Дар як сатр
Чаҳор гавҳари як хонадон
15:1609 ноябр

Чаҳор гавҳари як хонадон

Аз қиссаи оилае хоҳем гуфт, ки чаҳор ниҳолаки пурбори дониш ва боистеъдод дорад. Оилае, ки чаҳор фарзанди забондону ҷаҳондон дорад. Оилае, ки пулу мол надорад, то фарзандон дар литсею гимназияҳои номӣ таҳсил кунанд. Оилае, ки падару модари олиму унвондор надорад. Оилае, ки ҳатто манзили зисташ туҳфаи як марди саховатпеша аст. Аммо оилае, ки масъулияти таълиму тарбияро бахубӣ эҳсос мекунад ва бо роҳи худомӯзӣ ба фарзандон забону илм меомӯзад, то дар оянда соҳибном гарданд. Оилае, ки ҳар банди қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дар амал татбиқ мекунад.

«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!
08:5016 октябр

«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

«Сар пачкаи пичинӣ, гўшот турбаи резинӣ, бинит уштаки гаиворӣ, дандонот ришоткаи турмаворӣ», ин буд ибораҳое, ки қаблан ҷавонон ба гуфтаи худашон дар гуфтугў мисли «закуска» истифода мекарданд. Аммо имрўз чунин ба назар мерасад, ки «фарҳанг»-и кўчагии ҷавонписарону духтарон торафт «бой»-у «ғанӣ» гашта истодааст. Феълан вожаҳои «...девонашай», «хар...й», «ҳайв...най», « гўшош меҷумба», «паҳ, причоскара бин» ва амсоли инро фаровон истифода мебаранд.

«Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?
10:2014 октябр

«Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?

(Духтар, 27-сола, сокини ш. Душанбе, маълумоташ миёна, хонашин, қадаш-164, вазн-54кг, бо ҷавонмарди то 30-35-5солаи соҳиби кор ва ҷои зист оила барпо кардан мехоҳад.
– Аҳли хонадони мо ҳама хоксору самимианд. Мо ҳеҷ гоҳ аз пайи молу сарват набудем…
(аз нашрияи «Муҳаббат ва оила», №25 (706), 16-22 июн)

Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ
09:4014 октябр

Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Се ноҳияи вилояти Хатлон – Носири Хусрав, Сарбанд ва Балҷувон - нақшаи сафарбарии ҷавонон ба Қувваҳои мусаллаҳи кишварро иҷро намудаанд.

«Мо ҳомиёни ин Ватанем»
10:4325 сентябр

«Мо ҳомиёни ин Ватанем»

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон маҷмӯи чорабиниҳоро таҳти унвони «Мо ҳомиёни ин Ватанем» доир карданист.

Восеъ. Литсей номи Амакиевро гирифт
14:4023 сентябр

Восеъ. Литсей номи Амакиевро гирифт

Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ ба номи Рустам Амакиев, собиқ фармондеҳи «Алфа», гурӯҳи махсуси зертобеи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гузошта шудааст.

«Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд»
18:4112 сентябр

«Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд»

Ин «ҳомии Ватан» ба рӯ ниқоб кашида, ба ҷойи дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми кишвар тарбият намудани мо барин насли ҷавон дар дил нисбат ба ҳамватанон ва хоки поки Тоҷикистон кинатӯзӣ мекунад, оромию осудагӣ ва тинҷию рӯзгори хуррамонаи ҳамватанонашро чашми дидан надорад.

Ватанро бо тавони рустамона посбон бошем
14:3118 июл

Ватанро бо тавони рустамона посбон бошем

«Ватани азиз ва халқи бедордилу меҳанпарасту тамаддунофари тоҷик ба ҳеҷ гуна ҳизби ифротӣ, ба мисли ҲНИТ, ниёз надорад. Аз ҳамин лиҳоз, аз номи кулли сокинони ноҳияи Темурмалик якдилона аз Сарвари муаззами кишвар ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамоем, ки фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон қатъ гардонида шавад».

Кӣ ба мадади «Мададгори мудофиа» мерасад?
18:4715 июл

Кӣ ба мадади «Мададгори мудофиа» мерасад?

Ҳавопайпои тамғаи АН-2-и Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Хатлон баъд аз таваққуфи бисёрсола таъмир шуда, рӯзҳои наздик дубора парвоз хоҳад кард.

Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест
17:0310 июл

Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Мо зодаи даврони истиқлолем ва дар тӯли умри хеш ягон амали созанда, ягон кори нек, ба ҷуз фитнаю кин коштан дар қалби мардум, аз бахши ҲНИТ дар ноҳия надидаем. Танҳо бахши шумо, ин ҳам бошад, ду сарсупурдаатон (раис ва муовин) дар давраи интихобот бо тақсими барномаҳои ҳизб дар бозор машғул шуда, то интихоботи дигар коре надоранд. Натиҷаи интихоботи охирин бори дигар дар ноҳия обрӯю нуфузи ҲНИТ-ро нишон дод, ки чунин бахши ҲНИТ барои мо шаҳрвандон лозим нест.

Муроҷиати модарони Хатлонзамин: Нагузорем, ки ҷоми булӯрини Ваҳдат осеб бубинад
18:0606 июл

Муроҷиати модарони Хатлонзамин: Нагузорем, ки ҷоми булӯрини Ваҳдат осеб бубинад

Мо нагузорем, ки ҷоми булӯрини Ваҳдат, ки бо ҳазорон умеду ормон бо ивази ҷонбозиҳо ва ашки модарон ба даст омадааст, аз чашмзахми нохалаф, аз тири нигоҳи бадхоҳон, кину адовати нокасон осеб бубинад. Мо - модарони Хатлонзамин аз оқибати ҷанг, гуруснагӣ, фақирӣ, аз дастдодани фарзандон, хонаи обод хуб огаҳ ҳастем.

Номи тифлро чӣ монем: Табару Гургак ё Абдурасул?
14:0603 июл

Номи тифлро чӣ монем: Табару Гургак ё Абдурасул?

Чаро баъзеҳо гузоштани номҳои зебои форсии тоҷикиро ба фарзандонашон ҷоиз намешуморанд? Масъулони шуъбаҳои САҲШ ба дархости шаҳрвандон дар бораи бо номҳои Табар, Дост, Гургак, Борон, ё Саид Маҳди Хоҷа, Шайх Алии Ҳалабӣ ва ба ин монанд номҳои дигар гирифтани шаҳодатнома ба фарзандони худ чигуна бархӯрд мекунанд?