Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҳиссаи вилояти Хатлон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии мамлакат - 50,5%


Ҳиссаи вилояти Хатлон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии мамлакат - 50,5%



Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон аз 3,3 млрд. сомонӣ наздик ба 17 млрд. сомонӣ расонида шуда, ҳисоби миёнаи афзоиш ҳамасола аз 7 то 10 фоизро ташкил мекунад.

Аз Сарраёсати кишоварзии вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” хабар доданд, ки дар маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ ҳиссаи вилояти Хатлон 50,5 фоизро ташкил дода, дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ғалладонагиҳо 63,1%, пахта 67,7%, сабзавот 59,3%, аз ҷумла пиёз 63,9%, полизиҳо 77,8% ва истеҳсоли моҳӣ 71,4 фоизро ташкил медиҳад.

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам, давоми солҳои 1991-2020 майдони кишти гандум 2,1 маротиба, шолӣ 2,3 маротиба, лӯбиёгиҳо 2,4 маротиба, ҷуворимакка барои дон 2,6 маротиба, картошка 2,9 маротиба, сабзавот 3,5 маротиба ва полезӣ 2,1 маротиба зиёд гардида, истеҳсоли ғалладона 7,5 маротиба, сабзавот 22 маротиба, полезӣ 1,7 маротиба, мева 24,7 маротиба, ангур 2,7 маротиба ва ҳосилнокии онҳо аз 2 то 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз 12 ҳазор гектар то 18,0 ҳазор гектар заминҳои байни боғу токзорҳо, партов ва чарогоҳҳое, ки имконияти кишт намуданро доранд, мавриди истифода қарор дода, фаровонии бозорҳои истеъмолиро таъмин намуда истодаанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода