Дар як сатр
Д. Гулмаҳмадзода: «Дар Наврӯз қалбҳоро аз кинаю кудурат пок созед»
16:3121 март

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар Наврӯз қалбҳоро аз кинаю кудурат пок созед»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, Амирулло Асадулло, шаҳрдори Қӯрғонтеппа, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шахсони расмӣ нахуст аз намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дастурхони идонаи маҳаллаҳои шаҳр бо рамзҳои наврӯзӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.

Наврӯз дар «Наврӯзнома»-и Туғрали Аҳрорӣ
11:0421 март

Наврӯз дар «Наврӯзнома»-и Туғрали Аҳрорӣ

Дар миёни осори гаронбаҳои удабои форсу тоҷик «Наврӯзнома»-и Туғрал, ба андешаи инҷониб, мақоми хосеро дорост. Асари мазкур дар баробари шеърҳои дилписанд дар васфи Наврӯз, ҳамчунин ин мероси ниёгонро аз нуқтаи назари илми ситорашиносӣ ба баррасӣ гирифтааст. Туғрал аз ҷумлаи маҳдудшоирони классик аст, ки чӣ гуна омадани Наврӯзро вобаста ба рӯзҳои ҳафта тасвир кардааст.

Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар
10:5821 март

Наврӯзи ҳамзабонон: Аз ҷашни гули сурх то сездаҳбадар

Дар Эрон Наврӯзро расман 13 рӯз ҷашн мегиранд ва дар ин баробар мардум аз кор озоданду ба куҷое хоҳанд, сафар мекунанд. Рӯзи сездаҳуми Наврӯзро дар кишвар «Сездаҳбадар» ном мебаранд, шаҳрвандон ба майдону боғҳо рафта, хӯрок омода мекунанду Наврӯзро ҷашн мегиранд.

Наврӯз ҷашни инсоният аст
10:4921 март

Наврӯз ҷашни инсоният аст

Наврӯз ва суннатҳои он пас аз густариши ойин ва фарҳанги исломӣ дар таркиби он ба таври бисёр муносиб ва ҳадафманд ҷойгир шуда, арзишҳои муштараки башардӯстона ва инсонпарваронаро дар ҳолаи нуроние, ки аз ин омезиш фурӯғи тоза ёфтааст, фаро гирифтаанд. Аз ин ҷост, ки тамоми суханварони порсигӯй, чи соҳибони осори ҳамосӣ, чи ғиноиву тағаззулӣ ва чи ирфонӣ дар ситоиши Наврӯз, суннатҳо ва арзишҳои фарҳанги Наврӯз сухан гуфтаанд ва аз нуктаҳои маънавии он суд ҷустаанд.

Пайки наврӯзӣ
18:1420 март

Пайки наврӯзӣ

Наврӯз дар аҳди Ҳахоманишиён ба ҳукми анъана даромада, ба иди расмии эрониён табдил ёфт. Ривоятҳои бостонӣ оғози ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд. Мувофиқи тақвими авестоӣ, ки дар Осиёи Миёна ва Эрон аз асри 7 то милод ҷорӣ буд, ҷашни аввали баҳорро Наврӯз номиданд.

Оғози сохтмони Хонаи адибон дар Қӯрғонтеппа
10:4620 март

Оғози сохтмони Хонаи адибон дар Қӯрғонтеппа

Субҳи имрӯз, 20 март, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар маросими гузоштани санги асос ба сохтмони Хонаи адибон ва Қасри фарҳанг дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа ширкат варзид.

«Дараи ҷӯй» рӯйи чоп омад
15:0013 март

«Дараи ҷӯй» рӯйи чоп омад

Дар нашриёти «Истеъдод»-и шаҳри Душанбе китоби нави адиби ҷавони хатлонӣ Қаноатшо Зоиров бо номи «Дараи ҷӯй» бо теъдоди 300 нусха аз чоп баромад.

Ёди дӯстон дар дил
14:5212 март

Ёди дӯстон дар дил

- Дар Тоҷикистон чӣ гап? Чаро ин даҳшат ба амал омадааст? - пурсон шуд Эҳсон Турдиқулов. - Наход бародар гиребони бародар бигирад? Чунин ҳодисаи нангинро таърих ёд надорад. Барои ба эътидол овардани вазъият бояд шумо - рӯзноманигорон ҳам саҳм бигиред.

Бузургон дар васфи журналистика
13:3712 март

Бузургон дар васфи журналистика

Бузургон дар васфи журналистика

Нокасе бар миллату меҳан хиёнат гар кунад,
Дуди дил аз синаи худ мебарорад журналист...




"Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷомеаро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо карда метавонад".
Эмомалӣ Раҳмон




Таҳияи
Комрони Бахтиёр,
Давлатбеки Каримзод,
Низорамоҳи Ҳамид,
Низомиддин Исоев
хабарнигорони рӯзномаи "Хатлон"


ВАО бояд аз манфиатҳои миллию давлатӣ дифоъ кунанд
08:2912 март

ВАО бояд аз манфиатҳои миллию давлатӣ дифоъ кунанд

- Васоити ахбори омма сипари боэътимоди давлату миллат ҳастанд, - изҳор дошт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни мулоқоташ бо аҳли қалами вилоят ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик. - Аҳли қалам, бахусус намояндагони васоити ахбори оммаи вилояти Хатлон дар бедории афкори мардум, аз ҷумла худогоҳӣ, меҳанпарастӣ, эҳтиром ба марзу бум ва муқаддасоти миллӣ саҳми намоён доранд.

4 таронаи дил. Барои модар
13:3507 март

4 таронаи дил. Барои модар

Модар, инак, чаҳорумин баҳори умрамро бе ғамхориҳои ту пушти сар мекунам. Чаҳорумин иди Модар аст, ки туро наметавонам шодбош бигӯяму садои ширинатро бишнавам.