳхоҳ будани худро ба исбот расонда, зери парчами ваҳдату ризоият гирди ҳам ояд.

«Корвони маърифат» маърифати ҳуқуқии аҳолиро баланд мебардорад
10:2608 июн

«Корвони маърифат» маърифати ҳуқуқии аҳолиро баланд мебардорад

Оре, ин мисраъҳои рӯҳбахшу пурсуду пурмазмуни Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зери лаб аъзои «Корвони маърифат» рӯ ҷониби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оварданд. Раҳораҳ дар баробари сухан овардан аз дастовардҳои 20-соли Ваҳдати миллӣ, адибон зери роҳбарии устод Ҳақназар Ғоиб аз ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пораҳо қироат намуда, таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вуҷудаш накӯкорӣ, бахшидану ободгароист, ин орзую омоли Шоҳи Ҳамадонро дар ин самт амалӣ намудааст.

Шоҳҷоизаи «Алласарои сол»-ро бонуе аз Ҳамадонӣ соҳиб гардид
09:5303 июн

Шоҳҷоизаи «Алласарои сол»-ро бонуе аз Ҳамадонӣ соҳиб гардид

Мақсад аз баргузории чунин фестивал-озмун, ба қавли сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Раъно Раҳимзода, омода намудани модарони ҷавон ва омӯзонидани онҳо ба нигоҳубини кӯдак, инчунин ҳифзи суннатҳои мардуми мо, ки бо садои ширини модар хобонидани тифл дар гаҳвора ва алласароӣ яке аз онҳост, мебошад.

Ба истифода додани мактаби №8 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара
10:2712 май

Ба истифода додани мактаби №8 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара

Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 иштирок намуданд.

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мост»
16:5611 май

Давлатшоҳ ГУЛМАҲМАДЗОДА: «Шашмақом шоҳкории безаволи савту каломи миллии мост»

Рӯзи «Шашмақом» дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ва алоқомандони ин шоҳасари мусиқӣ таҷлил карда шуд.

Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд
11:5011 май

Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд

11 майи соли равон дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертӣ баргузор гардид.

Сабти 80 қонуншиканӣ дар се моҳ
15:5706 май

Сабти 80 қонуншиканӣ дар се моҳ

Гурӯҳи кории Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати кишвар ҷиҳати анҷом додани корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ бо кормандони соҳа ба ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритӯс, Панҷ ва Қубодиёни вилояти Хатлон сафар намуд.