Дар як сатр
Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба таҷлили Наврӯз
16:1609 феврал

Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба таҷлили Наврӯз

9 феврал, дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукот оид ба омодагиҳо ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз таҳти раёсати Ситора Шерзода, муовини раиси вилояти Хатлон, баргузор гардид.

Рамзи Наврӯз-2015 тасдиқ шуд
11:0505 феврал

Рамзи Наврӯз-2015 тасдиқ шуд

Ангора бо фарогирии партавфишонии Парчами кишвар, нурафшонии офтоб, сабза ва шукуфаҳои дарахтон, тоҷ ва бо дарбаргирии шакли курраи замин бо истифодаи ранги сабз ва майсаҳои навхез, ки оғози бедоршавии фасли баҳору гармии рӯзгор аст, таҷассум гардидааст.

«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид
14:3231 январ

«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид

«Хурмои эътиқод». Бо чунин ном маҷмӯаи нави ашъори шоири хушноми хатлонӣ Озар дар нашриёти «Адиб»-и шаҳри Дӯшанбе бо теъдоди ҳазор нусха рӯйи чоп омад.

Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол
10:5731 январ

Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Дар шаҳри Душанбе Энсиклопедияи Қубодиён бо теъдоди 5 ҳазор нусха ба нашр расид, ки дар бораи таърихи ноҳия, чеҳраҳои саршинос ва ёдгориҳои меъморию фарҳангии Қубодиён маълумот медиҳад. Дар соли 2014 аз ҷониби олимону аҳли зиёи Қубодиён чаҳор маҷмӯаи таърихию адабӣ ба нашр расидааст.

Президенти кишвар: Кинои тоҷикро бояд рушд дод
12:3923 январ

Президенти кишвар: Кинои тоҷикро бояд рушд дод

Кинои тоҷик ба рушди ҷиддӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос намоянд, масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеаро тасвир созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқамонро тарғиб кунанд, кам ба назар мерасанд.

Инсонгаро ва ваҳдатсаро
14:4022 январ

Инсонгаро ва ваҳдатсаро

Саъдӣ бо шеваи ширини баёни хеш азамат ва бузургии инсонро тавсиф мекунад ва дар навбати худ ба инсонҳо риҷъат ва хештанро меомӯзад. Бемуҳобот Саъдӣ ҳамосаи инсонро дар «Гулистон» офаридааст, ки он маҳсули ҳамдастии инсонҳо, офариниш, воқеият ва ҳастӣ, марг ва зиндагӣ, ҳақиқат ва тариқат аст, маҳсули даст ба дасти ҳамдигар додани инсонҳост, ки онро ба вожаи маъмул ваҳдати миллӣ меноманд.

Ашк Юсуфӣ: «Фарзандони маънавиям ҳамин китобҳоянд»
19:5218 январ

Ашк Юсуфӣ: «Фарзандони маънавиям ҳамин китобҳоянд»

Дар шаҳри Сарбанд пири китобдӯсте бо маънои томаш шабу рӯз миёни китобу рӯзнома ва маҷалла истиқомат мекунад. Ӯ Ашк Юсуфии 70-сола аст, ки дар манзили хеш ҷевонҳои пур аз китоб дорад, лек чун захира ниҳоят бузург аст, боқимондаҳоро тал-тал рӯйи фарши кулли ҳуҷраҳо ботартиб радда-радда чидааст, то ҷойи пойгузорӣ ҳам мавҷуд бошад. Гирди бистари танҳоияш рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашр «навбати хонда шудан мепоянд».

Бӯсаи вопасини падар (Ҳикоя)
23:3608 январ

Бӯсаи вопасини падар (Ҳикоя)

Моҳираро, ки хоб ҳамагӣ чанд соат пеш дидагонаш нарм карда буд, садои тараққос зада боз гаштани дарвозаи шалақгаштаи милисахона аз олами руъё дигарбора ба олами биму андешаҳои муғлақи кӯдакии нобасомон пас хонд.

Таъсиси «Садбарг» ва эҳёи «Осмон»
16:5408 январ

Таъсиси «Садбарг» ва эҳёи «Осмон»

Дар Кохи фарҳанг ва ҳунари шаҳри Кӯлоб муаррифии ансамбли рақсии «Садбарг» ва гурӯҳи эстрадии «Осмон» баргузор гардид. Иқдоми таъсиси ансамбли «Садбарг» ва эҳёи «Осмон» дар чаҳорчӯби Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб шудани шаҳри Кӯлоб амалӣ гардидааст.

Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умум
13:5907 январ

Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умум

Ба ифтихори 80-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи «Баҳористон» - нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва 600-солагии олим ва мутафаккири тоҷик Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ маҷмӯае бо номи Ганҷи «Баҳористон» ба табъ расид.

Хаймаҳои ҳикматбори Хайём
21:5202 январ

Хаймаҳои ҳикматбори Хайём

Оё ҳақ дорем, як умри кӯтоҳи худро, ки дар ин дунёи фонӣ ба сар мебарем, гузорем бо бадномӣ равад? Чаро накӯшем, то он сармояи ҳастиро, ки Худованд лоиқ дидааст ва метавонем онро идора кунем, андаке бошад ҳам, ба нафъи касею чизе сарф нанамоем?!