Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҒАЛАБАИ ПАХТАКОРОН


ҒАЛАБАИ ПАХТАКОРОН


Соли ҷорӣ хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар майдони 8074 гектар замин кишти пунбадона гузаронида, тавассути меҳнати аҳлонаашон ҳосили хуби пахта рӯёниданд. 

То рӯзи 16 ноябри соли равон беш аз 18 ҳазору 377 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои пахтақабулкунӣ супорида шуд, ки ин 100,2 фоизи  дурнаморо ташкил медиҳад. Деҳқонон ҳар як гектар   22,9 сентнерӣ ҳосил бардоштанд.

Дар ин комёбӣ саҳми хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти ба номи Калинин, «Дӯстӣ», «50-солагии Тоҷикистон», “Яккатут”, «Иттифоқ», ба номи Қадриддин Ғиёсов ва “Ифтихор” назаррас аст. 

Хоҷагиҳои деҳқонии  ҳудуди ин ҷамоатҳо аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна аз 25 то 35 сентнерӣ ҳосили «тиллои сафед» ба даст оварданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода