Эълонҳо
Раёсати адлияи вилояти Хатлон
Раёсати адлияи вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои зерини холии
маъмурии хизмати давлатӣ озмун
эълон менамояд
-Сармутахассиси шуъбаи сабти уҳдадориҳои гарав ва кор бо нотариати давлатии Раёсати адлияи вилояти Хатлон;
-Мутахассиси пешбари бахши банақшагирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кор бо ҳизбҳои сиёсӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Раёсати адлияи вилояти Хатлон;
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
Барои ишғолкунандагони мансаби маъмурии категорияи панҷум:
-таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши вазифавӣ 1180 сомонӣ;
Барои ишғолкунандагони мансаби маъмурии категорияи шашум:
-таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши вазифавӣ 973 сомонӣ;
Суроға: шаҳри Бохтар, кӯчаи Кайҳоннавардон, бинои Раёсати адлияи вилояти Хатлон, ошёнаи 2-юм, ҳуҷраи 12
Телефон барои тамос: 8 (3222) 3-01-30