СЕ ШАҲРВАНД АЗ МУҲОСИРАИ ОБИ ДАРЁИ ВАХШ НАҶОТ ДОДА ШУДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 105
![]()
Шаби 13 июни соли 2026 наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон се шаҳрвандро аз хатари ғарқшавӣ дар дарёи Вахш наҷот доданд.
Тавре майор Бахтиёр Раҳмонзода, намояндаи Бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ дод, шаҳрвандон Қосимов Ф., соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ёрзоди А., соли таваллудаш 1991 ва Зиёев М., соли таваллудаш 1990, ҳарду сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳангоми истироҳат дар соҳили дарёи Вахш ба ҳолати хатарнок дучор шудаанд.
Тахминан соати 21:25 бар асари баланд шудани сатҳи оби дарё онҳо дар миёни об, болои сангҳо дар муҳосира монда, имкони ба соҳил баромаданро аз даст додаанд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...