Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » МУАММОИ САРБАСТА: ОН ҲАЛЛИ ХУДРО МЕХОҲАД


МУАММОИ САРБАСТА: ОН ҲАЛЛИ ХУДРО МЕХОҲАД


Ман, Шарифхон Поччоев маълумоти олӣ надорам, вале ба ин нигоҳ накарда ба хонандаи гиромӣ як муаммо - чистонеро пешниҳод менамоям. Ку, кӣ зуд меёбад?

Хоҷагӣ зотпарварӣ аст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, № 245 ба ҳамин шабака дохил мешавад. Бояд гӯсфанд-чорвои зотӣ истеҳсол намуда, дигар хоҷагиҳоро бо гӯсфанди зотӣ таъмин намояд. Аммо имрӯз хоҷагӣ бо ном вуҷуд дорад. Аз 27000 ҳазор сар гӯсфанд наздики 200 сар боқӣ мондааст.   Хуб, кӣ мегӯяд номи ин хоҷагиро ва кӣ мекушояд ин муаммои сарбастаро?  Наёфтед? Ин тавр бошад, ман мегӯям:

Хоҷагии мазкур Кооперативи тиҷоратии «Тебалай»-и ноҳияи Муъминобод аст, ки имрӯз бо ном вуҷуд дорад. Аз  чӯпону сарчӯпонҳои он, кӣ қариб ба 60-70 нафар мерасид, асаре нест. Дар баробари ин, гӯсфандони хоҷагӣ низ ғайб заданд: Ин аст, муаммои сарбаста.

Ба ин саволҳо, ҳарчанд баъзе нафарон хуб ҷавоб дода тавонанд ҳам, вале хомӯширо пеша мекунанд, чаро ки сири кори онҳо рӯи об хоҳад баромад. 

Соли 2006 ба кооперативи тиҷоратии «Тебалай» ба кор даромадам. Аниқтараш, ёрдамчии сарчӯпон-бародарам Мунаввар гардидам.  Чанд сол бо ӯ якҷоя кор кардем, таҷрибаи корӣ омӯхтам. Соли 2011 маро сарчӯпон таъйин намуданд. Корам бад набуд. Ҳатто ба ҷои як хару як асп   баробари 10 сар гӯсфанд пашму гӯшту пӯст месупоридам. Кӣ дидаст хару аспи пашмдеҳро, ана, боз як муаммои дигар.

Инаш ба хайр. Аз соли 2012 сар карда, то соли 2020 дар хоҷагии мо «хунукӣ» ва «беморӣ»-и чорво ҳеҷ не ки кам шавад. Давоми ин солҳо ба моли майда қирон омад. Дар ин муддат соле аз ҳазор сар то  2000, 3000, 4000 - сарӣ аз «ноилоҷӣ» кушта мешуд. Соли 2020 дигар на кашару на атари гӯсфанд монду на пайи онҳо. Сабаб чӣ бошад? Аввалан, аз бемасъулиятии собиқ роҳбари хоҷагӣ Абдулҳафиз Қурбонов, сарбайтор Чилла Гадоев, алҳол роҳбари кооперативи тиҷоратии «Тебалай», сармуҳосиб С. Бегматов ва сарзоотехники хоҷагӣ Мирзошо Пӯлодов ва баъдан, аз тайёр ва захира нагардидани хӯрока барои чорво дар фасли зимистон (оид ба сарулибос ва хӯрокаи чӯпонҳо ҳоҷати гап нест).  Хулоса, нафси саркаш хоҷагиро ба ҳамин дараҷа расонд. Агар чунин намебуд, пас тез - тез иваз кардани мошинҳои хориҷии масъулин, аз қабили сарзоотехники хоҷагӣ Мирзошо Пӯлодов ва хусураш Зубайд Неъматов-мудири фермаи №1-и хоҷагӣ  аз куҷо маншаъ  мегирифт. Кор ба дараҷае расид, ки Сафар Бегматов сарчӯпони фермаи №3 Мирзо Халифаевро аз кор пеш карда, ба кашари ӯ ва заминҳои мавзеъ соҳиб гардид. 

Ин як тарафи муаммо. Тарафи дигараш, он аст, ки қариб кулли   кашару қутанҳо ва заминҳои чарогоҳи хоҷагиро  тақсим намуданд. Акнун ҳоли хоҷагии зотпарвар чӣ мешуда бошад?

Роҳбари онвақтаи хоҷагӣ Абдулҳафиз Қурбонов ваъда дода буд, ки саршумори чорво-моли майдаро боз ҳам зиёд мекунад, дар ҳоле ки он вақт хоҷагӣ дорои 17 ҳазор сар моли майда буд. Акнун собиқ роҳбари хоҷагӣ Абдулҳафиз Қурбонов ва роҳбари имрӯзаи хоҷагӣ, собиқ сардухтур  Чилла Гадоев чӣ ҷавоб медода бошанд?  Бар замми ин, ҳоли зиёда аз 200 оила, ки аз ин 300 коргар мебошад, чӣ мешуда бошад? Ана, ин аст посухи мухтасари муаммои сарбаста. Инак, роҳи ҳалли онро интизорӣ мекашанд  чӯпонҳову дигар сокинони хоҷагӣ?     

 

Шарифхон ПОЧЧОЕВ,

сарчӯпони хоҷагии тиҷоратии «Тебалай»-и 

ноҳияи Муъминобод

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода