Муҷозоти вайронкунандагони қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 2 377
Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон барои пешгирӣ ва роҳ надодани ҳодисаҳои сӯхтор дар 2647 ташкилоту муассиса, бозору марказҳои савдо санҷишҳо гузаронидааст.
Дар рафти санҷишҳои гузаронидашуда барои бемасъулиятӣ зоҳир намудан нисбати вайронкунандагони қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор 857 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 219,8 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудаанд.
Барои дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доштан, таъмин накардани амрномаҳои мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор фаъолияти 67 иншоот, 285 бинои алоҳида муваққатан боз дошта шуда, 5505 нуқтаи насоси барқӣ аз ҷараёни барқ қатъ, 404 адад таҷҳизоти барқие, ки хавфи сар задани сӯхторро доштанд, безарар гардонида шудаанд.