Дар як сатр
9409  ҷавонон ба кор таъмин гаштанд
10:1819 январ

9409 ҷавонон ба кор таъмин гаштанд

Ба иттилои Фариза Абдуллоева соли 2016 дар қаламрави вилояти Хатлон 18118 нафар ҷавонон барои пайдо кардани ҷойи корӣ ба идораи шуғли аҳолии вилоят муроҷиат кардаанд. Дар якҷоягӣ бо Раёсати шуғли аҳолии вилоят 257 ярмаркаи ҷойҳои холӣ баргузор шуд, ки дар натиҷа 9409 ҷавон ба кор таъмин гашт.

Чаро фарзанди лӯлиҳо ба мактаб намераванд?
15:4517 январ

Чаро фарзанди лӯлиҳо ба мактаб намераванд?

Қавми ҷӯгиҳо дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Восеъ умр ба сар мебаранд ва шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб буданд ва ҳастанд. Пас, онҳо низ дар радифи дигар шаҳрвандони кишвар муваззафанд, ки қонунҳои Тоҷикистонро эътироф намуда, талаботи онҳоро бечуну чаро риоя намоянд.

«Ҳосилот» ба Ҷоми КФО омодагӣ мебинад
10:4212 январ

«Ҳосилот» ба Ҷоми КФО омодагӣ мебинад

Ёдрас мешавем, ки «Ҳосилот» 31 январ дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми КФО бо тими «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон қувва месанҷад. Вохӯрии ҷавобии дастаҳо 7 феврал дар шаҳри Душанбе ҷараён хоҳад гирифт.

КФ«Вахш»: Сарбозе, ки намехоҳад генерал шавад…
08:5810 июн

КФ«Вахш»: Сарбозе, ки намехоҳад генерал шавад…

Чаро маъмурияти дастае, ки се карат қаҳрамони футболи Тоҷикистон мебошад, имсол орзуи чемпион шуданро надорад?

Бечоранолии роҳбарияти дастаи футболи «Вахш», ки яке аз қадимтарин тими Тоҷикистон аст, то кай идома мекунад?

Чаро ширкати бонуфузи «Ғаюр-семент», ки сарпарастии ин дастаро ба уҳда гирифта буд, ҳамагӣ баъд аз ним сол аз он даст кашид?

Ҳимояи сарҳад қарзи шаҳрвандии ҳар як фард аст
12:2528 май

Ҳимояи сарҳад қарзи шаҳрвандии ҳар як фард аст

Дар қисми низомии 2628-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 22-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷашн гирифта шуд. Қобили зикр аст, ки ҳамасола 28 май ҳамчун Рӯзи сарҳадбонон низ таҷлил мегардад.

Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд
07:2423 май

Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд

Азиз Шукуров варзишгари тоҷик дар риштаи вазнбардорӣ аст, дар ИМА кор ва тамрин мекунад. Ӯ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, 8 карат мақоми чемпиониро сазовор гаштааст.

Аксияи ҷавонони хатлонӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва раъйпурсӣ»
11:3813 май

Аксияи ҷавонони хатлонӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва раъйпурсӣ»

Бо мақсади рушди туризми дохилӣ, тарғиб ва даъват намудани сокинони вилоят барои иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ дар тамоми шаҳру ноҳияи вилоят аз тарафи як гурӯҳи калони ҷавонони фаъол бо ташаббуси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон саёҳату аксияҳо ва мототсиклронӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва раъйпурсӣ» баргузор гашта истодааст.

Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол
10:3913 май

Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гашт, ки дар он иҷрои Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 мавриди муҳокима қарор гирифт.

Кӯдакони замони ҷанг заҳматкашу ватандӯст буданд…
14:1909 май

Кӯдакони замони ҷанг заҳматкашу ватандӯст буданд…

Дар солҳои пуризтироби Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳоти кишвар аксари мардуми ҷавону миёнасол ба фронт рафтанд. Дар колхозҳо асосан занон ва мардони пиронсолу бачагони хурдсол монданд. Ва маҳз ҳаминҳо колхозҳоро, умуман истеҳсолоти кишоварзиро идора мекарданд. Солҳои хеле мушкил буд, аммо мардонагию ҷасорати беҳамтои онон дар он солҳои мушкил колхозҳоро аз фаношавӣ боздошт.

Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст
15:2806 май

Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст

Лоиҳаҳои иғвоандози давлатҳои аҷнабӣ идеологияи таҳрифшудаи нави диниро бо номи «салафия-ваҳҳобия» ба сари ҷавонону наврасони мо бор карда, аз рӯйи ангезаҳои мазҳабӣ ба бор овардани ҷанги нави шаҳрвандиро таҳмил карда истодаанд.

Ҷавонон - тарғибгари фарҳанги миллӣ
18:4605 май

Ҷавонон - тарғибгари фарҳанги миллӣ

Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки ҷавонони фаъоли минтақа дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар тарғиби фарҳанги миллӣ ва маҳкум намудани зуҳуроти бегонапарастӣ дар ҷомеа» семинар-машварат баргузор гардид.

Қӯрғонтеппа. Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм: дастовардҳо ва мушкилот»
13:3802 май

Қӯрғонтеппа. Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм: дастовардҳо ва мушкилот»

Прокурори вилоят зимни баромади худ зикр кард, ки аз соли 1997 ба ин сӯ дар ҷумҳурӣ 14 созмони экстремистӣ маҳв карда шуда, фаъолияти 12 ташкилоти дигари террористию экстремистӣ аз ҷониби Сули Олӣ манъ карда шудааст. "Танҳо дар се соли охир 351 ҷинояти хусусияти экстремистидошта ба қайд гирифта шуда, дар ин робита нисбат ба 438 нафар парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст, ки ин рақам нигаронкунанда мебошад", - афзуд Н. Маҳмудов.

Дар пойгаи мототсиклронӣ кӣ пирӯз омад?
13:5525 апрел

Дар пойгаи мототсиклронӣ кӣ пирӯз омад?

Дар ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии мусобиқа аз рӯйи ҳисоби умумидаставӣ дастаи Кумитаи шаҳрии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Сарбанд мақоми аввал, дастаи Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд мақоми дуюм ва дастаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Турсунзода мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар  Хатлон
11:5218 апрел

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар Хатлон

Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон ва Ҳабибулло Амирбекзода муовини Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз намоиши дастовардҳои илмию техникӣ, комёбиҳои арсаи варзиш ва китобу мақолаҳои илмии устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дидан карданд.

Аскарӣ мактаби мардонагист
09:0918 апрел

Аскарӣ мактаби мардонагист

Ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудану адои хизмати модар-ватан намудан қарзи ҳар як фарди соҳибватан ба ҳисоб меравад.
Дар шароити кунунӣ дар баробари ҷавононе, ки аз адои хизмати ҳарбӣ сарпечӣ мекунанд, кам нестанд ҷавонписарони бонангу номусе, ки ба сафи аскарони Артиши миллӣ пайваста, марзу буми меҳанро дифоъ мекунанд ва агар лозим шавад, ҷони худро фидо месозанд.