Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ПАРЧАМИ МАН-ИФТИХОРИ МАН

Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният

ПАРЧАМИ МАН-ИФТИХОРИ МАН

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти  миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои давлат   ва рамзҳои  давлатдории гузаштаи тоҷикон, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву   ормонҳои мардуми шарафманди Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, сокинони мамлакат  дар раванди  дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятиву  сиёсии   мамлакат   ва дар партави  сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон рӯзи Парчами давлатиро ҳар сол  бо тантана ҷашн мегиранд. Парчами давлатӣ  аввалин  рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол  буда, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати истиқлолияти  давлатӣ соҳиби Парчами миллӣ  гардид ва аз 24 ноябри  соли 2009  инҷониб санаи қабули  Парчами давлатӣ –ҳамчун  ҷашни умумимилӣ таҷлил  мегардад, ки   ин  ифтихори   ҳамагон     аст. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Ҳар як фард бояд ифтихор   дошта бошад, ки  Парчами  давлатии   мо дар арсаи ҷаҳонӣ  баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи   ташкилоту созмонҳои  бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни  тоҷик ва узви   комилҳуқуқи  ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад». 

Парчами   давлатӣ   аз рангҳои сурх, сафед ва сабз иборат буда, тавсифи рангҳо  низ ҷолиб   аст, яъне  ранги сурх -  рамзи мубориза ва ҷоннисориҳо, равшанӣ, сурхрӯӣ, ранги сафед - рамзи сулҳу оромӣ, бахту иқболи сафед ва ранги сабз-рамзи сарсабзиву хуррамӣ мебошад.

Парчами давлатӣ рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед,умед ба фардои дурахшон буда, сазовори эҳтироми ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи  ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба ватанамон   то абад парафшон бошад.

Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат фармудаанд: «Парчами давлатӣ ҳар фарди  бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолияту  дастовардҳои он ва пеш аз ҳама саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини  аҷдодӣ ҳидоят   намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои  фарҳангиву   варзишӣ ва байнал-милалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад».

 

Б. Абдуллозода, 

мутахассиси Раёсати Суди вилояти Хатлон

Тегҳо

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Асалмо Сафарзода