Дар як сатр
ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд
09:4614 январ

ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

Чанд соли охир сифати таълиму тадрис дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав беҳтар гардидааст. Ҳамчунин базаи фаннӣ ва моддии он қавитар шуда, дар ин замина таъмиру таҷдид ва ободониҳо низ мунтазам идома доранд. Натиҷагирие, ки мо аз ҳисоботи ректори донишгоҳи мазкур Муҳаммад Шодиён оид ба ҷамъбасти фаъолияти донишгоҳ дар соли сипаригардида кардем, бароямон аён шуд - устодону донишҷӯёни муассиса ба дастовардҳои чашмраси илмӣ ноил гаштаанд.

Даромади театр – 81500 сомонӣ
16:5613 январ

Даромади театр – 81500 сомонӣ

Аҳли эҷоди Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа дар соли 2015 беш аз 200 намоиш ва барномаҳои консертӣ гузаронидаанд, ки аз ин 60-тоаш ройгон буд.

Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд
09:3322 декабр

Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Бозиҳои азими сиёсӣ ва равандҳои бузурги геополитикӣ имрӯз кишварҳои зиёдеро бо хатарҳои воқеӣ рӯ ба рӯ кардааст. Солҳои охир калимаи «ҷиҳод», махсусан ҷиҳоди исломӣ, вирди забонҳои мардум гардидааст. Аз шунидани ин вожа ҳамзамон саҳнаи куштори ваҳшиёнаи одамон ба ёд мерасад. Агар ба умқи аслии «ҷиҳод» фурӯ равем, мебинем, ки он маънии мусбат дошта, ҳадафаш ҳифзи субот, таҳкими амният ва истиқрори сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад.

Оғози конфронси ҷумҳуриявӣ дар Қӯрғонтеппа
08:3018 декабр

Оғози конфронси ҷумҳуриявӣ дар Қӯрғонтеппа

Шоми дирӯз ҷавонони фаъол ва донишҷӯёни минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ - иштирокдорони конфронс дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар дар тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ», ки дар маркази вилояти Хатлон- шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор хоҳад гашт, аз шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо озими вилоят гардиданд.

Парчамбардорони «Давлати исломӣ» муҷозот шуданд
15:0207 декабр

Парчамбардорони «Давлати исломӣ» муҷозот шуданд

Суди вилояти Хатлон баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 8 сокини ноҳияи Шаҳритусро ба итмом расонид. Ин афрод барои овезон кардани парчами гурӯҳи террористии «Давлати Исломӣ» дар ноҳия айбдор дониста шуданд.

Дӯст доштани Ватан аз имон аст!
11:0026 ноябр

Дӯст доштани Ватан аз имон аст!

Паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар замони худ мардумро ба ватандӯстию ҳифзи он даъват намуда, дар ҳадиси шариф мегӯяд: «Дӯстдоштани Ватан аз гӯшаи имондорӣ аст».

«Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷӣ гардид
10:1523 ноябр

«Равшан»-и Кӯлоб барандаи медалҳои биринҷӣ гардид

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, дар бозии давраи охирин миёни дастаҳои лигаи олӣ бар тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 ғолибиятро ба даст оварда, дар натиҷа барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи имсола гардид.

Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?
14:3819 ноябр

Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

Суди ноҳияи Бохтар ба баррасии парвандаи пурсарусадое шурӯъ кардааст, ки дар робита ба кордкашӣ ба сӯйи омӯзгори яке аз мактабҳои маҳаллӣ Давлат Тошев кушода шуда буд. Интизор меравад, ки ояндаи наздик ҳукми суд эълон шавад.

Медали нуқраи Набимуҳаммад
15:0718 ноябр

Медали нуқраи Набимуҳаммад

Паҳлавони маъруфи хатлонӣ Набимуҳаммад Хоркашов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Касабланкаи Марокаш шаби якшанбеи 15 ноябр ба анҷом расид, дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кг мақоми дувумро касб кард.

Ҷавонони ДДҚ -  парчамбардорони давлат
14:2216 ноябр

Ҷавонони ДДҚ - парчамбардорони давлат

Шанбеи гузашта дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ ҳунарнамоӣ намуда, намоишномаи фарҳангии ҷолибу диданиеро манзури бинандагон гардониданд.

Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм
10:4712 ноябр

Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Дар даври 16-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Фарҳоди кӯҳнавард – донишҷӯи сол
10:3012 ноябр

Фарҳоди кӯҳнавард – донишҷӯи сол

Ҷавони тоҷик Фарҳод Муъминов, зодаи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ки феълан дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Адигея таҳсил мекунад, ҷоизаи вижаи «Беҳтарин донишҷӯи хориҷии сол»-ро дар Ҷумҳурии Адигеяи Русия ба даст овард.

«Навниҳолони боғи сухан»
11:0011 ноябр

«Навниҳолони боғи сухан»

Бо ҳамин ном китоби тозанашри хабарнигорони ҷавони рӯзномаи «Хатлон» Комрони Бахтиёр, Давлатбеки Каримзод, Низорамоҳи Ҳамид ва Низомиддин Исоев ба чоп расид, ки аз маҷмӯаи мақолаҳои таҳлилию танқидӣ иборат аст.