Дар як сатр
Вахш. Истеҳсоли 1660 тонна ангур
10:4417 октябр

Вахш. Истеҳсоли 1660 тонна ангур

Имрӯз аз майдони 413 гектар ангурбоғ 1 ҳазору 660 тонна ангурҳои навъи «Ҳафизӣ», «Дили кафтар», «Ҳусайнӣ», «Тоифӣ» истеҳсол карда, бозорҳои кишварамонро бо ангурҳои хушсифату шаҳдрез таъмин намудаанд, - иттилоъ дод сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш Амриддин Пайков.

Ҳашари пахтачинӣ бо ширкати зиёда аз се ҳазор нафар
12:5704 октябр

Ҳашари пахтачинӣ бо ширкати зиёда аз се ҳазор нафар

Хатлон вилояти агро-саноатӣ ба шумор рафта, ҳамасола аз ҳисоби кишти пахта фоидаи хубе ба даст меоварад. Имсол низ дар майдони 119 ҳазору 550 гектар замин кишти пахтаро ба роҳ монда, тибқи нақшаи дурнамо бояд дар вилоят 250 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шавад. То якуми октябри соли 2017-ум 196 ҳазору 396 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд.

Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол
11:5708 сентябр

Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

Пахтакорони чанде аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шаҳритӯс дар пешорӯи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аввалин шуда дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ дар бораи иҷрои нақшаи солонаи истеҳсоли “тилои сафед” мужда доданд.

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Вахш
11:5416 август

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Вахш

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастовардҳои барзгарони ин ноҳия шинос гардиданд.

Шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии «Сомон»-и ноҳияи Бохтар
08:1416 август

Шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии «Сомон»-и ноҳияи Бохтар

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Бохтар ташриф оварданд.

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон
09:3509 август

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагии сокинон ва фаъолияти барзгарон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Комёбиҳои назарраси кишоварзон
09:0103 август

Комёбиҳои назарраси кишоварзон

Дар нишасти матбуотии хеш масъулини ноҳияи Ҷайҳун доир ба фаъолияти соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт, савдо изҳори назар намуданд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия ба дастовардҳои зиёд ноил гардида, ҳаҷми умумии маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 327492,0 сомонӣ расид. Дар самти чорводорӣ низ дастовардҳо назаррасанд.

Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд
09:2202 август

Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Тибқи маълумоти шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар соли 2017 кишоварзони ноҳия дар майдони 12 ҳазору 799 гектар кишт гузаронидаанд.

Кишоварзони Хатлон дар ҷумҳурӣ пешсафанд
13:3019 июл

Кишоварзони Хатлон дар ҷумҳурӣ пешсафанд

Кишоварзони вилояти Хатлон дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ пешсаф буда, тайи нимаи якуми соли ҷорӣ ҳосили 94 ҳазору 134 гектарро ҷамъоварӣ намуданд.

Ба деҳқонон ҳуқуқу манфиатҳояшон ташреҳ дода шуд
14:4830 июн

Ба деҳқонон ҳуқуқу манфиатҳояшон ташреҳ дода шуд

750 нафар сардорон ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷамоатҳои деҳоти “Заргар”, “Бохтариён”, “Ориён”, “Бӯстонқалъа”, “Меҳнатобод”, “Сарвати истиқлол” ва “Навбаҳор”-и нощияи Бохтар аз семинарҳои омӯзишӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» гузаштанд.

Озмуни “Армуғон-2017” ҷамъбаст гардид
09:1820 июн

Озмуни “Армуғон-2017” ҷамъбаст гардид

Озмуни “Армуғон-2017”, ки аз тарафи Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон миёни занони ҳунарманди минтақаҳои вилояти Хатлон моҳи марти соли равон эълон гардида буд, дар Театри вилоятиии мусиқӣ–мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъбаст гардид.

Чӣ тавр нархи зардолуро то 50 карат афзоиш додан мумкин аст?
13:0314 июн

Чӣ тавр нархи зардолуро то 50 карат афзоиш додан мумкин аст?

Дар ҳоле ки як кило зардолу дар бозорҳои Хатлон аз 1 то 3 сомонӣ арзиш дорад, боғдорони вилояти Хатлон аз ҳисоби фурӯшу содироти меваи тару хушконидаи зардолу метавонанд солона то 40 миллион доллари амрикоӣ фоида ба даст оваранд.

Кишти такрорӣ дар майдони 4668 гектар
11:0414 июн

Кишти такрорӣ дар майдони 4668 гектар

Имсол, тибқи дурнамо, кишти такрорӣ дар саросари ҷумҳурӣ 74490 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 462 гектар зиёд мебошад. Тавре ки аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, то имрӯз дар ҷумҳурӣ 4668 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст.