Дар як сатр
Нигоҳе ба таърихи ташаккули театри Қўрғонтеппа
10:4207 ноябр

Нигоҳе ба таърихи ташаккули театри Қўрғонтеппа

Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қўрғонтеппа таърихи беш аз 70-сола дорад. Ин театр соли 1946 дар маркази вилоят дар заминаи театри халқии он солҳо амалкунанда таъсис ёфтааст. Баъди барҳам хўрдани вилоят (соли 1947) то соли 1951 фаъолият карда, минбаъд боз ба театри халқӣ табдил дода мешавад.

Мулоқоти судманд
10:0907 ноябр

Мулоқоти судманд

Дар кохи Ватан мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо сокинон ва фаъолони шаҳри Қўрғонтеппа доир гардид. Дар ҷамъомад раиси шаҳри Қўрғонтеппа, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳри ширкат доштанд.

Намоиши дастовардҳои Хатлон дар Ӯзбекистон
10:2601 ноябр

Намоиши дастовардҳои Хатлон дар Ӯзбекистон

6 корхонаву ширкатҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони вилоят маҳсулоти худро дар намоишгоҳи «Молҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар маркази миллии намоишгоҳи «ӯзэкспосентр», ки дар шаҳри Тошканд барпо шуд, ба намоиш гузоштанд.

Духтарон сарварӣ меомӯзанд
10:1019 октябр

Духтарон сарварӣ меомӯзанд

Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз соли 2010 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва ҚҲҶТ аз соли 2017 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022” курси омӯзиши духтарони сарвар дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис дода шуд.

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)
09:3619 октябр

Таҷлили иди Меҳргон дар Хатлон (аксҳо)

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа иди Меҳргон - яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод, ки маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё шуд, бо шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар баробари 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, инчунин идораҳои кишоварзию ҳифзи муҳити зисти вилоят, беҳтарин намунаҳои маводи кишоварзӣ ва маҳсулоти дар корхонаҳои истеҳсолӣ тавлидгаштаи худро манзури тамошобинон намуданд.

Номи зебо-ними ҳусн
10:5117 октябр

Номи зебо-ними ҳусн

Оре, номи зебо ними ҳусн аст. Номгузорӣ завқи баланду интихоби дурустро талаб мекунад. Зеро он аз фарҳанги волою болои мо дарак медиҳад. Бо номи зебо моро мешиносанд, ба таърихи миллат баҳо медиҳанд ва фарҳанги ҳазорсолаамон муаррифӣ мегардад. Вале, бисёрҳо шунидаю мушоҳида мекунем, ки волидон дар номгузории фарзандон чандон эътибор намедиҳанд. Андеша намекунанд, ки маҳз номгузории зебо ояндаи неки онҳоро муайян месозад. Ба ҷигарбандон таваккалӣ номҳоеро мегузоранд, ки баъди камолёбӣ боиси ранҷишу ноҳинҷории эшон мегардад.

Кино-инъикосгари таъриху фарҳанги миллат
11:0516 октябр

Кино-инъикосгари таъриху фарҳанги миллат

Таърихи синамои тоҷик аз даҳсолаи сеюми асри гузашта, аниқтараш аз 16 октябри соли 1929 оғоз меёбад. Ҳамон рӯз 16 октябр дар анҷумани сеюми фавқулодаи Шӯрои Тоҷикистон, баробари қабул намудани деклоратсия оид ба таъсиси Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ба ширкаткунандагони анҷуман намоиши киножурнале дар бораи то ба Душанбе омадани аввалин қатораи поезд ва дигар ҳаводиси нақлкунанда аз диёри офтобии мо гузошта шуда буд. Гуфтан мумкин аст, ин аввалин мужда аз тавлид шудани синамо дар Тоҷикистон буд. Давлати Шӯравӣ таъсири киноро дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ хуб пай бурда буд. Аз ин рӯ, ташкили идораҳои киноматографияи миллиро дар ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ, ҳамчун яке аз намудҳои муҳими санъату фарҳанг дар тарғиби идеологияи Шӯравӣ пеши худ мақсадҳои асосӣ гузошта буд.

Фалаки тоҷик 28-сола шуд
10:4316 октябр

Фалаки тоҷик 28-сола шуд

Даҳуми октябрро ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Фалак ботантана ҷашн мегиранд. Одатан дар ин рӯз, дар тамоми гӯшаю канори мамлакат як силсила барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки бевоситаи фалаксароён, оҳангу садои ширин ва таронаҳои пурмазмуну дилнишини онҳо доир мегардад.

Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Хатлон
08:3829 сентябр

Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Хатлон

Ҳайати расмӣ ва эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири фарҳанги Федератсияи Русия Сергей Абривалин ба маркази вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа омаданд.

«Шоми истиқлол» дар Ҷ. Балхӣ
08:5011 сентябр

«Шоми истиқлол» дар Ҷ. Балхӣ

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми истиқлол» баргузор гардид.

Танзим - кафолати зиндагии шоиста
09:0802 август

Танзим - кафолати зиндагии шоиста

10 соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон дод, ки он барои танзими ҷашну маросимҳо хеле зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Кашфи истеъдодҳои нав дар фестивали “Бӯстон-2017”
17:4819 июл

Кашфи истеъдодҳои нав дар фестивали “Бӯстон-2017”

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Сарбанд Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017», ки бо ибтикори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 роҳандозӣ гардидааст, баргузор шуд.