Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...

Чанде қабл дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои пешгирӣ аз бемории қанд дар баробари чораҳои анъанавӣ, ҳамчунин рӯ овардан ба ғизои солим ва тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла аз тариқи машғулшавӣ ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва сайру гашт дар боғҳои фарҳангӣ ва табиати биҳиштосои кишвар, басо муҳим аст...
Дар ҳақиқат, диабети қанд яке аз бемориҳои паҳнгардидаи ҷомеа мебошад. Тарзи нодурусти тановули ғизо, камҳаракатӣ ва фишорҳои равонӣ боиси дучор шудан ба ин беморӣ аст. Шумораи гирифторони ин беморӣ сол аз сол бештар мегардад. Мутаассифона, баъзеҳо танҳо баъди авҷ гирифтани беморӣ ба мутахассисон муроҷиат мекунанд. Дар ҳоле ки пешгирӣ ва назорати саривақтии диабет метавонад инсонро аз оқибатҳои вазнин эмин нигоҳ дорад. Бо вуҷуди хатарнок будан, ин бемориро метавон бо ташхиси саривақтӣ ва риояи тавсияҳои тиббӣ зери назорат нигоҳ дошт.
Доир ба нишона, сабаб ва роҳҳои пешгирии ин беморӣ бо сардухтури беморхонаи минтақавии ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати деҳоти “Сарвати истиқлол” Зувайдуллоев Шарифхон суҳбат оростем.
- Диабети қанд чист?
- Диабет бемориест, ки дар он миқдори қанд ё худ глюкоза дар хун баланд мешавад. Ин ҳолат вақте ба вуҷуд меояд, ки организм инсулинро кам истеҳсол мекунад ё онро дуруст истифода бурда наметавонад.
- Нишонаҳои асосии диабет кадомҳоянд?
- Ташнагии зиёд, пешоби зуд-зуд, хастагӣ, кам шуда-ни вазн, хирашавии чашм, дер шифо ёфтани ҷароҳатҳо ва карахтию хориши пойҳо аз нишонаҳои маъмули диабет мебошанд. Ҳангоми пайдо шудани чунин аломатҳо шахс бояд ҳатман аз ташхис гузарад.
- Сабабҳои пайдоиши диабет дар чист?
- Сабабҳои ин беморӣ гуногунанд. Ирсият, вазни зиёдатӣ, ғизои носолим, камҳаракатӣ, стресс ва баъзе бемориҳои ғадуди зери меъда метавонанд сабаби пайдоиши диабет гарданд.
- Фарқи диабети навъи 1 ва навъи 2 дар чист?
- Дар диабети навъи якум организм умуман инсулин истеҳсол намекунад ва он бештар дар кӯдакон ва ҷавонон дида мешавад. Дар навъи дуюм бошад, вақте рух медиҳад, ки организм инсулинро дуруст истифода намекунад. Ин навъ бештар миёни калонсолон паҳн шудааст.
- Оё бемории диабет табобатшаванда аст?
- Бемории диабети қанд пурра аз байн намеравад, аммо онро метавон зери назорат гирифт. Парҳези дуруст, истифодаи доруҳо, инсулин, машқу ҳаракат ва назорати мунтазами қанд барои зиндагии солим мусоидат мекунанд.
- Барои ин чӣ гуна ғизо тавсия дода мешавад?
- Барои нафароне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, сабзавот, гӯшти беравған, моҳӣ, лӯбиё, нони сиёҳ, ярма ва баъзе меваҳо, аз ҷумла себу нок муфиданд. Вале шириниҳо, нӯшокиҳои ширин, нони сафед, равғани зиёд ва хӯрокҳои тезтайёр бояд маҳдуд карда шаванд.
- Мегуфтед, ки истифодаи асал барои беморони диабет мумкин аст?
- Асал ҳам қанд дорад. Аз ҳамин хотир, онро танҳо бо маслиҳати духтур ва ба миқдори кам истифода бурдан мумкин аст.
- Меъёри муқаррарии қанд дар хун чанд аст?
- Дар меъдаи холӣ аз 3.9 то 5.5 mmol/L ва баъди хӯрок то 7.8 mmol/L меъёри муқаррарӣ ҳисобида мешавад.
- Баландшавии қанд чӣ хатар дорад?
- Он метавонад ба беҳолӣ, беҳушӣ, осеби гурдаву чашм, бемориҳои дил ва ҳатто захми пой оварда расонад.
- Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
-Кам кардани ширинӣ, ҳаракати ҷисмонӣ, нигоҳ доштани вазни муътадил, хоби кофӣ ва ташхиси даврӣ аз роҳҳои асосии пешгирии диабет мебошанд.
- Диабет ба дигар узвҳо таъсири худро мерасонад?
- Агар диабет назорат нашавад, метавонад гурдаҳоро осеб диҳад ва ҳатто сабаби норасоии гурда гардад.
- Оё шахси бемори диабет метавонад зиндагии муқаррарӣ дошта бошад?
- Агар бемор тавсияҳои духтурро риоя карда, қандро назорат намояд, метавонад солҳои зиёд зиндагии хубу фаъол дошта бошад.
P.S. Дар анҷоми суҳбат Шарифхон Зувайдуллоев таъкид кард, ки саломатӣ неъмати бебаҳост ва ҳар инсон бояд нисбат ба он бетараф набошад. Ба гуфтаи ӯ, пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст. Аз ҳамин хотир, тарзи ҳаёти солим, ғизои дуруст ва муоинаи саривақтӣ метавонад садди роҳи бисёр бемориҳо, аз ҷумла диабет гардад.
Рамазони МИРЗОМИДДИН,
«Хатлон»
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
