Дар як сатр
Фавти бармаҳали адиб Аброр Зоҳир
09:3023 ноябр

Фавти бармаҳали адиб Аброр Зоҳир

Яке аз сермаҳсултарин адибони муосири тоҷик Аброр Зоҳир, собиқ корманди рӯзномаи «Хатлон», дунёи фониро падруд гуфт. Маросими ҷанозаи марҳум соати 10:00 дар масҷиди маҳаллаи «Профсоюз»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Таҷлили 150-солагии Туғрал дар Норак
09:1118 ноябр

Таҷлили 150-солагии Туғрал дар Норак

Ба ифтихори 150-солагии адиби маъруф Нақибхони Туғрал дар шаҳри Норак конференсияи адабӣ-бадеӣ дар мавзӯи «Қиссаи марги бегуноҳӣ» баргузор гардид.

«Пирони кӯҳистони Хатлон» рӯйи чоп омад
13:3513 ноябр

«Пирони кӯҳистони Хатлон» рӯйи чоп омад

Бо дастгирии Вазорати фарҳанг китоби Раҷаб Асозода ва Ҳотам Асозода таҳти унвони «Пирони кӯҳистони Хатлон» (бахшида ба 700-умин солгарди зодрӯзи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) аз чоп баромад.

«Асрори тақдир» муаррифӣ гардид
11:0013 ноябр

«Асрори тақдир» муаррифӣ гардид

Дар Кохи Лоҳутии шаҳри Қӯрғонтеппа нахустнамоиши филми «Асрори тақдир» доир гардид. Коргардон – таҳиягари филми мазкур коргардони ҷавону боистеъдод Зафари Валӣ, хатмкардаи шуъбаи кинорежисёрии Коллеҷи фарҳанги вилояти Новосибирски Федератсияи Россия, бо як маҳорати баланд филмро таҳия намудааст.

Ҷоизаи «Сухан» ба Аловуддин
09:5212 ноябр

Ҷоизаи «Сухан» ба Аловуддин

Аловуддин Абдуллоев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва роҳбари театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа, дар маросиме дар мафҳилгоҳи «Боргоҳи Сухан» соҳиби ҷоизаи «Сухан» гардид.

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?
10:0011 ноябр

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Ошхонаи ин муассисаҳо дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дошта, омӯзгорон бе нақшаи таълимӣ дарс мегӯянд. Дар мактаби №54 омӯзгори фанни забон ва адабиёт бо либосе, ки хоси наварӯсон асту диққати хонандагонро ҷалб мекунад, дохили мактаб гардид. Ҳангоми аз дафтари муаллима дидан кардан маълум шуд, ки худи омӯзгор ба хатоӣ роҳ дода, ба ҷойи «забон» - «зобон» ва ба ҷойи «синф» - «синиф» навиштааст.

«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!
08:5016 октябр

«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

«Сар пачкаи пичинӣ, гўшот турбаи резинӣ, бинит уштаки гаиворӣ, дандонот ришоткаи турмаворӣ», ин буд ибораҳое, ки қаблан ҷавонон ба гуфтаи худашон дар гуфтугў мисли «закуска» истифода мекарданд. Аммо имрўз чунин ба назар мерасад, ки «фарҳанг»-и кўчагии ҷавонписарону духтарон торафт «бой»-у «ғанӣ» гашта истодааст. Феълан вожаҳои «...девонашай», «хар...й», «ҳайв...най», « гўшош меҷумба», «паҳ, причоскара бин» ва амсоли инро фаровон истифода мебаранд.

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ
15:3523 сентябр

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ

Дар Осорхонаи таърихию кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ конфронси илмию адабӣ доир гардид.

Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб
16:0327 август

Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар қароргоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ситоди навбатиро оид ба омодагӣ ба истиқболи 700-солагии мутаффакири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли «Пойтахти фарҳангии ИДМ» эълон шудани шаҳри Кӯлоб баргузор намуд.

Палов ҳусн аст, ҳусни рӯйи хон аст (бо аксҳо ва наворҳои видеоӣ)
10:2417 август

Палов ҳусн аст, ҳусни рӯйи хон аст (бо аксҳо ва наворҳои видеоӣ)

Ошпазҳои моҳир аз тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон рӯзи 15 август дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъ омаданд, то бо таҳияи намудҳои гуногуни оши палав ҳунари ошпазии худро муаррифӣ намуда, ба даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Оши палав» роҳ ёбанд.

Намоиши спектакли «Журналист» дар Қӯрғонтеппа
08:4811 июл

Намоиши спектакли «Журналист» дар Қӯрғонтеппа

Дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҷониби гурӯҳи театрие бо номи «Бесарпарастон»-и шаҳри Душанбе намоишномаи «Журналист» пешкаши ҳаводорон гардид.

Сафари ҳунарӣ ба водии Рашт
07:5909 июл

Сафари ҳунарӣ ба водии Рашт

Гурӯҳи ҳунарпешагони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо асари саҳнавии «Зангири ё дамгирӣ»-и Султон Сафар дар таҳияи Қ. Шукуров бахшида ба ифтихори 18-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт сафари ҳунарӣ доштанд.

Соҳибкорони Кӯлоб бо сарфи 4,7 миллион сомонӣ 5 иншоот сохтанд
10:1729 июн

Соҳибкорони Кӯлоб бо сарфи 4,7 миллион сомонӣ 5 иншоот сохтанд

Бо маблағгузории Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо дар шаҳри Кӯлоб кӯчаи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо маблағи 220 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуда, ҳамзамон таъмири маҷмааи 2700-солагии Кӯлоб ва сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ барои 800 ҷой идома дорад.