Дар як сатр
Дуюмин ҳодисаи худкушӣ дар Носири Хусрав
08:1320 феврал

Дуюмин ҳодисаи худкушӣ дар Носири Хусрав

Ахиран дар деҳаи “Навобод”-и ҷамоати деҳоти “Фирӯза”-и ноҳияи Носири Хусрав ҳодисаи худкушии ноболиғ сар зад, ки дар соли равон дувумин мавриди худкушӣ дар ин ноҳия ба шумор меравад.

Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ
14:0318 феврал

Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон барои донишҷӯёни риштаи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ 740 адад китоби таълимӣ тақдим шуд.

Қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон мураббии
09:1316 феврал

Қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон мураббии "Равшан" таъин шуд

Мутахассиси шинохта Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, ки таҳти раҳбарии ӯ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳафт бор қаҳрамони Тоҷикистон ва се бор барандаи Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё гардидааст, сармураббии дастаи «Равшан»-и Кӯлоб таъин шудааст.

Арӯсии ноболиғон: «қарзи падарӣ» ё нақзи ҳуқуқи фарзанд?
13:2614 феврал

Арӯсии ноболиғон: «қарзи падарӣ» ё нақзи ҳуқуқи фарзанд?

Иҷборан ба шавҳар додани духтарони ноболиғ як далели бебаҳси поймолшавии ҳуқуқи онҳост, ки дар бештари маврид аз ҷониби волидайн нақз мешавад. Ин ҳам як навъи хушунат аст. Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, танҳо дар як соли охир 16 падару модар дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо иттиҳоми ба шавҳар додани духтарони ноболиғашон ба муҷозот кашида шудаанд.

Панҷ. Оё «Саройкамар»-ро дар лигаи олӣ мебинем?
15:2412 феврал

Панҷ. Оё «Саройкамар»-ро дар лигаи олӣ мебинем?

Барои он ки тими футболи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ дар лигаи олии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кунад, солона на кам аз 800 ҳазор сомонӣ маблағ лозим аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки клуби футболи «Саройкамар» барандаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон буда, ҳаққи ширкат дар лигаи олиро пайдо кардааст.

«Ҳамқадам» - нашрияи нав барои ҷавонон
10:2605 феврал

«Ҳамқадам» - нашрияи нав барои ҷавонон

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа нашрияи наве бо унвони «Ҳамқадам» рӯйи чоп омад, ки бозтоби ҳаёти ҷавонони вилояти Хатлонро ҳадафи аслии худ қарор додааст.

Ду савол, садҳо ҷавоб...
16:3804 феврал

Ду савол, садҳо ҷавоб...

Дар бораи проблемаҳои бекорӣ, пайдо накардани шуғли муносиб, муҳоҷирати корӣ, монеаҳои сунъӣ дар роҳи карйерасозӣ, мушкили издивоҷу дастрасӣ ба манзили зист ва мисли ин ки домангири бархе аз ҷавонон шудааст, зиёд гуфтаанду мегӯем. Аммо дар мавриди ҳарфи дили ҷавонон, орзуҳо, розу ниёзу хостаҳои эшон, ки аксаран онро бозгӯ намекунанд, шояд кам меандешем.

«Пётри Кабир дар куҷо қаҳва нӯшидааст?»
15:4303 феврал

«Пётри Кабир дар куҷо қаҳва нӯшидааст?»

Бо тасвиби қонуни нави марбут ба вазъи будубоши муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Россия зиндагӣ ва кори онҳо мушкилтар шуда, шумораи онҳое, ки аз ҷойи корашон маҳрум гаштаанд, афзудааст.

15 феврал мубориза барои Ҷоми ФФТ шурӯъ мешавад
18:3902 феврал

15 феврал мубориза барои Ҷоми ФФТ шурӯъ мешавад

Чорумин мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки ҷоизаи он 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, 15-уми феврал бо бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ шурӯъ мешавад.

Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад
20:3428 январ

Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

Ҷавонони раҳгумзада аслан на аз таълимоти ислом бохабаранду на аз сиёсати кишварҳои манфиатхоҳ. Онҳоро ба ҳар роҳу восита бо баҳонаи «ҷиҳод» ба вартаи ҳалокат кашида, масъалаҳои пасипардагии худро ҳал менамоянд.

Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб
18:0127 январ

Ифтитоҳи коллеҷи милитсия дар Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб маросими ифтитоҳи Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин маросим Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон, Абдуғаффор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб ва собиқадорони мақомот ширкат варзиданд.

Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст
06:2826 январ

Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

«Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст. Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст».

Тоҷикистон-Африқои Ҷанубӣ. Соати 18:30
14:1718 январ

Тоҷикистон-Африқои Ҷанубӣ. Соати 18:30

Шоми имрӯз, соати 18:30 дастаи мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон дар сабқати байналмилалии «Ҷоми Иттиҳод-2015» бо мунтахаби ҷавонони Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ вориди рақобат мешавад.

Муроҷиати ҷавонони вилояти Хатлон ба ҷавонони бурунмарзӣ, ки ба корҳои номатлуб даст задаанд
10:4717 январ

Муроҷиати ҷавонони вилояти Хатлон ба ҷавонони бурунмарзӣ, ки ба корҳои номатлуб даст задаанд

Нанговар аст, ки давоми солҳои охир якчанд тан ҷавонони кишвари мо ба дасисаву андешаҳои ғаразноки ифротгароёну душманони аҳли башарият дода шуда, даст задан ба амалҳои номатлубро пеша намудаанд. Имрӯз ангуштшумор ҷавонони тоҷик аз кӯтоҳандешӣ ва нодидагирӣ аз оромӣ, амонӣ ва сулҳу суботи Ватани азизамон Тоҷикистон бо дасисабозиҳои гурӯҳҳои ифротию манфиатҷӯён, ки бо номи Ислом иснод овардаанд, фирефта гардида, дар бенизомии мамлакатҳои беруна даст доранд.