Дар як сатр
Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсамар мебояд
11:5215 апрел

Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсамар мебояд

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ даромади буҷети вилояти Хатлон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,2 миллион сомонӣ афзуда (ҷамъан 325,2 миллион сомонӣ), ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба беш аз як миллиарду 59 миллион сомонӣ расида бошад ҳам, барои рушди бештари иқтисоди минтақа аз зарфиятҳои дигари вилоят пурсамар истифода бояд кард. Бо таъкид ба ин нукта Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар семоҳаи якуми соли 2016 аз роҳбарони шаҳру навоҳии вилоят тақозо кард, ки барои иҷрои босифати нақшаи андозҳо ва беҳсозии нишондиҳандаҳои иқтисодию тиҷоратӣ талош ба харҷ диҳанд.

Сафари Сарвазир ба Ҷайҳун
12:0407 апрел

Сафари Сарвазир ба Ҷайҳун

6 апрел Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ анҷом дод. Ӯро дар ин сафар раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода ва директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон ҳамроҳӣ карданд.

Наврӯзи ҷавонони ноҳияи Шаҳритус (акс)
08:3324 март

Наврӯзи ҷавонони ноҳияи Шаҳритус (акс)

Дирӯз дар ноҳияи Шаҳритус Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон ва Шоҳзод Раҳимов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, аз намоишгохи наврӯзии ҷавонони ноҳия ва ҷамоати шаҳраки Шаҳритус дидан намуданд.

Мубориза бар зидди малах  кори дастаҷамъона аст
15:5617 март

Мубориза бар зидди малах кори дастаҷамъона аст

Дар ноҳияи Ҷайҳун бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия семинар-машварати вилоятӣ “Оид ба ташкили усулҳои мубориза бар зидди малах” баргузор гардид. Дар кори семинар муовини аввали раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳия Аминзода Фоттеҳ Файзулло, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Точикистон Муҳаммадтоир Зокирзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат варзиданд.

Боғу токпарварӣ рушд меёбад
16:2311 феврал

Боғу токпарварӣ рушд меёбад

Мардуми тоҷик аз қадим бо ободгарию накукорӣ, боғдорӣ, маданияти воло ва зебоипарастии хеш ном баровардааст. Ин нуктаро дар шоҳасарҳои классикону шоирони муоссир пайваста дучор мешавем. Аз ҳидоятҳою сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат, Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамагон огоҳӣ дорем. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди ин қадар ташвишҳои роҳбарӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ, шахсан, ширкат меварзанду саҳми хешро мегузоранд. Ин ташаббуси Президенти мамлакат ҳар як шахси равшанзамирро водор месозад, ки дар ин маърака, яъне ободонию кабудизоркунӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Дар доираи корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар вилояти Хатлон низ як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст.

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намоем»
15:0111 феврал

Д. Гулмаҳмадзода: «Дар соли 2016 истеҳсоли маҳсулоти содиротиро афзун намоем»

Дар ноҳияи Ҷиликӯл бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон семинар-машварат "Оид ба истифодаи технологияи муосир-омили баланд бардоштани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ" баргузор гардид. Дор чорабинӣ раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини аввали раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор, директори генералии ширкати ҶСП "Ҷунтай Хатлон Син Силу", вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Муҳаммадтоҳир, масьулини идораҳои кишоварзии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ширкат доштанд.

Ба хотири ояндаи нек
09:4403 феврал

Ба хотири ояндаи нек

Дар толори меҳмонхонаи «Рамз»-и шаҳри Қӯрғонтеппа маросими ифтитоҳи Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда», ки он барои таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани ғизои кӯдакон ва занони синни репродуктивӣ дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон равона шудааст, барпо гашт.

Омӯзиши соҳибкорӣ дар Шӯрообод
14:3713 январ

Омӯзиши соҳибкорӣ дар Шӯрообод

Дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» вохӯрии истеҳсолкунандагони шир дар ноҳияи Шӯрообод бо намояндагони комбинати шири шаҳри Кӯлоб доир гардид.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт
13:5411 январ

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Ҷаласаи марбут ба ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2015 доир гардид. Дар ҷамъомад муовинони раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, дастгоҳи раиси вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.

«Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳоӣ дастовардҳо зиёданд»
09:3209 январ

«Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳоӣ дастовардҳо зиёданд»

Дар нишасти хабарии раиси вилояти Хатлон, ки 8 январ сурат гирифт, беш аз 20 хабарнигор аз расонаҳои хабарии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзиданд. Тӯли 1,5 соат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода қариб ба 15 саволи журналистон посух дод. Саволи хабарнигорон ба масъалаҳои рушди кишоварзӣ, таъмини амнияти марзҳои давлатӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба зимистон, баҳсҳо атрофи масоили ҳиссаҷудокунии маблағ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва идомаи бунёди беморхонаи қалб дар маркази шаҳр, аз дотатсияи давлатӣ баромадани шаҳри Норак ва ноҳияи Ховалинг дар соли 2016 марбут буд.

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)
08:1518 декабр

Таҷлили Меҳргон – Иди фаровонӣ (акс+видео)

15 декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппа Меҳргон - яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинаҷод, ки маҳз ба туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё шуд, бо шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар хиёбони Ваҳдати шаҳр намояндагони ҳамаи 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, инчунин идораҳои кишоварзию ҳифзи муҳити зисти вилоят беҳтарин намунаҳои маводи кишоварзӣ ва маҳсулоти дар корхонаҳои истеҳсолӣ тавлидгаштаи худро манзури тамошогарон намуданд.