Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти судӣ дар Хатлон


Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти судӣ дар Хатлон



Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавӣ ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. 

Дар ин чорабинӣ муовини раиси вилоят Ҷамшед Каримзода, раиси суди вилоят Нуриддин Расулзода, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Раҳмоналӣ, намояндагони мақомоти судӣ, роҳбарон, собиқадорони соҳа, инчунин меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.

Муовини раиси вилояти Хатлон ба сухан баромада, аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кормандони мақомоти судиро бо иди касбиашон табрик гуфт. Зикр дошт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули фаъолияти доманадори мақомоти судӣ дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон заминаи мусоид фароҳам сохт.  

Дар охир, ба як зумра кормандони пешқадами соҳа Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Суди вилояти Хатлон супорида шуд. Ҷамъомадро барномаи рангини консертии аҳли ҳунари вилояти Хатлон шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода