Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ТИҚ... ТИҚ... ТИҚ...


ТИҚ... ТИҚ... ТИҚ...




Тиқ... тиқ... тиқ... Ба гӯш мерасид садои соати деворӣ. Вақт дар ҳаракат буд. Беисту якмаром. Ба назараш гузашти замон соати вайронаро мемонд.

Вақт  бар  хилофи  хостаҳои вай  ҳаракат  мекард.  Ҳар лаҳза  бо  душворӣ  чашмони  худро  ба  ҷониби  соати деворӣ  мегардониду  онро дар ҷойи ҳамешагиаш дида, ғаму  андуҳ  вуҷудашро  фаро  мегирифт. Мехост вақт мисли аспи бодпо битозаду ба пеш равад. Ягон кори муҳиме надошт. Ба ҳеҷ ҷо рафтан намехост. Касе барояш туҳфаи  қиматбаҳое  намеовард.  Аммо... 


Ӯ бемор буд. Роҳ гаштаву ҳарф задаву садои касеро шунида наметавонист. Бемории модарзодӣ, ки дар илоҷи муолиҷаи он ҷумла пизишкон оҷиз монда буданд. Ин ҳам дигар барояш аҳамияте надошт. Зеро... Ӯ гурусна буд. Гурусна!


Гуруснагӣ  азобаш  медод.  Бениҳоят. Рӯдаҳояш печу тоб мехӯрданд, шикамаш нағора  менавохт.  Ду  дард  ба  якборагӣ вуҷудашро фаро гирифта буд. Ҳолати ӯ мисли буттаи аз гармо сӯхтаистода ва дар офтоби сӯзон ба об зорбударо мемонд. 


Гуруснагӣ ба мағз-мағзи устухонҳояш таъсир расонида буд. Барф қасд кардагӣ барин аз боридан боз намеистод. Мехост ба берун, ба пайроҳа чашм дӯзад, аммо бориши барф ба ин имкон намедод. Гурусна буд, гурусна. Вале вақт парвои гуруснагии ӯро надошт. Соати деворӣ якмаром овоз мебаровард: тиқ... тиқ... тиқ...

Нон... Нон... Нон... Нон мехост писарак.

Барои як сония бошад ҳам, раҳо шу-дан аз дарди гуруснагӣ, чӣ лаззат дошт барояш.  Барояш  тафовуте  надошт:  нон сиёҳ  аст  ё  сафед,  мулоим  аст  ё  сахт, гарм аст ё сард. Муҳим он буд, ки нон бошад. Рӯйи бистар беқарорӣ мекашид. Аз ҷой  бархостан  мехост.  Чашмашро  гоҳо ба дас-тархони холии дар ҷевонбуда, ки субҳи гузашта охирон пораи нони дар он бударо модараш дар об тар карда, ба ӯ дода буд, медӯхту гоҳи дигар аз тирезаи  ошёнаи чорум ба берун нигоҳ мекард. Аз назди дукони нонфурӯшӣ аҳён–аҳён одамон дар ҳавои сарду барфолуд оҳиставу худро  печонида  барои  нон  меомаданд. 


Мехост бархеста ба ҷониби дастархон равон шавад. Шояд нонрезае аз он меёбаду
заррае ҳам бошад, бо фурӯ бурдани он гуруснагиашро  таскин  бахшад.  Аммо ҳаракат карда наметавонист. Боз чашмонаш  ба  соати  деворӣ  афтод.  Соат дар ҳаракат буд. Беисту бе танаффус.  Вале ӯ хобидааст рӯйи бистар. Солҳо боз хоб аст. Ба як ранг. Ҳамеша ба пушт. Ноҷунбону беҳаракат. Хомӯшу бесадо. Ҳатто бе шунидани садои атроф. 


Аз вақте ки ёд дорад, ҳамин гуна аст. Аслан роҳ рафтанашро дар хотир надорад. Роҳ рафтанаш чӣ, ҳатто кӯдакие ҳам надошт. Ҳукми қазо буд ва ё қадар, ӯ чунин ба дунё омада. Танҳо дар хотираш монда, ки ҳамеша модар барояш ғизо меоварду ӯро гурусна намегузошт. 


Борҳо хост барои ин амал аз модар ташаккур намояд. Аммо ҳарфе ба забон оварда  наметавонист.  Бар  замми  ин ҳама, борҳо талош карду талош кард, вале  коре  аз  дасташ  наомад.  Гумон дошт, шояд ин бор метавонад. Аммо... 


Аммо муҳаббат аст, охир бояд навъе онро баён мекард. Чӣ илоҷ, назди сарнавишт оҷизу нотавону заиф аст ӯ. Ҳар дафъа баъди кӯшиши зиёди бенатиҷа аз ду гӯшаи чашмонаш донаҳои ашки аз нотавонии баёни муҳаббаташ ба модар ба шоридан шуруъ мекард. Бо дидани ин ҳолат дарду ғам қалби модарро фишор медод. Аламаш меомад аз тақдире, ки насибаш гаштааст. Ӯро ба оғӯш гирифта,  ашк  мерехт.  Аз  ҷабри  замону аз тақдири бади худ зор–зор мегирист. Бо алам мегирист. Бо дард мегирист.


Бо сӯзу оҳ мегирист. Аз тақдири бад ва аз беинсофию ноадолатии шавҳаре, ки бо  тифли маъюб дар нимароҳ монда рафта буд, мегирист. Ваъдаҳои додаи ӯ пеш аз хонадор шудан ба ёдаш меомаду ашкаш дарё мешуд. Як замон ба худ меомад, худро маломат мекард... 


Чашмаш  ба  соат  меафтод.  Соат  дар ҳаракат буд. Садои он ба гӯш дардолуд мерасид. Тиқ... Тиқ... Тиқ... 


Шом оҳиста-оҳиста болои шаҳр доман паҳн мекард. Писарак чашм аз со-ати деворӣ намеканд. Барф аз боридан монда  буд.  Дуди  нонвойхонаи  рӯ  ба рӯйи  хона  ба  осмон  печида.  Одамон нон  харида,  ба  роҳашон  мерафтанд. 


Шикамаш аз гуруснагӣ ба сӯзиш омада, ҳолаш  вазнин  мешуд.  Ҷомаи  сабраш пораву аз ҳам мерехт. Аммо коре  аз дасташ  барнамеомад.  Ба  ин  ҳол  тоб меовард. Оҳиста-оҳиста неру баданашро тарк мекард. Вай бо душворӣ чашмони худро ҷониби соат гардонд. Чашмонаш дигар ба ӯ итоат намекарданд. Ақрабаки соат болои он рақамҳое қарор гирифта буд, ки ҳар шаб модар  чароғро хомӯш кардаву ба хоб мерафт. 


Аммо модар аз чӣ бошад, ду рӯз боз наомада буд. Дар кӯча ҳам касе ба чашм намерасид. Як кӯшиши дигар намуда,  бори  охирин  чашмонашро ҷониби тиреза гардонид. Дигар дар  кӯча  суроби  касе  наменамуд. Қалбаш,  ки  ҳамеша  орому  муназзам, шабеҳи садои соат кор мекард, баногаҳ номураттаб ба тапидан шуруъ кард. Ҳанӯз аз дудкаши нонвойхона дуди борик ба осмон мепечид. 


Чашмони писарак дар интизори роҳи  модар  оҳиста-оҳиста  пӯшида шуданд. Вай, ки ғунча шуда мехобид, аз қазо пойҳояш, ба оҳистагӣ рӯйи диван рост шуданд. Болопӯш аз канораҳои диван ба замин овезон шуд. Сурати фариштаеро ба худ гирифт. Орому бе садо, беҳаракат ба ҷониби рӯшании тиреза рӯяшро гардонида, лабҳояш мисоли гули зарди навшукуфта ба ханда ҳамоил буд. Аммо... Вақт ҳанӯз дар ҳаракат буд. 


Ду рӯз боз модар дар беморхона бе ҳушу ёд мехобид. Паси дари палата ронандае, ки ногаҳон ӯро пахш карда буд, рост меистод. Ошуфтаю парешон.  Ҳозир  буд  баҳри  зинда мондани зан ҷонашро фидо намояд. Аммо ба забон оварда наметавонист гӯяд, ки писари бемораш ду рӯз боз гурусна дар хона хобидааст. Агар ронанда ин суханашро мешунид, нон як тараф, беҳтарин таомро барои писари зан пайдо мекард. 

Вай занро баъди пахш кардан метавонист ба ҳолаш гузошта ғайб занад. Дар он бегоҳии сарду “туф куну ях кун” касе ӯро надида буд. Аммо виҷдонаш ба ин иҷозат надод. Дуо мекард, ки зан ҳарчи зудтар ба худ ояд.  Ҳар  замон  ба  соати  роҳрави беморхона назар мекард. Соат дар ҳаракат буд. Беисту якмаром. Тиқ...  Тиқ... Тиқ... Гӯё замину осмон дар ҳаракат буду дунё чарх мезаду чарх мезад. Аммо...

Аммо писарак дигар нафас намекашид. Дар ҳасрати нон, гурусна-ву ташна, абадан ин дунёро падруд гуфта буд. Ин лаҳза магасе болои ҷисми беҷони ӯ пайдо гардид. Беист ба сару рӯйи ӯ нишаста, ғунгос мезад. Садои ғунгоси ӯ дигар барои писарак аҳамияте надошт. Ӯ дигар будани  пашшаро  ҳам  эҳсос  намекард. Дар баробари ин ҳама соати деворӣ ҳанӯз ҳам ҳаракат дошт. Бехабар аз ҳоли писару модар. Ва аз зиндагии пуршебу фарози мардум. Тиқ... тиқ... тиқ... 

Раҳимҷони ВАТАН,
рӯзноманигор

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода