Рӯзномаи Хатлон » Эълонҳо » ДАРХОСТ БАРОИ ПЕШНИҲОДОТ ДБП 6862.20.018


ДАРХОСТ БАРОИ ПЕШНИҲОДОТ ДБП 6862.20.018


Чорабиниҳо барои рушди корхонаҳои бахши агробизнес дар вилояти Хатлон

Пешзамина. Лоиҳаи USAID оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Tоҷикистон (Лоиҳа) фаъолияти агробизнесро ҷиҳати гуногун намудани маҳсулотҳои аграрӣ, ки метавонанд имкониятҳои бозори дохилӣ ва байналмилалиро истифода баранд, дастгирӣ менамояд ва тавассути он бахши аграрии рақобатнок, фарогир ва устуворро тақвият бахшад. Уинрок Интернешнл (Уинрок) Лоиҳаи мазкурро бо истифода аз усулҳои бозорӣ ва бахши хусусӣ барои мусоидат ба рушди иқтисодӣ, афзудани шуғл ва беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ тавассути тавсеаи рақобатнокии корхонаҳои хурд ва миёна дар бахши коркарди шир ва боғдорӣ дар 13 (сенздаҳ) ноҳияҳои ҷанубу ғарбии вилояти Хатлон (Кӯшониён, Вахш, Левакант, Хуросон, Ёвон, А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Қубодиён, Шаҳритӯс, Н. Хусрав ва Панҷ) татбиқ менамояд.

Мақсад ва ҳаҷми кор. Лоиҳа нақша дорад, ки яке аз ширкатҳои хизматрасониро дар самти рушди соҳибкорӣ ҷиҳати пешниҳоди хизматрасонӣ барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои бахши агробизнес дар вилояти Хатлон ҷалб намояд. 

Бахшҳои агробизнес, ки Лоиҳа онҳоро дар доираи ин фаъолият фаро мегирад, фаъолияти коркарди донагиҳо, хушкунии хурмо, марказҳои хизматрасонӣ ба хоҷагиҳоро дарбар мегирад, ки дар минтақаи ҳадафии Лоиҳа ҷойгир шудаанд. 

Ширкатҳои хизматрасониро зарур аст, ки дар ҷавоби худ ба ин дархост оид ба пешниҳодот усулҳои хизматрасонии марбут ба рушди соҳибкориро баён намоянд, аммо Лоиҳа дар назар дорад, ки ҳар як усул, ҳам бозомӯзии инфиродии оид ба соҳибкорӣ ва ҳам бозомӯзии барои гурӯҳҳои хурд мутобиқкардашударо дарбар мегирад. Дар нақша аст, ки ин дастгирӣ аз ҷузъҳои зерин иборат хоҳад буд:

- баҳогузории талабот-омӯзиши ширкат;

- нақшаи инфиродии дастгирии рушди ширкат;

- нақшаи татбиқи рушди ширкатҳо ва бозомӯзӣ ва роҳнамоии пайваста.

Дар назар аст, ки фаъолияти ширкатҳои хизматрасонии интихобгардида аз моҳи январ то сентябри 2021 давом ёбад.

Меъёрҳои мувофиқат ва талабот:

- Аз қайди давлатӣ гузашта бошанд ё барои анҷом додани фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи дигар иҷозат дошта бошанд; 

- Соҳиби таҷрибаи бомуваффақияти қаблӣ дар амалигардонии чорабиниҳо вобаста ба рушди корхонаҳои бахши агробизнес, баҳодиҳии иқтидори идоракунии амалиётӣ ва молиявии ширкатҳо, соҳаҳои боғдорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ бошад;

-Мавҷудияти кормандони баландихтисоси соҳаи бизнес-банақшагирӣ ва сафарбаркунии маблағ, маркетинг, менеҷменти молиявӣ.

Афзалият ба ташкилотҳое дода мешавад, ки дар яке аз ноҳияҳои таҳти нуфузи Лоиҳа намояндагӣ доранд.

Ҷаласаи иттиллотӣ рӯзи 25 ноябри соли 2020 соати 10:00 дар дафтари кории Лоиҳа, воқеъ дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Борбад 33 (муқобили тарабхонаи Оби тоза), вилояти Хатлон баргузор мегузарад. Ин ҷаласаи иттилоотӣ ба довталабони соҳибҳуқуқ ва ҳавасманд барои гирифтани иттилооти иловагӣ дар бораи Лоиҳа ва хизматрасониҳои пешбинишуда имконият медиҳад. Инчунин, иштирокчиён оид ба тарзи пур кардани шаклҳои қолабии пешниҳодот дастур ва роҳнамоӣ мегиранд. 

Муҳлати ниҳоӣ. Аз ташкилотҳои ҳавасманд хоҳиш карда мешавад, ки пешниҳодоти худро на дертар аз 10 декабри соли 2020, то соати 16:00 мутобиқи дастурамали пешниҳодӣ дархост пешниҳод намоянд. 

Барои дастрас намудани матни пурраи дархост барои пешниҳодот, лутфан ба суроғаи электронии ACAT.PIF@winrock.org ё яке аз дафтарҳои кории зерини Лоиҳа муроҷиат намоед:

Дафтари корӣ дар шаҳри Душанбе - кӯчаи Айнӣ 48, бинои Маркази Бизнес “Созидание”, Блок Б, ошёнаи 4.

Дафтари корӣ дар шаҳри Бохтар - кӯчаи Борбад 33 (муқобили Тарабхонаи Оби тоза).

Ширкати Уинрок ҳуқуқ дорад, ки ба дархости мазкур тағйирот ворид намояд ё онро бекор кунад. Хароҷоти довталабон вобаста ба омода намудани пешниҳодот аз ҷониби Лоиҳа ҷуброн карда намешавад. Ширкати Уинрок барои рад кардани ҳама гуна пешниҳодот ва ё бастани созишнома бидуни муҳокима ва гуфтушунидҳои минбаъда ҳуқуқ дорад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода