Дар як сатр
Варзишгари хатлонӣ сарпараст меҷӯяд (видео)
08:1715 май

Варзишгари хатлонӣ сарпараст меҷӯяд (видео)

Исматулло Умаров, варзишгари тоҷик дар риштаи дастхобонӣ, дар шаҳри Екатеринбурги Россия қарор дорад. ӯ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат намуда, 2 каратҷоизадори чемпионати Осиё, 4 карат чемпиони Тоҷикистон буда, дорандаи 15 медали мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ва 7 медали мусобиқоти байналмилалӣ мебошад. Ҳамчунин, ҷоизадори фестивали байналмилалии «Шери тилоӣ»-и шаҳри Екатеринбург аст.

6 паҳлавон соҳиби медал шуданд
10:3111 май

6 паҳлавон соҳиби медал шуданд

Шаш нафар паҳлавони хатлонӣ медалҳои мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи озод байни ҷавонони то 20-соларо ба даст оварданд.

«Хомаи созанда»
17:0005 май

«Хомаи созанда»

Бо чунин ном маҷмӯаи мақолаҳои донишҷӯёни соли 4-уми риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав рӯйи чоп омад. Ин иқдоми камназир ба муносибати Соли ҷавонон ва дар арафаи Рӯзи байналмилалии озодии матбуот амалӣ гардид.

«Корвони маърифат» ба шаҳри нур расид
10:3403 май

«Корвони маърифат» ба шаҳри нур расид

Шанбеи гузашта - 29 апрел Корвони пайкрасон аз 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ба шаҳри зебоманзару нурбахши Норак раҳсипор шуд. Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр муовини раиси шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои маҳаллӣ ва ҳунармандон бо як ҷаҳон меҳру ихлоси самимӣ пешвоз гирифтанд. Ҷавонони суханвари Норакшаҳр бо якчанд забон аҳли “Корвони маърифат”-ро хайрамақдам гуфта, диққати ҳамаро шеърдонию нутқи шевои духтарчаи чорсола ҷалб намуд.

Ҳушёриро аз даст надиҳем
09:2502 май

Ҳушёриро аз даст надиҳем

Ифротгароӣ амалест, ки ҷомеаи ҷаҳониро зери хатар қарор дода, пеш аз ҳама, теша ба решаи дарахти сабзи суботу амният ва сулҳу ваҳдат мезанад. Садҳо кӯдаконро дучори хушунату бепарасторӣ, гуруснагию дарбадарӣ гардонида, модаронро гирифтори ғам менамоянд.

Довталабони адои хизмати аскарӣ зиёданд
11:4927 апрел

Довталабони адои хизмати аскарӣ зиёданд

Нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон то 25 апрел 66,1 дарсад иҷро гардида, аксари ҷавонони даъватшуда довталабона ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ ҳозир шудаанд.

«Созандагони ватан» ба  қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд
10:5826 апрел

«Созандагони ватан» ба қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд

Бо ибтикори намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони ватан» дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, саёҳати 130 ҷавони хатлониро аз рӯйи хатсайри Қӯрғонтеппа - Ҳисор– Душанбе ташкил намуд.

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист
10:3826 апрел

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Дартолори Кохифарҳанги Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа баноми Носири Хусрав чорабинии маърифатӣ дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои манъшудаи экстремистию террористӣ ва огоҳсозии онҳо аз хатарҳои ин зуҳурот” баргузор гардид. Мақсади ин ҳамоиш ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват намудани ҷавонон, таблиғи арзишҳои миллию давлатдорӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбият намудани онҳо, ташвиқи ҷавонон ба илму донишомӯзӣ ва шарҳу тафсири пайомадҳои ногувори гаравиш ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ арзёбӣ гардид.

«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид
09:0019 апрел

«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид

Ҳадаф аз баргузории чорабинии маърифатӣ-иттилоотии «Корвони маърифат», пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба маълумотнокии бештари мардум аст. Масъулини соҳаи идеологӣ ба ноҳияи Шаҳритуз сафарбар шуданд, ки ҳар чи бештар масъалаи дастрасӣ ба иттилоотро дар миёни ҷомеа зиёдтар мекунад.

Дар ҳамкорӣ терроризму ифротгароиро пешгирӣ намоем
09:3517 апрел

Дар ҳамкорӣ терроризму ифротгароиро пешгирӣ намоем

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон доир гардид. Ҷамъомадро раиси Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Оғози бозиҳои лигаи якум
09:2314 апрел

Оғози бозиҳои лигаи якум

Мавсими футбол дар лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон 14 апрел оғоз меёбад ва дар он 12 даста барои медалҳои мусобиқа дар ду марҳала мубориза мебаранд.

Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»
16:0013 апрел

Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»

Бо мақсади боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва сулҳу ваҳдатхоҳии сокинон бахшида ба таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Қубодиён барномаҳои фарҳангиву иттилоотии «Корвони маърифат» гузаронида шуд.

Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»
10:2910 апрел

Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Бозиҳои даври чоруми чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ ҷамъбаст шуданд. Дар вохӯрии марказии ин давр дастаи «Ҳосилот»-и Фархор дар шаҳри Душанбе тими «Регар-ТадАЗ»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.