Дар як сатр
«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон
16:4214 март

«Корвони рӯзноманигорон» дар вилояти Хатлон

Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон корвони наврӯзии ҷавонон ва рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид.

«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Кӯлоб
09:3510 март

«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Кӯлоб

Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо шумули роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ ба шаҳри Кӯлоб сафар кард. Ин ҳайат аз 112 нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тиб иборат буд.

Маҳфили «Модар - сароғози зиндагӣ» дар Қӯрғонтеппа
11:4107 март

Маҳфили «Модар - сароғози зиндагӣ» дар Қӯрғонтеппа

Дар «Кохи Ватан» бо ташаббуси Раёсати маорифи вилоят ва дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва вилоят маҳфили фарҳангии «Модар - сароғози зиндагӣ» баргузор гадид.

14 дастаи РХДО қувваозмоӣ намуданд
11:3802 март

14 дастаи РХДО қувваозмоӣ намуданд

Бо ибтикори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз миёни шуъбаҳо ва идораҳои оташнишонии вилоят мусобиқаи варзишӣ оид ба вазнбардорӣ доир гардид.

Вожаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия ихроҷ хоҳад шуд (видео)
17:4019 феврал

Вожаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия ихроҷ хоҳад шуд (видео)

Ҳадаф аз пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Тағйироти пешбинишуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд.

А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»
17:0010 феврал

А. Абдуллозода: «Ҷавонон бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд»

Имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак мулоқоти роҳбарияти кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, забон ва истилоҳот, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ бо сокинони шаҳр доир гардид.

Худшиносу ҳомии ватан бошем
16:3510 феврал

Худшиносу ҳомии ватан бошем

Ваҳдату якдилӣ бо худшиносии миллӣ тавъам буда, тавассути таълиму тарбияи хуб ва донишу маърифати баланд ба даст меояд. Худшиносӣ мақому манзалати инсонии худро бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст.

Азми бунёди нимпайкараи Рустам Амакиев дар Восеъ
15:3410 феврал

Азми бунёди нимпайкараи Рустам Амакиев дар Восеъ

-23-юми феврали соли равон нимпайкараи роҳбари собиқи гурӯҳи «Алфа»-и КДАМ ҶТ Рустам Амакиев дар назди бинои литсейи касбӣ- техникии ноҳия гузошта мешавад. Бино ба иттилои раиси ноҳияи Восеъ Ғафурзода Мусо ҳоло корҳои тарҳрезии нимпайкара ба итмом расида, бинокорон ба қисми дуюми сохтмон шуруъ намудаанд. Нимпайкараи марҳум дар баландии 3,5 м гузошта шуда, дар атрофи он арчаҳои сабз шинонида мешаванд. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Ҳасан-Бегӣ» идома ёфта, то ин муддат 70%-и корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудаанд. Барои насб кардани нимпайкара мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 100 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.

Барфи аввал дар Қӯрғонтеппа (видео)
11:1110 феврал

Барфи аввал дар Қӯрғонтеппа (видео)

Имрӯз, 10 феврал, дар Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон, бори аввал дар фасли зимистон барф борид.
Ба иттилои маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон, ҳарорати ҳаво рӯзона то 2 дараҷа гарм ва шабона то 5 дараҷа сард хоҳад буд. Шамол то 7 метр дар як сония мевазад.

22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид
09:5502 феврал

22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

Аз тарафи соҳибкорон дар шаҳру навоҳии вилоят соли рафта 244 биною иншоот ва корхонаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бо сарфи ҷамъан 318,3 миллион сомонӣ сохта шуда, ба ин васила беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам омадааст.

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд
08:1901 феврал

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Аз ҷониби мақомоти прокуратура дар вилояти Хатлон соли гузашта 5 ҳазору 702 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2014-ум 828 ҷиноят зиёд аст. Таҳлили ҷиноятҳо нишон медиҳад, ки ошкоршавии ҷиноятҳо дар сатҳи вилоят ба 88,5% баробар аст.