Дар як сатр
«Созандагони ватан» ба  қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд
10:5826 апрел

«Созандагони ватан» ба қалъаи Ҳисор ва Душанбешаҳр омаданд

Бо ибтикори намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони ватан» дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, саёҳати 130 ҷавони хатлониро аз рӯйи хатсайри Қӯрғонтеппа - Ҳисор– Душанбе ташкил намуд.

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист
10:3826 апрел

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Дартолори Кохифарҳанги Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа баноми Носири Хусрав чорабинии маърифатӣ дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои манъшудаи экстремистию террористӣ ва огоҳсозии онҳо аз хатарҳои ин зуҳурот” баргузор гардид. Мақсади ин ҳамоиш ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват намудани ҷавонон, таблиғи арзишҳои миллию давлатдорӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбият намудани онҳо, ташвиқи ҷавонон ба илму донишомӯзӣ ва шарҳу тафсири пайомадҳои ногувори гаравиш ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ арзёбӣ гардид.

«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид
09:0019 апрел

«Корвони маърифат» ба Шаҳритуз расид

Ҳадаф аз баргузории чорабинии маърифатӣ-иттилоотии «Корвони маърифат», пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба маълумотнокии бештари мардум аст. Масъулини соҳаи идеологӣ ба ноҳияи Шаҳритуз сафарбар шуданд, ки ҳар чи бештар масъалаи дастрасӣ ба иттилоотро дар миёни ҷомеа зиёдтар мекунад.

Дар ҳамкорӣ терроризму ифротгароиро пешгирӣ намоем
09:3517 апрел

Дар ҳамкорӣ терроризму ифротгароиро пешгирӣ намоем

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон доир гардид. Ҷамъомадро раиси Шӯрои ҷамъиятии вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Оғози бозиҳои лигаи якум
09:2314 апрел

Оғози бозиҳои лигаи якум

Мавсими футбол дар лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон 14 апрел оғоз меёбад ва дар он 12 даста барои медалҳои мусобиқа дар ду марҳала мубориза мебаранд.

Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»
16:0013 апрел

Қубодиён. Пазироӣ аз «Корвони маърифат»

Бо мақсади боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва сулҳу ваҳдатхоҳии сокинон бахшида ба таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Қубодиён барномаҳои фарҳангиву иттилоотии «Корвони маърифат» гузаронида шуд.

Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»
10:2910 апрел

Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Бозиҳои даври чоруми чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ ҷамъбаст шуданд. Дар вохӯрии марказии ин давр дастаи «Ҳосилот»-и Фархор дар шаҳри Душанбе тими «Регар-ТадАЗ»-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Таъсиси грант барои духтарони деҳот
10:1310 апрел

Таъсиси грант барои духтарони деҳот

Зиёда аз 20 нафар духтарони касбу кори гуногуни ноҳияи Балҷувон дар доираи лоиҳаи “Омода кардани духтарони Балҷувон дар идоракунии давлатӣ” ба курсҳои омӯзишии “Духтарон – роҳбарони ояндасоз” ҷалб карда шудаанд.

Ҷавонон-неруи созанда
13:5405 апрел

Ҷавонон-неруи созанда

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳи зиёд ба насли ҷавони кишвар соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуд.

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон (аксҳо ва видео)
14:3504 апрел

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон (аксҳо ва видео)

Субҳи 4 апрел саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа идгоҳро мемонд. Ҷавонон бо шиору навиштаҷоти ватандӯстона, парчамҳои рангоранг ва рӯҳияи ватандӯстона ҷамъ омада буданд. Онҳоро ҳисси меҳанпарастӣ ба ин макон раҳнамун сохта буд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар намояндагон аз шаҳру новоҳии вилоят ширкат доштанд.

Бузкашии гарм дар борони нарм
14:2004 апрел

Бузкашии гарм дар борони нарм

Дар Ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг бахшида ба ҷашни Наврӯзи аҷам мусобиқаи бузкашӣ (човандозӣ) бо ташаббуси Корхонаи "Тиллои тоҷик" дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия баргузор гардид.

Корвони маърифат
10:2603 апрел

Корвони маърифат

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ “Корвони маърифат” дар ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ, мулоқоту вохӯриҳои хешро идома бахшид.