Дар як сатр
«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид
09:0019 апрел

«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид

Ҳадаф аз баргузории чорабинии маърифатӣ-иттилоотии «Корвони маърифат», пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба маълумотнокии бештари мардум аст. Масъулини соҳаи идеологӣ ба ноҳияи Шаҳритуз сафарбар шуданд, ки ҳар чи бештар масъалаи дастрасӣ ба иттилоотро дар миёни ҷомеа зиёдтар мекунад.

Ҳукми суд 13 сол барои пайравӣ ба ДИИШ
10:0910 апрел

Ҳукми суд 13 сол барои пайравӣ ба ДИИШ

Коллегияи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятии Суди вилояти Хатлон 6-уми марти соли равон ҳукми худро нисбати Баҳодур Тухтаев, сокини ноҳияи Бохтар, бароварда, ӯро ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда буд, қувваи қонунӣ гирифт.

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон (аксҳо ва видео)
14:3504 апрел

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон (аксҳо ва видео)

Субҳи 4 апрел саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа идгоҳро мемонд. Ҷавонон бо шиору навиштаҷоти ватандӯстона, парчамҳои рангоранг ва рӯҳияи ватандӯстона ҷамъ омада буданд. Онҳоро ҳисси меҳанпарастӣ ба ин макон раҳнамун сохта буд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар намояндагон аз шаҳру новоҳии вилоят ширкат доштанд.

Наврӯзии ҷавонони вилоят дар Норак
16:2631 март

Наврӯзии ҷавонони вилоят дар Норак

Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар шаҳри Норак таҳти унвони “Наврӯз - таҷассумгари анъанаҳои миллӣ” бо иштироки мудирони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷавонони фаъоли вилоят баргузор гардид.

Дуои неки се момои табаррук (аксу видео)
15:5106 март

Дуои неки се момои табаррук (аксу видео)

Қаҳрамонони мо – момоҳои табаррук Зувайдахон, Ҳоҷар ва Сафарой ба бузургсолии худ нигоҳ накарда, хотираи қавӣ, пойи равон ва забонигӯё доранд. Бурро-бурро ҳарф мезананду шукронаи обу ободӣ ва сулҳу ваҳдат мекунанд. Ҳарзамон даст ба рӯ бурда, дуои нек медиҳанд: «Илоҳо, Тоҷикистони азизамон ободу тинҷуосуда бошад, Худованд Сарвари хирадмандамон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишварро дар паноҳаш нигоҳ дорад, ба фарзандону набераҳо умри бобаракат диҳад. Омин!».

Кишти баҳорӣ мувофиқи мақсад нест
11:2302 март

Кишти баҳорӣ мувофиқи мақсад нест

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди кории назди раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаи ҷараёни корҳои саҳроӣ ва кишти зироати баҳорӣ баргузор гардид. Дар он масъулоне, ки ба масъалаи кишти зироатҳои баҳорӣ хунукназарӣ намуда, маълумоти бардурӯғ додаанд, аз ҷониби Д.Гулмаҳмадзода, расиси вилояти Хатлон, мавриди интиқод қарор гирифта, барои ҳарчи зудтар рафъ намудани камбудиҳои ҷойдошта муваззаф шуданд.

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ
16:4922 феврал

Вохӯрии Искандар Солеҳзода бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ

Ҳадафи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон қабл аз ҳама мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, дар ҷомеа омода намудани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо ва демократикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

«Корвони маърифат» дар Бохтар
16:3922 феврал

«Корвони маърифат» дар Бохтар

Бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамзамон боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва сулҳу ваҳдатхоҳии сокинон бахшида ба таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Бохтар барномаҳои фарҳангиву иттилоотии «Корвони маърифат» гузаронида шуд.

Шаҳркадаи Тахти сангин
12:2813 феврал

Шаҳркадаи Тахти сангин

Мавзеи Тахти сангин дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ҳудуди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад.

Аксияи «Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!»
09:2111 феврал

Аксияи «Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!»

Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҷалби волонтёрон иқдоми тарбиявии «Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!» ба муносибати Соли ҷавонон ва Рӯзи Модар баргузор карда шуд.

Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон
&h=110&w=150&zc=1" alt="Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон" />
15:3410 феврал

Ҳукми 1 тарғибгар ва 4 зархариди ДИИШ дар Хатлон

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон дар як рӯз ҳукми худро нисбати 5 нафар сокинони вилояти Хатлон барои ҳамдастӣ бо ДИИШ эълон кард.

Намоиши асарҳои рассомон дар осорхона
19:2508 феврал

Намоиши асарҳои рассомон дар осорхона

Дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» бахшида ба таҷлили 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ намоиш ва фурӯши асарҳои рассомони вилояти Хатлон баргузор гардид.[right][/right]