Дар як сатр
Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»
15:0709 июн

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон то санаи 5 июни соли 2017 кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 304 ҳазору 152 гектар кишти зироатҳоро гузаронидаанд, ки ин 103%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон
09:2113 май

Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази савдои Каёнуши ноҳия аз намоиш фурӯши чорвои хушзоту маҳсулоти кишоварзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон дидан намуданд.

Азми бунёди 755 гектар боғ
09:4425 апрел

Азми бунёди 755 гектар боғ

Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ноҳияи Данғара азм доранд, ки дар майдони 755 гектар талу теппаҳо ва заминҳои боир ниҳолҳои нави серҳосили себ, нок, биҳӣ, зардолу, олу, сияҳолу, шафтолу, олуболу, гелос, хурмо, анор, чормағз, бодом, писта, лимӯ ва ангур шинонанд.

“Маҳсулот фаровон ва нарх арзон мешавад”, - ваъда медиҳанд масъулони идораи кишоварзии вилоят
09:1919 апрел

“Маҳсулот фаровон ва нарх арзон мешавад”, - ваъда медиҳанд масъулони идораи кишоварзии вилоят

Мутахассисони Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон коҳиши нархи маводи озуқа, бахусус картошкаю пиёз дар бозорҳоро то охирҳои моҳи апрел пешбинӣ мекунанд. Пиёзкорони вилоят аллакай як миқдор пиёзи ба тозагӣ истеҳсолшударо вориди бозорҳо кардаанд.

Малахро нест бояд кард! (видео)
15:1413 апрел

Малахро нест бояд кард! (видео)

Барои пешгирии паҳншавии ҳашаротҳои зараррасон, аз ҷумла малахи марокашӣ семинар-машварати вилоятӣ оид ба «Ташкили усулҳои мубориза бар зидди малах ва ҳашаротҳои зараррасон» дар Ҷамоати деҳоти «Озодӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

759 гектар талу теппа боғзор мешавад
10:4607 апрел

759 гектар талу теппа боғзор мешавад

Боғдорони навоҳии минтақаи Кӯлоб дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии бунёди боғу токзорҳо барои солҳои 2016-2020» то имрӯз дар майдони 759 гектар заминҳои ғайрикорами обӣ, яъне талу теппаҳо ниҳол шинонида, нақшаи солонаро ба андозаи 81 фоиз иҷро намуданд.

Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад
15:5531 март

Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Дар вилояти Хатлон тамоми навоҳии пахтакор (ба истиснои шаҳри Кӯлоб), тибқи реҷа, ба кишти пахта оғоз бахшидаанд. Дар ин маърака кишоварзони ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ пешқадам мебошанд.

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд
10:3307 март

«Корвони маърифат» дар меҳмонии сокинони Сарбанд

Шурӯъ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон тамоми ташкилотҳо таҳти унвони «Корвони маърифат» ба шаҳру ноҳияҳои вилоят раҳсипор гардида, оид ба таҳким бахшидани сулҳу суботи кишвар, коҳиш додани сатҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани савияи дониш, беҳтар гардонидани саломатии мардум, пешгирии никоҳи хешу таборӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, пешгирии экстремизм ва терроризм миёни ҷавонон, бо сокинон мулоқотҳои судманд гузаронида истодаанд. Ин навбат «Корвони маърифат» меҳмони сокинони шаҳри Сарбанд гардид.

Сада - ҷашни ниёгон
10:3201 феврал

Сада - ҷашни ниёгон

Муовини аввали раиси вилояти Хатлон Қурбонбой Ҳакимзода, раиси ноҳия Мусо Ғафурзода аз дастовардҳою маҳсулоти ба маъраз гузошташуда, шинос шуданд. Ба маҳорати хунарии аҳли касбу ҳунар ва таҷрибаи боғдории боғдорон аҳсан хонда, онҳоро ба ҷашни ниёгонамон-«Сада» табрик гуфтанд.

Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор» дар Қӯрғонтеппа
15:0725 январ

Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Қӯрғонтеппа

Бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зист ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон 21 январ дар майдони назди теппаи таърихии Қӯрғони маркази вилоят ҳамоише ба муносибати қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барпо гардид.

Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)
11:5418 январ

Беш аз як миллион бех ниҳол дар фурӯш аст (видео)

Дар ин намоишгоҳ хоҷагиҳои ниҳолпарвар аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ниҳолҳои сертификатсияшудаи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, тухмии гулу гулбуттаҳо ва зироатҳои кишоварзиро ба ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ, соҳибкорони хусусӣ ва мардуми алоқаманд бо нархҳои дастрас пешкаш намуданд.

Дар шоҳроҳи Данғара-Душанбе 4 ҳазор арча мешинонанд
11:0913 январ

Дар шоҳроҳи Данғара-Душанбе 4 ҳазор арча мешинонанд

Фардо, 14 январ, дар назар аст, ки дар саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳо баргузор мегардад. Хоҳишмандон метавонанд аз ин ярмарка-фурӯш дидан намуда, ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳои дихоҳашонро харидорӣ намоянд.

Д. Гулмаҳмадзода: «Хизмати шумо - кормандони ВАО дар бозтоби дастовардҳои вилоят назаррас аст»
13:0510 январ

Д. Гулмаҳмадзода: «Хизмати шумо - кормандони ВАО дар бозтоби дастовардҳои вилоят назаррас аст»

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода нишасти навбатии матбуотиашро бо изҳори сипос аз кормандони васоити ахбори омма барои иштироки фаъолонаашон дар бозтоби дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят, бахусус дар инъикоси муҳиммияти баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, аз ҷумла ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят баргузор гардид, ифтитоҳ намуд.

Фахробод ҷаннати рӯйи замин аст
11:0904 январ

Фахробод ҷаннати рӯйи замин аст

Сафари кории президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ва боздид аз боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” дар хоҷагии фермерии «Асадулло»